Қоидаҳои қабули донишҷӯён ба муассисаҳои таҳсилоти миёнаи касбии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои соли таҳсили 2019-2020

25-04-2019
 Бо қарори мушовараи Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон аз  27.02.2019, № 4/34 тасдиқ шудааст.
Қоидаҳои қабули донишҷӯён ба муассисаҳои таҳсилоти миёнаи касбии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои соли таҳсили 2019-2020 дар асоси моддаи 33 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи маориф» таҳия карда шудааст. 
Қоидаҳои мазкур барои муассисаҳои таҳсилоти миёнаи касбие, ки қабули довталабонро бидуни Маркази миллии тестии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон амалӣ менамоянд, тавсия дода мешавад.
1. Ба муассисаҳои таҳсилоти миёнаи касбии Ҷумҳурии Тоҷикистон хатмкардагони муассисаҳои таҳсилоти умумии асосӣ, миёнаи умумӣ ва ибтидоии касбии муқими Ҷумҳурии Тоҷикистон, шаҳрвандони давлатҳои хориҷӣ мувофиқи шартномаву созишномаҳои байнидавлатӣ ва шахсони бетабааи муқими Ҷумҳурии Тоҷикистон қабул карда мешаванд. 
2. Ба ихтисосҳои гурӯҳҳои буҷавии муассисаҳои таҳсилоти миёнаи касбӣ шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон қабул карда мешаванд.
3. Ба гурӯҳҳои шартномавии муассисаҳои таҳсилоти миёнаи касбӣ шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон ва давлатҳои хориҷӣ, ки ҳуҷҷати баробарэътирофии таҳсилоти умумии асосӣ, миёнаи умумӣ, ибтидоии касбӣ доранд, қабул карда мешаванд.
4. Шахсоне, ки ҳуҷҷати намунаи давлатӣ дар бораи хатми мактаби таҳсилоти умумии асосӣ, миёнаи умумӣ, ибтидоии касбӣ надоранд (дар ҳуҷҷати намунаи давлатии муассисаи таҳсилоти ибтидоии касбӣ гирифтани таҳсилоти миёнаи умумӣ қайд нашуда бошад), ба муассисаҳои таҳсилоти миёнаи касбӣ қабул карда намешаванд.
5. Довталабон дар як вақт танҳо ба як муассисаи таҳсилоти миёнаи касбӣ ҳуқуқи ҳуҷҷат супориданро доранд.
6. Ба шакли таҳсили рӯзона, ғайр аз ихтисосҳои алоҳидаи муассисаҳои соҳаи фарҳанг, шахсони синнашон то 30-сола ва ба шуъбаи ғоибона ва шабона танҳо бо таҳсилоти миёнаи умумӣ бе маҳдудияти синну сол довталабон қабул карда мешаванд. Қабули довталабон ба муассисаи таҳсилоти миёнаи касбӣ дар шакли шуъбаи ғоибона ва шабона бо таҳсилоти умумии асосӣ қатъиян манъ аст.
7. Нақшаи қабули донишҷӯён ба муассисаҳои таҳсилоти миёнаи касбии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз ҳисоби буҷаи ҷумҳурӣ аз тарафи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон бо пешниҳоди Вазорати рушди иқтисод ва савдои Ҷумҳурии Тоҷикистон дар доираи замимаи иҷозатнома оид ба пешбурди фаъолияти таълимӣ дар мувофиқа бо Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон муқаррар карда мешавад.
8. Муассисаҳои таҳсилоти миёнаи касбӣ қабули донишҷӯёнро ба гурӯҳҳои шартномавӣ дар доираи замимаи иҷозатнома оид ба пешбурди фаъолияти таълимӣ, ки дар он теъдоди қабул муқаррар карда шудааст, амалӣ менамоянд.
9. Бо мақсади қабули ҳуҷҷатҳои довталабон, ташкил ва гузаронидани имтиҳони қабул дар муассисаи таҳсилоти миёнаи касбӣ комиссияи қабул таъсис дода мешавад. Раиси комиссияи қабули муассисаи таълимӣ директори он мебошад. Дар вақти набудани раис ваколатҳои ӯ ба зиммаи ҷонишини раис (ҷонишин оид ба таълим) гузошта мешавад. 
