Қоидаҳои қабули донишҷӯён ба муассисаҳои таҳсилоти миёнаи касбии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои соли таҳсили 2018- 2019

02-04-2018
Бо қарори мушовараи 
Вазорати маориф ва илми 
Ҷумҳурии Тоҷикистон 
аз 28.02.2018, №03/09
тасдиқ карда шудааст
Қоидаҳои қабули донишҷӯён ба муассисаҳои таҳсилоти миёнаи касбии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои соли таҳсили 2018-2019 дар асоси моддаи 33 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи маориф» таҳия карда шудааст. 
1. Ба муассисаҳои таҳсилоти миёнаи касбии Ҷумҳурии Тоҷикистон хатмкардагони муассисаҳои таҳсилоти умумии асосӣ, миёнаи умумӣ ва ибтидоии касбии муқими Ҷумҳурии Тоҷикистон, шаҳрвандони давлатҳои хориҷӣ мувофиқи шартномаву созишномаҳои байнидавлатӣ ва шахсони бетабааи муқими Ҷумҳурии Тоҷикистон қабул карда мешаванд. 
2. Ба ихтисосҳои гурӯҳҳои буҷавии муассисаҳои таҳсилоти миёнаи касбӣ шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон қабул карда мешаванд.
Шаҳрвандони хориҷӣ, ки мақоми гурезагӣ доранд (мувофиқи ҳуҷҷати пешниҳодгардида) ба гурӯҳҳои буҷавии муассисаҳои таҳсилоти миёнаи касбии Ҷумҳурии Тоҷикистон низ қабул шуда метавонанд.
3. Ба гурӯҳҳои шартномавии муассисаҳои таҳсилоти миёнаи касбӣ шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон ва давлатҳои хориҷӣ, ки ҳуҷҷати баробарэътирофии таҳсилоти умумии асосӣ, миёнаи умумӣ, ибтидоии касбӣ доранд, қабул карда мешаванд.
4. Шахсоне, ки ҳуҷҷати намунаи давлатӣ дар бораи хатми мактаби таҳсилоти умумии асосӣ, миёнаи умумӣ, ибтидоии касбӣ надоранд (дар ҳуҷҷати намунаи давлатии муассисаи таҳсилоти ибтидоии касбӣ гирифтани таҳсилоти миёнаи умумӣ қайд нашуда бошад), ба муассисаҳои таҳсилоти миёнаи касбӣ қабул карда намешаванд.
5. Довталабон дар як вақт танҳо ба як муассисаи таҳсилоти миёнаи касбӣ ҳуқуқи ҳуҷҷат супориданро доранд.
6. Ба шакли таҳсили рӯзона, ғайр аз ихтисосҳои алоҳидаи муассисаҳои соҳаи фарҳанг, шахсони синнашон то 35-сола ва ба шуъбаи ғоибона ва шабона танҳо бо таҳсилоти миёнаи умумӣ бе маҳдудияти синну сол довталабон қабул карда мешаванд. Қабули довталабон ба муассисаи таҳсилоти миёнаи касбӣ дар шакли шуъбаи ғоибона ва шабона бо таҳсилоти умумии асосӣ қатъиян манъ аст.
7. Нақшаи қабули донишҷӯён ба муассисаҳои таҳсилоти миёнаи касбии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз ҳисоби буҷаи ҷумҳурӣ аз тарафи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон бо пешниҳоди Вазорати рушди иқтисод ва савдои Ҷумҳурии Тоҷикистон дар доираи замимаи иҷозатнома оид ба пешбурди фаъолияти таълимӣ дар мувофиқа бо Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон муқаррар карда мешавад.
8. Муассисаҳои таҳсилоти миёнаи касбӣ қабули донишҷӯёнро ба гурӯҳҳои шартномавӣ дар доираи замимаи иҷозатнома оид ба пешбурди фаъолияти таълимӣ, ки дар он теъдоди қабул муқаррар карда шудааст, амалӣ менамоянд.