10. Директор аз ҳисоби омӯзгорони таҷрибадор, деканҳо, мудирони кафедра ва шуъбаҳо котиби масъули комиссияи қабулро баъд аз мувофиқа бо Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон таъйин менамояд. Котиби масъули комиссияи қабул, ҷонишин ва котибони техникӣ аз ду сол зиёд пайи ҳам таъйин карда намешаванд. Ҷойивазкунӣ байни котиби масъул, ҷонишин ва котибони техникӣ манъ аст. 
11. Вазифаи котиби масъули комиссияи қабул иборат аст аз:
- муҳайё намудани заминаҳои моддӣ-техникӣ ва нерӯи кадрӣ ҷиҳати ташкил ва гузаронидани имтиҳонҳои дохилшавӣ; 
- ташкил намудани гӯшаи комиссияи қабул; 
- ташкили тарғибу ташвиқ ва корҳои фаҳмондадиҳӣ оид ба қабули довталабон; 
- омода намудани ҳуҷҷатҳо барои қабули довталабон тибқи Тартиби ҳуҷҷатгузории қабули довталабон ба муассисаҳои таҳсилоти ибтидоӣ ва миёнаи касбӣ (қарори мушовараи Вазорати маорифи Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 28.11.2013, № 19/10);
- шинос намудани котибони техникӣ бо қоидаҳои қабули донишҷӯён;
- омода ва ба раиси комиссияи қабул пешниҳод намудани рӯйхати омӯзгорони имтиҳонгиранда;
- ҷараёни суҳбатро бо номгӯи санҷишҳои дохилшавӣ аз рӯйи ихтисосҳо тартиб медиҳад;
- шинос намудани имтиҳон-гирандагон бо тартиби гузаронидани имтиҳони қабул;
- назорат ва иштирок дар ҷараёни имтиҳони қабул;
- омода намудани рӯйхат ба комиссияи мандатӣ;
- ҷамъбасти имтиҳонҳои қабул, пешниҳод намудани ҳисоботи муфассали таҳлилӣ ба Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон.
12. Бо мақсади ташкил ва гузаронидани имтиҳони қабул бо фармоиши директори муассисаи таҳсилоти миёнаи касбӣ комиссияи фаннии имтиҳонӣ таъсис дода мешавад. Ҳайати комиссияи фаннӣ ду сол пайи ҳам таъйин шуда наметавонад. Ба ҳайати комиссияи фаннӣ омӯзгорони муассисаи таълимӣ ва омӯзгорон аз дигар муассисаҳои таълимӣ шомил шуда метавонанд.
13. То 1-уми июн дар лавҳаи таблиғотии комиссияи қабули муассисаи таҳсилоти миёнаи касбӣ ҳуҷҷатҳои зерин омода карда шаванд:
- нусхаи иҷозатнома оид ба пешбурди фаъолияти таълимӣ;
- нусхаи шаҳодатномаи аккре-дитатсияи давлатӣ;
- қоидаҳои қабул ба муассисаи таҳсилоти миёнаи касбӣ;
- нусхаи нақшаи қабул;
- номгӯи фанҳои имтиҳони қабул аз рӯи равия ва ихтисос;
- ҳуҷҷати тасдиқшудаи пардохти маблағи таҳсил барои гурӯҳҳои шартномавӣ;
- намунаи ҳуҷҷатҳои зарурӣ барои қабули довталабон (бланкаҳои ариза, забонхат, қарордод, китоби қайди довталабон ва дигар ҳуҷҷатҳо) ҷой дода шавад;
14. Бо довталабоне, ки ба муассисаҳои таҳсилоти миёнаи касбии давлатӣ мувофиқи фармоиши давлатӣ ба гурӯҳҳои таҳсилашон ройгон дохил мешаванд, қарордоди дутарафа байни довталаб ва муассисаи таълимӣ дар бораи баъди хатм ба муҳлати се сол аз рӯйи ихтисос дар асоси роҳхат фаъолият кардан, баста мешавад.
15. Ҳуҷҷатҳои довталабон ба шуъбаҳои таҳсили рӯзона ва ғоибона аз 01 июл то 10 август бевосита дар муассисаи таҳсилоти миёнаи касбӣ қабул карда мешаванд. 