9. Бо мақсади қабули ҳуҷҷатҳои довталабон, ташкил ва гузаронидани имтиҳони қабул дар муассисаи таҳсилоти миёнаи касбӣ комиссияи қабул таъсис дода мешавад. Раиси комиссияи қабули муассисаи таълимӣ директори он мебошад. Дар вақти набудани раис ваколатҳои ӯ ба зиммаи ҷонишини раис (ҷонишин оид ба таълим) гузошта мешавад. 
10. Директор аз ҳисоби омӯзгорони таҷрибадор, деканҳо, мудирони кафедра ва шуъбаҳо котиби масъули комиссияи қабулро баъд аз мувофиқа бо Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон таъйин менамояд. Котиби масъули комиссияи қабул, ҷонишин ва котибони техникӣ аз ду сол зиёд пайи ҳам таъйин карда намешаванд. Ҷойивазкунӣ байни котиби масъул, ҷонишин ва котибони техникӣ манъ аст. 
11.Вазифаи котиби масъули комиссияи қабул иборат аз:
- муҳайё намудани заминаҳои моддӣ-техникӣ ва неруи кадрӣ ҷиҳати ташкил ва гузаронидани имтиҳонҳои дохилшавӣ; 
- ташкил намудани гӯшаи комиссияи қабул; 
- ташкили тағрибу ташвиқ ва корҳои фаҳмондадиҳӣ оид ба қабули довталабон; 
- омода намудани ҳуҷҷатҳо барои қабули довталабон тибқи Тартиби ҳуҷҷатгузории қабули довталабон ба муассисаҳои таҳсилоти ибтидоӣ ва миёнаи касбӣ (қарори мушовараи Вазорати маорифи Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 28.11.2013, № 19/10);
- шинос  намудани котибони техникӣ бо қоидаҳои қабули донишҷӯён;
- омода ва ба раиси комиссияи қабул пешниҳод намудани рӯйхати омӯзгорони имтиҳонгиранда;
- ҷараёни суҳбатро бо номгӯи санҷишҳои дохилшавӣ аз рӯйи ихтисосҳо тартиб медиҳад;
- шинос намудани имтиҳонгирандагон бо тартиби гузаронидани имтиҳони қабул;
- назорат ва иштирок дар ҷараёни имтиҳони қабул;
- омода намудани рӯйхат ба комиссияи мандатӣ;
- ҷамъбасти имтиҳонҳои қабул, пешниҳод намудани ҳисоботи муфассали таҳлилӣ ба Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон.
12. Бо мақсади ташкил ва гузаронидани имтиҳони қабул бо фармоиши директори муассисаи таҳсилоти миёнаи касбӣ комиссияи фаннии имтиҳонӣ таъсис дода мешавад. Ҳайати комиссияи фаннӣ ду сол пайиҳам таъин шуда наметавонад. Ба ҳайати комиссияи фаннӣ омӯзгорони муассисаи таълимӣ ва омӯзгорон аз дигар муассисаҳои таълимӣ шомил шуда метавонанд.
13. То 1-уми июн дар лавҳаи таблиғотии комиссияи қабули муассисаи таҳсилоти миёнаи касбӣ ҳуҷҷатҳои зерин омода карда шаванд:
- нусхаи иҷозатнома оид ба пешбурди фаъолияти таълимӣ;
- нусхаи шаҳодатномаи аккредитатсияи давлатӣ;
- қоидаҳои қабул ба муассисаи таҳсилоти миёнаи касбӣ;
- нусхаи нақшаи қабул;
- номгӯи фанҳои имтиҳони қабул аз рӯи равия ва ихтисос;
- ҳуҷҷати тасдиқшудаи пардохти маблағи таҳсил барои гурӯҳҳои шартномавӣ;
- намунаи ҳуҷҷатҳои зарурӣ барои қабули довталабон (бланкаҳои ариза, забонхат, қарордод, китоби қайди довталабон ва дигар ҳуҷҷатҳо);
14. Бо довталабоне, ки ба муассисаҳои таҳсилоти миёнаи касбии давлатӣ мувофиқи фармоиши давлатӣ ба гурӯҳҳои таҳсилашон ройгон дохил мешаванд, қарордоди дутарафа байни довталаб ва муассисаи таълимӣ дар бораи баъди хатм ба муҳлати се сол аз рӯйи ихтисос дар асоси роҳхат фаъолият кардан баста мешавад.
15. Ҳуҷҷатҳои довталабон ба шуъбаҳои таҳсили рӯзона ва ғоибона аз 01 июл то 10 август бевосита дар муассисаи таҳсилоти миёнаи касбӣ қабул карда мешаванд. 
Тамдиди муҳлати қабули ҳуҷҷатҳои довталабон дар муассисаҳои таҳсилоти миёнаи касбӣ танҳо бо розигии Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон ба роҳ монда мешавад.
16. Котиби масъул оид ба рафти ҳуҷҷатсупорӣ дар муассисаи таълимӣ мунтазам (ҷамъбасти ҳафта) ба Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон маълумот пешниҳод менамояд.
17. Қабули ҳуҷҷатҳои довталабон дар муассисаҳои таҳсилоти миёнаи касбӣ баъд аз оғози имтиҳони қабул қатъиян манъ аст.
18. Барои ихтисосҳои соҳаи санъату фарҳанг, варзиш ва меъморӣ дар баробари имтиҳони асосии дохилшавӣ аз рӯи ихтисоси интихобнамуда озмуни иловагии маҳорат муқаррар карда мешавад. Озмуни маҳорат аз 01 август то 10 август гузаронида мешавад.
19. Дар муассисаҳои таҳсилоти миёнаи касбӣ гузаронидани комиссияи мандатӣ ва интишори фармоиш дар бораи қабули довталабон то оғози соли таҳсил бояд ба охир расонида шавад.
20. Довталабоне,  ки таҳсилоти  миёнаи асосӣ, миёнаи умумӣ ва ибтидоии касбиро дар хориҷа гирифтаанд, баъд аз эътирофи баробарарзишии ҳуҷҷат дар бораи таҳсилот (шаҳодатнома), метавонанд ба комиссияи қабули муассисаи таҳсилоти миёнаи касбӣ ҳуҷҷат пешниҳод намоянд.
21. Муассисаи таҳсилоти миёнаи касбӣ танҳо бо доштани иҷозатнома оид ба пешбурди фаъолияти таълимӣ метавонад қабули донишҷӯёнро аз рӯи ихтисосҳои дар он дарҷшуда эълон намояд.
22. Комиссияи қабул вазифадор аст, ки довталаб ва ё падару модари ӯро бо иҷозатнома (литсензия) оид ба пешбурди фаъолияти таълимӣ ва шаҳодатнома дар бораи аккредитатсияи давлатӣ аз рӯи равия ва ихтисосҳо, ки ба гирифтани ҳуҷҷати намунаи давлатӣ дар бораи таҳсилоти миёнаи касбӣ ҳуқуқ медиҳад, шинос намояд.
23. Бо мақсади таъмини талаботи иҷтимоӣ-иқтисодии минтақаҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон муассисаҳои таҳсилоти миёнаи касбӣ ҳуқуқ доранд, ки дар асоси шартномаи тарафайн ва қарордод бо корхонаҳо, ташкилот, муассисаҳо, мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ, воҳидҳои сохтории дахлдори онҳо ва шахсони воқеию ҳуқуқӣ мутахассис тайёр намоянд.
24. Муассисаи таълимии давлатӣ ҳуқуқ дорад дар доираи муқаррар намудаи иҷозатнома ва аз ҳисоби маблағи ҷудокардаи буҷет илова ба иҷрои супоришоти давлатӣ оид ба қабул аз рӯи шартномаҳои дахлдор, дар сурати аз тарафи шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ пардохтани маблағи таҳсили муқарраршуда, мутахассисонро тайёр намояд.