Тамдиди муҳлати қабули ҳуҷҷатҳои довталабон дар муассисаҳои таҳсилоти миёнаи касбӣ танҳо бо розигии Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон ба роҳ монда мешавад.
16. Котиби масъул оид ба рафти ҳуҷҷатсупорӣ дар муассисаи таълимӣ мунтазам (ҷамъбасти ҳафта) ба Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон маълумот пешниҳод менамояд.
17. Қабули ҳуҷҷатҳои довталабон дар муассисаҳои таҳсилоти миёнаи касбӣ баъд аз оғози имтиҳони қабул қатъиян манъ аст.
18. Барои ихтисосҳои соҳаи санъату фарҳанг, варзиш ва меъморӣ дар баробари имтиҳони асосии дохилшавӣ аз рӯи ихтисоси интихобнамуда озмуни иловагии маҳорат муқаррар карда мешавад. Озмуни маҳорат аз 01 август то 10 август гузаронида мешавад.
19. Дар муассисаҳои таҳсилоти миёнаи касбӣ гузаронидани комиссияи мандатӣ ва интишори фармоиш дар бораи қабули довталабон то оғози соли таҳсил бояд ба охир расонида шавад.
20. Довталабоне, ки таҳсилоти миёнаи асосӣ, миёнаи умумӣ ва ибтидоии касбиро дар хориҷа гирифтаанд, баъд аз эътирофи баробарарзишии ҳуҷҷат дар бораи таҳсилот (шаҳодатнома), метавонанд ба комиссияи қабули муассисаи таҳсилоти миёнаи касбӣ ҳуҷҷат пешниҳод намоянд.
21. Муассисаи таҳсилоти миёнаи касбӣ танҳо бо доштани иҷозатнома оид ба пешбурди фаъолияти таълимӣ метавонад қабули донишҷӯёнро аз рӯи ихтисосҳои дар он дарҷшуда эълон намояд.
22. Комиссияи қабул вазифадор аст, ки довталаб ва ё падару модари ӯро бо иҷозатнома (литсензия) оид ба пешбурди фаъолияти таълимӣ ва шаҳодатнома дар бораи аккредитатсияи давлатӣ аз рӯи равия ва ихтисосҳо, ки ба гирифтани ҳуҷҷати намунаи давлатӣ дар бораи таҳсилоти миёнаи касбӣ ҳуқуқ медиҳад, шинос намояд.
23. Бо мақсади таъмини талаботи иҷтимоӣ-иқтисодии минтақаҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон муассисаҳои таҳсилоти миёнаи касбӣ ҳуқуқ доранд, ки дар асоси шартномаи тарафайн ва қарордод бо корхонаҳо, ташкилот, муассисаҳо, мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ, воҳидҳои сохтории дахлдори онҳо ва шахсони воқеию ҳуқуқӣ мутахассис тайёр намоянд.
24. Муассисаи таълимии давлатӣ ҳуқуқ дорад дар доираи муқаррар намудаи иҷозатнома ва аз ҳисоби маблағи ҷудокардаи буҷет илова ба иҷрои супоришоти давлатӣ оид ба қабул аз рӯи шартномаҳои дахлдор, дар сурати аз тарафи шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ пардохтани маблағи таҳсили муқарраршуда, мутахассисонро тайёр намояд.
25. Ҳаҷми маблағи таҳсил барои таълими шартномавӣ дар асоси қарори Шӯрои омӯзгорӣ (олимон) муайян гардида, бо Хадамоти зиддиинҳисории назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон мувофиқа карда шуда, аз тарафи Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон тасдиқ карда мешавад ва дар Қоидаҳои қабули муассисаҳои таҳсилоти миёнаи касбӣ дарҷ мегардад. Довталабони гурӯҳҳои шартномавӣ баъди супоридани имтиҳонҳо, фақат дар сурати пардохт намудани маблағи таҳсил тибқи талаботи қарордод ба муассисаи таълимӣ қабул карда мешаванд. 