25. Ҳаҷми маблағи таҳсил барои таълими шартномавӣ дар асоси қарори Шӯрои омӯзгорӣ (олимон) муайян гардида, бо Хадамоти зиддиинҳисории назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон мувофиқа карда шуда, аз тарафи Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон тасдиқ карда мешавад ва дар Қоидаҳои қабули муассисаҳои таҳсилоти миёнаи касбӣ дарҷ мегардад. Довталабони гурӯҳҳои шартномавӣ баъди супоридани имтиҳонҳо, фақат дар сурати пардохт намудани маблағи таҳсил тибқи талаботи қарордод ба муассисаи таълимӣ қабул карда мешаванд. 
26. Имтиҳонҳои қабул дар асоси барномаҳои таълимии муассисаҳои таҳсилоти умумии асосӣ ва таҳсилоти миёнаи умумӣ гузаронида мешаванд. Муассисаи таҳсилоти миёнаи касбӣ метавонад имтиҳони дохилшавиро ба тариқи тестӣ ё анъанавӣ дар мувофиқа бо Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон муқаррар намояд. Дар муассисаҳои таҳсилоти миёнаи касбие, ки довталабон ба тариқи тестӣ ё анъанавӣ имтиҳон месупоранд, аз забони модарӣ (ба таври иловагӣ) диктант ва довталабони ихтисосҳои омӯзгорӣ нақли хаттӣ менависанд. Имтиҳони қабул дар муассисаҳои таҳсилоти миёнаи касбӣ барои ҳар ихтисос аз рӯи забони таҳсил гузаронида мешавад. 
27. Довталабоне, ки муассисаҳои таълимиро бо забони русӣ, ӯзбекӣ ва бо забони дигар аққалиятҳои миллӣ хатм менамоянд ва ба гурӯҳҳои русии муассисаҳои таҳсилоти миёнаи касбӣ ҳуҷҷат месупоранд, аз забони давлатӣ диктант менависанд. 
28. Дар муассисаҳои таҳсилоти миёнаи касбӣ аввал имтиҳони хаттӣ (диктант ё нақли хаттӣ) ва баъд имтиҳони тестӣ ё анъанавӣ гузаронида мешавад. 
29. Маводи имтиҳони қабул (матни корҳои хаттӣ, вариантҳо, масъалаҳо ва мисолҳо) ҳар сол дар асоси барномаи таълимии таҳсилоти умумии асосӣ ва миёнаи умумӣ тартиб дода мешавад.
Истифодаи матнҳои диктант ва нақли хаттӣ, билетҳои имтиҳони қабули солҳои гузашта иҷозат дода намешавад.
Матни диктант, нақли хаттӣ, саволҳои билет, масъала ва мисолҳо дар иттиҳодияи методии фаннӣ (сиклӣ) баррасӣ гашта, як моҳ пеш аз саршавии имтиҳони қабул аз тарафи директори муассисаи таълимӣ тасдиқ карда мешавад.
30.Маводи имтиҳони қабул дар лифофаҳо ҷой дода шуда, муҳри муассисаи таълимӣ гузошта мешавад. То саршавии имтиҳони қабул мавод дар ҷевони оҳанини раиси комиссияи қабули муассисаи таълимӣ нигоҳ дошта мешавад.
31. Маводи имтиҳони қабул (матни корҳои хаттӣ, вариантҳо, масъала ва мисолҳо) дар ҳузури омӯзгорони имтиҳонгиранда ва довталабон дар рӯзи баргузории имтиҳони қабул кушода мешаванд.
32. Барои супоридани имтиҳони қабул (хаттӣ, шифоҳӣ) комиссияи қабул довталабонро ба гурӯҳҳо аз 25 то 30 нафарӣ тақсим менамояд. 
Имтиҳони шифоҳиро аз довталабон на кам аз се омӯзгори имтиҳонгиранда аз рӯи билетҳои тасдиқгардида қабул менамоянд. 
33. Ба довталабоне, ки ба имтиҳони қабул роҳ дода шудаанд, варақаи имтиҳонӣ, ки шакли онро Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон тасдиқ намудааст, дода мешавад.
34. Кори хаттӣ дар шакли сиёҳнавис ва дар шакли тозанавис танҳо дар варақаҳое, ки муҳри муассисаи таълимӣ гузошта шудааст, иҷро карда мешавад.
35. Имтиҳонҳои хаттӣ бо рамз бе нишон додани ному насаби довталаб гузаронида мешаванд.
36. Котиби масъул якҷоя бо аъзои комиссияи қабул дар корҳои хаттӣ аз нигоҳи худ, дар муқоваи варақ ва дар кори хаттӣ рамзи шартӣ мегузоранд.
Кори хаттӣ бо рамзи шартӣ ба омӯзгори имтиҳонгиранда барои санҷиш дода мешавад. 
37. Дар имтиҳони қабул бояд вазъияти ором бошад, ба довталаб имконият дода шавад, ки сатҳи донишу малака ва маҳорати худро пурра нишон диҳад. 
38. Ба довталабон даровардани китобҳои дарсӣ, телефони мобилӣ ва таҷҳизоти электронӣ ба имтиҳони қабул қатъиян манъ карда мешавад.  
39. Саволномаи тестӣ аз 3 қисм (блок) иборат буда, яке аз қисмҳоро фанни асосҳои давлат ва ҳуқуқ, ду қисми боқимондаро фанҳои равиявӣ ташкил медиҳанд. Ҳар як қисми (блок) саволномаи тестӣ на камтар аз 25 саволро ташкил дода, вақти иҷроиши имтиҳони мазкур 4 соати астраномиро дар бар мегирад. Инчунин, дар билетҳои имтиҳонҳои анъанавӣ набояд аз 5 савол камтар бошад.
40. Барои шахсоне, ки муассисаи таҳсилоти умумии асосиро хатм намудаанд, бояд ҳаҷми матни диктант 170-200 калима ва ҳаҷми матни нақли хаттӣ 250-300 калимаро ташкил диҳад.
41. Барои шахсоне, ки муассисаи таҳсилоти миёнаи умумиро хатм намудаанд, бояд ҳаҷми матни диктант 220-235 калима ва ҳаҷми матни нақли хаттӣ 400-450 калимаро ташкил диҳад.
42. Барои шахсоне, ки муассисаи таҳсилоти миёнаи умумиро бо забони модариашон (аққалиятҳои миллӣ) хатм намудаанд ва ба гурӯҳҳои таълимашон ғайри забони модарӣ дохил мешаванд, ҳаҷми матни диктант 120-150 калимаро ташкил медиҳад.
43. Имтиҳони хаттӣ (диктант, нақли хаттӣ) ба таври зайл холгузорӣ карда мешавад: Баҳои «5» -30 хол, «4»-20 хол, «3»-10 хол, «2»-0 хол. Холҳо барои имтиҳони тестӣ ба ҳар як саволи дуруст аз рӯи қисмҳо: 1 хол барои қисми фанни асосҳои давлат ва ҳуқуқ, қисми дуюм (умуми тахассусӣ) 2 хол ва қисми сеюм (тахассусӣ) 3 хол муқаррар карда мешавад.
44. Довталабоне, ки аз имтиҳони тестӣ дар яке аз қисмҳо хол намегиранд, баҳои ғайриқаноатбахш ҳисобида шуда, ба онҳо барои супоридани имтиҳони минбаъда иҷозат дода намешавад. 
45. Натиҷаи корҳои хаттӣ дар муддати 48 соат баъд аз супоридани имтиҳон ва натиҷаи санҷиши тестӣ на дертар аз 24 соат эълон карда мешавад. 