26. Имтиҳонҳои қабул дар асоси барномаҳои таълимии муассисаҳои таҳсилоти умумии асосӣ ва таҳсилоти миёнаи умумӣ гузаронида мешаванд. Муассисаи таҳсилоти миёнаи касбӣ метавонад имтиҳони дохилшавиро ба тариқи тестӣ ё анъанавӣ дар мувофиқа бо Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон муқаррар намояд. Дар муассисаҳои таҳсилоти миёнаи касбие, ки довталабон ба тариқи тестӣ ё анъанавӣ имтиҳон месупоранд, аз забони модарӣ (ба таври иловагӣ) диктант менависанд. Имтиҳони қабул дар муассисаҳои таҳсилоти миёнаи касбӣ барои ҳар ихтисос аз рӯи забони таҳсил гузаронида мешавад. 
27. Довталабоне, ки муассисаҳои таълимиро бо забони русӣ, ӯзбекӣ ва бо забони дигар ақаллиятҳои миллӣ хатм менамоянд ва ба гурӯҳҳои русии муассисаҳои таҳсилоти миёнаи касбӣ ҳуҷҷат месупоранд, аз забони давлатӣ диктант менависанд. 
28. Дар муассисаҳои таҳсилоти миёнаи касбӣ аввал имтиҳони хаттӣ (диктант) ва баъд имтиҳони тестӣ ё анъанавӣ гузаронида мешавад. 
29. Маводи имтиҳони қабул (матни корҳои хаттӣ, вариантҳо, масъалаҳо ва мисолҳо) ҳар сол дар асоси барномаи таълимии таҳсилоти умумии асосӣ ва миёнаи умумӣ тартиб дода мешавад.
Истифодаи матнҳои диктант, билетҳои имтиҳони қабули солҳои гузашта иҷозат дода намешавад.
Матни диктант, саволҳои билет, масъала ва мисолҳо дар иттиҳодияи методии фаннӣ (сиклӣ) баррасӣ гашта, як моҳ пеш аз саршавии имтиҳони қабул аз тарафи директори муассисаи таълимӣ тасдиқ карда мешавад.
30. Маводи имтиҳони қабул дар лифофаҳо ҷой дода шуда, муҳри муассисаи таълимӣ гузошта мешавад. То саршавии имтиҳони қабул мавод дар ҷевони оҳанини раиси комиссияи қабули муассисаи таълимӣ нигоҳ дошта мешавад.
31. Маводи имтиҳони қабул (матни корҳои хаттӣ, вариантҳо, масъала ва мисолҳо) дар ҳузури омӯзгорони имтиҳонгиранда ва довталабон дар рӯзи баргузории имтиҳони қабул кушода мешаванд.
32. Барои супоридани имтиҳони қабул (хаттӣ, шифоҳӣ) комиссияи қабул довталабонро ба гурӯҳҳо аз 24 то 30 нафарӣ тақсим менамояд. 
Имтиҳони шифоҳиро аз довталабон, на кам аз се омӯзгори имтиҳонгиранда аз рӯи билетҳои тасдиқгардида, қабул менамоянд. 
33. Ба довталабоне, ки ба имтиҳони қабул роҳ дода шудаанд варақаи имтиҳонӣ, ки шакли онро Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон тасдиқ намудааст, дода мешавад.
34. Кори хаттӣ дар шакли сиёҳнавис ва дар шакли тозанавис танҳо дар варақаҳое, ки муҳри муассисаи таълимӣ гузошта шудааст, иҷро карда мешавад.
35. Имтиҳонҳои хаттӣ бо рамз бе нишон додани ному насаби довталаб гузаронида мешаванд.
36. Котиби масъул якҷоя бо аъзоёни комиссияи қабул дар корҳои хаттӣ аз нигоҳи худ, дар муқоваи варақ ва дар кори хаттӣ рамзи шартӣ мегузоранд.
Кори хаттӣ бо рамзи шартӣ ба омӯзгори имтиҳонгиранда барои санҷиш дода мешавад. 
37. Дар имтиҳони қабул бояд вазъияти ором бошад, ба довталаб имконият дода шавад, ки сатҳи донишу малака ва маҳорати худро пурра нишон диҳад. 
38. Ба довталабон даровардани китобҳои дарсӣ, телефони мобилӣ ва таҷҳизоти электронӣ ба имтиҳони қабул қатъиян манъ карда мешавад.  