Довталабоне, ки ба имтиҳони дохилшавӣ ҳозир нашудаанд, баҳои онҳо ғайриқаноатбахш ҳисобида шуда, барои иштирок дар имтиҳони навбатӣ ҳуқуқ надоранд. 
Ҳамаи масъалаҳои баҳсталабро вобаста ба қабули довталабон дар муассисаҳои таҳсилоти миёнаи касбӣ комиссияи қабул баррасӣ менамояд. 
46. Дар давраи гузаронидани имтиҳони қабул бо фармоиши раиси комиссия комиссияи апеллятсионӣ ва раиси он таъйин карда мешавад. 
47. Ба ҳайати комиссияи апеллятсионӣ ба сифати экспертҳои тахассусии бетараф устодони собиқадори муассисаҳои таҳсилоти миёнаи касбӣ ҷалб карда мешаванд.
48. Аризаҳои шикоятии довталабон нисбат ба баҳо ё холҳои гузоштаи комиссияи имтиҳони қабул баъд аз эълони натиҷаи имтиҳони қабул дар комиссияи апеллятсионии муассисаҳои таҳсилоти миёнаи касбӣ баррасӣ мегарданд. 
49. Баррасии апеллятсия аз нав супоридани имтиҳон набуда, дар рафти баррасӣ танҳо дурустии баҳои имтиҳон санҷида мешавад.
Довталаб ҳуқуқ дорад, ки дар вақти баррасии апеллятсия иштирок намояд. Довталабе, ки барои аз нав дида баромадани баҳои имтиҳон талош дорад, бо худ бояд ҳуҷҷати тасдиқкунандаи шахсият (шиноснома) ва варақаи имтиҳонӣ дошта бошад. 
50. Баъди баррасии апеллятсия дар сурати тағйир ёфтани баҳои имтиҳон (ҳам дар сурати паст ва ҳам дар сурати баланд кардани баҳо) аз ҷониби комиссияи апеллятсионӣ протокол тартиб дода шуда, қарор қабул карда мешавад.  
51. Дар мавриди ба миён омадани зарурати тағйир додани баҳо бо қарори комиссияи апеллятсионӣ дар варақаи имтиҳонӣ тағйирот ворид карда мешавад.  Дар мавриди ба вуҷуд  омадани ихтилоф дар комиссияи апеллятсионӣ оид ба баҳои гузошташуда баҳо бо овоздиҳӣ ва тарафдории аксарияти овозҳо тасдиқ карда мешавад.
52. Дар ҳолати қонеъ нагардидан аз ҷавоби комиссияи апеллятсионии муассисаи таҳсилоти миёнаи касбӣ довталаб ҳуқуқ дорад дар муҳлати 3 рӯзи баъди эълон шудани баҳо ба Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон муроҷиат намояд. 
53. Маълумот вобаста ба шартҳои қабул, қарорҳои комиссияи қабул бояд сари вақт ба иттилои довталабон расонида шавад.
54. Тартиби қабули довталабони аз имтиҳони дохилшавӣ гузаштаро комиссияи қабули муассисаи таҳсилоти миёнаи касбӣ дар асоси озмун (конкурс)-и умумӣ аз рӯи миқдори холҳои (баллҳои) дар имтиҳони дохилшавӣ бадастовардаи довталаб бо риояи қатъии қоидаҳои қабул муқаррар менамояд.
55. Баргардонидани ҳуҷҷатҳои довталабоне, ки ба муассисаи таълимӣ қабул нашудаанд, дар асоси пешниҳод намудани забонхат оид ба қабули ҳуҷҷатҳо ва шиноснома амалӣ карда мешавад. Дар ҳолати гум кардани ин забонхат, баргардонидани ҳуҷҷатҳо дар асоси аризаи шаҳрванд ба номи раиси комиссия амалӣ карда мешавад. Ҳангоми баргардонидани ҳуҷҷатҳо танҳо шаҳодатнома дар бораи таҳсилот баргардонида шуда, дигар ҳуҷҷат ва санадҳои имтиҳонию санҷишӣ дар парвандаи шахсии довталаб дар муассисаи таълимӣ нигоҳ дошта мешаванд.
56. Довталабони зерин бе супоридани имтиҳон ба ҷойҳои буҷавии пешбинишуда ба муассисаҳои таҳсилоти миёнаи касбии Ҷумҳурии Тоҷикистон қабул карда мешаванд:
-довталабоне, ки мактаби таҳсилоти миёнаи умумиро бо медали тилло хатм намудаанд;
57. Довталабони зерин бе супоридани имтиҳон тариқи суҳбат ба ҷойҳои буҷавии пешбинишуда ба муассисаҳои таҳсилоти миёнаи касбии Ҷумҳурии Тоҷикистон қабул карда мешаванд:
-довталабоне, ки муассисаҳои таълимии таҳсилоти умумии асосиро бо шаҳодатномаи аъло хатм кардаанд; 
-довталабоне, ки литсейҳои касбӣ-техникиро бо дипломи аъло хатм кардаанд;
-ҷоизадорони озмунҳои ҷумҳуриявӣ ва байналмилалӣ аз рӯи фанҳои таълимии муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумӣ, ки тавсияномаи Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистонро доранд;
-ҷоизадорони озмунҳои байналмилалӣ ва ҷумҳуриявии мусиқӣ бо ихтисосҳои дахлдор тибқи пешниҳоди ҳуҷҷатҳои зарурӣ, ки тавсияномаи Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистонро доранд;
-ҷоизадорони мусобиқоти варзишии ҷумҳуриявӣ ва байналмилалӣ аз рӯи ихтисосҳои дахлдор, ки тавсияномаи Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистонро доранд;
-омӯзгороне, ки дар муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумӣ (на кам аз 5 сол собиқаи коридошта аз рӯи ҳамон ихтисос) бе таҳсилоти касбӣ фаъолият менамоянд. 
58. Комиссияи қабул саволномаи суҳбатро аз рӯи ихтисосҳо омода намуда, оид ба рафти суҳбат протокол тартиб медиҳад, ки дар он саволҳои ба довталаб додашуда, ҷавобҳои довталаб ва натиҷаи суҳбат сабт мегардад.
59. Ҳангоми гирифтани баҳои мусбат дар имтиҳони қабул довталабони зерин берун аз озмун (конкурс) қабул мешаванд:
-хизматчиёни ҳарбии аз хизмат ҷавобшуда;
-маъюбони гурӯҳҳои 1 ва 2 тибқи Қоидаҳои қабули маъюбон ба муассисаҳои таҳсилоти ибтидоии касбӣ, миёнаи касбӣ ва олии касбии Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки бо қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон қабул шудааст; 
-ятимон тибқи пешниҳоди ҳуҷҷатҳои зарурӣ.
Ҳуҷҷатҳои дахлдор (дар бораи маъюбӣ ва ятимӣ) то имтиҳони қабул ба комиссияи қабул пешниҳод карда мешаванд.
60. Қабули фарзандони иштирокчиёни бартарафкунии оқибатҳои фоҷеаи Чернобил тибқи Қоидаҳои қабул ба муассисаҳои таҳсилоти миёна ва олии касбии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои фарзандони шаҳрвандоне, ки бар асари фалокати неругоҳи барқи атомии Чернобил зарар дидаанд (қарори мушовараи Вазорати маорифи Ҷумҳурии Тоҷикистон аз якуми феврали соли 2010, №2/18), ба роҳ монда мешавад.