39. Саволномаи тестӣ аз 3 қисм (блок) иборат буда, яке аз қисмҳо аз фанни асосҳои давлат ва ҳуқуқ, ду қисми боқимондаро фанҳои равиявӣ ташкил медиҳанд. Ҳар як қисми (блок) саволномаи тестӣ на камтар аз 25 саволро ташкил дода, вақти иҷроиши имтиҳони мазкур 4 соати астрономиро дар бар мегирад. Инчунин, дар билетҳои имтиҳонҳои анъанавӣ набояд аз 5 савол камтар бошад.
40. Барои шахсоне, ки муассисаи таҳсилоти умумии асосиро хатм намудаанд, бояд ҳаҷми матни диктант 170-200 калимаро ташкил диҳад.
41. Барои шахсоне, ки муассисаи таҳсилоти миёнаи умумиро хатм намудаанд, бояд ҳаҷми матни диктант 220-235 калимаро ташкил диҳад.
42. Барои шахсоне, ки муассисаи таҳсилоти миёнаи умумиро бо забони модариашон (ақаллиятҳои миллӣ) хатм намудаанд ва ба гурӯҳҳои таълимашон ғайри забони модарӣ дохил мешаванд, ҳаҷми матни диктант 120-150 калимаро ташкил медиҳад.
43. Имтиҳони хаттӣ (диктант) ба таври зайл холгузорӣ карда мешавад: Баҳои «5» -30 хол, «4»-20 хол, «3»-10 хол, «2»-0 хол. Холҳо барои имтиҳони тестӣ ба ҳар як саволи дуруст аз рӯи қисмҳо: 1 хол барои қисми фанни асосҳои давлат ва ҳуқуқ, қисми дуюм (умуми тахассусӣ) 2 хол ва қисми сеюм (тахассусӣ) 3 хол, муқаррар карда мешавад.
44. Довталабоне, ки аз имтиҳони тестӣ дар яке аз қисмҳо хол намегиранд, баҳои ғайриқаноатбахш ҳисобида шуда, ба онҳо барои супоридани имтиҳони минбаъда иҷозат дода намешавад. 
45. Натиҷаи корҳои хаттӣ дар муддати 48 соат баъд аз супоридани имтиҳон ва натиҷаи санҷиши тестӣ на дертар аз 24 соат эълон карда мешавад. 
Довталабоне, ки ба имтиҳони дохилшавӣ ҳозир нашудаанд, баҳои онҳо ғайриқаноатбахш ҳисобида шуда, барои иштирок дар имтиҳони навбатӣ ҳуқуқ надоранд. 
Ҳамаи масъалаҳои баҳсталабро вобаста ба қабули довталабон дар муассисаҳои таҳсилоти миёнаи касбӣ комиссияи қабул баррасӣ менамояд. 
46. Дар давраи гузаронидани имтиҳони қабул бо фармоиши раиси комиссия комиссияи апеллятсионӣ ва раиси он таъин карда мешавад. 
47. Ба ҳайати комиссияи апеллятсионӣ ба сифати экспертҳои тахассусии бетараф устодони собиқадори муассисаҳои таҳсилоти миёнаи касбӣ ҷалб карда мешаванд.
48. Аризаҳои шикоятии довталабон нисбат ба баҳо ё холҳои гузоштаи комиссияи имтиҳони қабул баъд аз эълони натиҷаи имтиҳони қабул дар комиссияи апеллятсионии муассисаҳои таҳсилоти миёнаи касбӣ баррасӣ мегарданд. 
49. Баррасии апеллятсия аз нав супоридани имтиҳон набуда, дар рафти баррасӣ танҳо дурустии баҳои имтиҳон санҷида мешавад.
Довталаб ҳуқуқ дорад, ки дар вақти баррасии апеллятсия иштирок намояд. Довталабе, ки барои аз нав дида баромадани баҳои имтиҳон талош дорад, бо худ бояд ҳуҷҷати тасдиқкунандаи шахсият (шиноснома) ва варақаи имтиҳонӣ дошта бошад. 
50. Баъди баррасии апеллятсия дар сурати тағйир ёфтани баҳои имтиҳон (ҳам дар сурати паст ва ҳам дар сурати баланд кардани баҳо), аз ҷониби комиссияи апеллятсионӣ протокол тартиб дода шуда, қарор қабул карда мешавад.  