61. Муассисаи таҳсилоти миёнаи касбӣ бо довталабоне, ки дар гурӯҳҳои буҷавӣ ба сафи донишҷӯён қабул шудаанд,  дар асоси банди 15 Низомнома «Дар бораи бо маром тайёр кардани мутахассисони  маълумоти олӣ ва миёнаи касбӣ бо роҳи шартномавӣ» (қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 4 апрели соли 1996, №137) созишномаи сеҷониба ба имзо мерасонанд. Дар созишномаи ихтисосхои омӯзгорӣ имзои волидайн (шахсоне, ки онҳоро иваз мекунанд) ҳатмӣ мебошад. Тибқи ин созишнома донишҷӯ баъди хатми муассисаи таҳсилоти миёнаи касбӣ бо роҳхат ба кор фиристода мешавад. Дар мавриди иҷро нагардидани бандҳои ин созишнома маблағи таҳсил аз тарафи хатмкарда (мутахассиси ҷавон) ба буҷаи давлат баргардонида мешавад. 
62. Ба муассисаҳои таҳсилоти миёнаи касбӣ қабули шахсоне, ки хоҳиши гирифтани маълумоти дуюми касбӣ доранд, тибқи Қоидаҳои қабули донишҷӯён барои гирифтани таҳсилоти дуюми миёнаи касбӣ дар муассисаи таҳсилоти миёнаи касбии Ҷумҳурии Тоҷикистон иҷозат дода мешавад.
63. Назорат аз болои фаъолияти комиссия ва имтиҳони қабули муассисаҳои таҳсилоти миёнаи касбӣ, новобаста аз шакли ташкилию ҳуқуқӣ ва моликият, аз тарафи мақоми ваколатдори давлатӣ дар соҳаи маориф ва илм ба амал бароварда мешавад.
64. Довталабоне, ки ба муассисаҳои таҳсилоти миёнаи касбӣ қабул шудаанд ва дар давоми 20 рӯз бесабаб ба таҳсил шурӯъ накардаанд, аз муассисаи таълимӣ хориҷ карда мешаванд.  
65. Муассисаҳои таҳсилоти миёнаи касбии Ҷумҳурии Тоҷикистон то 20 сентябри соли таҳсил аз натиҷаи қабул ба Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон маълумотномаи хаттӣ пешниҳод менамоянд.
66. Қоидаҳои қабул дар заминаи қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи «Низомномаи намунавӣ оид ба муассисаи таълимии таҳсилоти миёнаи касбии Ҷумҳурии Тоҷикистон» аз 27.02. соли 2009, №126 таҳия карда шуда, таъмин, риоя ва иҷрои он барои муассисаҳои таҳсилоти миёнаи касбии Ҷумҳурии Тоҷикистон новобаста аз шакли ташкилию ҳуқуқӣ ва моликият ҳатмӣ мебошад.
Замимаи 1
Номгӯи  ҳуҷҷатҳое, ки довталабон ба комиссияи қабул месупоранд
1. Ариза ба номи директор.
2. Ҳуҷҷат дар бораи таҳсилоти умумии асосӣ, таҳсилоти миёнаи умумӣ ва таҳсилоти ибтидоии касбӣ (намунаи  асл). 
3. Маълумотномаи тиббӣ (шакли №086-у).
4. 6 адад расм (андозаи 3х4см) .
5. Шиноснома (шаҳодатномаи таваллуд).   
6. Маълумотнома аз ҷои истиқомат.
7. Билети ҳарбӣ (шаҳодатномаи ҳарбии даъватшаванда).
8. Ҳангоми будани собиқаи корӣ нусхаи дафтарчаи меҳнатӣ.
9. Нусхаи қарордод байни довталаб ва муассисаи таълимӣ (фақат барои шахсоне, ки аз ҳисоби буҷаи давлат таҳсил мекунанд). Нусхаи қарордодро муассисаи таълимӣ омода менамояд ва дар вақти супоридани ҳуҷҷат аз тарафи довталаб ба расмият дароварда мешавад.
10. Нусхаи қарордод байни довталаб ва муассисаи таълимӣ дар бораи таҳсил дар гурӯҳҳои шартномавӣ. Нусхаи қарордод аз тарафи муассисаи таълимӣ омода карда мешавад.