51. Дар мавриди ба миён омадани зарурати тағйир додани баҳо бо қарори комиссияи апеллятсионӣ дар варақаи имтиҳонӣ тағйирот ворид карда мешавад. Дар мавриди ба вуҷуд омадани ихтилоф дар комиссияи апеллятсионӣ оид ба баҳои гузошташуда, баҳо бо овоздиҳӣ ва тарафдории аксарияти овозҳо тасдиқ карда мешавад.
52. Дар ҳолати қонеъ нагардидан аз ҷавоби комиссияи апеллятсионии муассисаи таҳсилоти миёнаи касбӣ довталаб ҳуқуқ дорад дар муҳлати 3 рӯзи баъди эълон шудани баҳо ба Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон муроҷиат намояд. 
53. Маълумот вобаста ба шартҳои қабул, қарорҳои комиссияи қабул бояд сари вақт ба иттилои довталабон расонида шавад.
54. Тартиби қабули довталабони аз имтиҳони дохилшавӣ гузаштаро комиссияи қабули муассисаи таҳсилоти миёнаи касбӣ дар асоси озмун (конкурс)-и умумӣ аз рӯи миқдори холҳои (баллҳои) дар имтиҳони дохилшавӣ бадастовардаи довталаб бо риояи қатъии қоидаҳои қабул муқаррар менамояд.
55. Баргардонидани ҳуҷҷатҳои довталабоне, ки ба муассисаи таълимӣ қабул нашудаанд, дар асоси пешниҳод намудани забонхат оид ба қабули ҳуҷҷатҳо ва шиноснома амалӣ карда мешавад. Дар ҳолати гум кардани ин забонхат, баргардонидани ҳуҷҷатҳо дар асоси аризаи шаҳрванд ба номи раиси комиссия амалӣ карда мешавад. Ҳангоми баргардонидани ҳуҷҷатҳо танҳо шаҳодатнома дар бораи таҳсилот баргардонида шуда, дигар ҳуҷҷат ва санадҳои имтиҳонию санҷишӣ дар парвандаи шахсии довталаб дар муассисаи таълимӣ нигоҳ дошта мешаванд. 
56. Довталабони зерин бе супоридани имтиҳон ба ҷойҳои буҷавии пешбинишуда ба муассисаҳои таҳсилоти миёнаи касбии Ҷумҳурии Тоҷикистон қабул карда мешаванд:
-довталабоне, ки мактаби таҳсилоти миёнаи умумиро бо медали тилло хатм намудаанд;
57. Довталабони зерин бе супоридани имтиҳон тариқи суҳбат ба ҷойҳои буҷавии пешбинишуда ба муассисаҳои таҳсилоти миёнаи касбии Ҷумҳурии Тоҷикистон қабул карда мешаванд:
-довталабоне, ки муассисаҳои таълимии таҳсилоти умумии асосиро бо шаҳодатномаи аъло хатм кардаанд; 
-довталабоне, ки литсейҳои касбӣ-техникиро бо дипломи аъло хатм кардаанд;
-ҷоизадорони озмунҳои ҷумҳуриявӣ ва байналмилалӣ аз рӯи фанҳои таълимии муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумӣ, ки тавсияномаи Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистонро доранд;
-ҷоизадорони озмунҳои байналмилалӣ ва ҷумҳуриявии мусиқӣ бо ихтисосҳои дахлдор тибқи пешниҳоди ҳуҷҷатҳои зарурӣ, ки тавсияномаи Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистонро доранд;
-ҷоизадорони мусобиқоти варзишии ҷумҳуриявӣ ва байналмилалӣ аз рӯи ихтисосҳои дахлдор, ки тавсияномаи Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистонро доранд. 
58. Комиссияи қабул саволномаи суҳбатро аз рӯи ихтисосҳо омода намуда, оид ба рафти суҳбат протокол тартиб медиҳад, ки дар он саволҳои ба довталаб додашуда, ҷавобҳои довталаб ва натиҷаи суҳбат сабт мегардад.
59. Ҳангоми гирифтани баҳои мусбат дар имтиҳони қабул довталабони зерин берун аз озмун (конкурс) қабул мешаванд:
-хизматчиёни ҳарбии аз хизмат ҷавобшуда;
-маъюбони гурӯҳҳои 1 ва 2 тибқи Қоидаҳои қабули маъюбон ба муассисаҳои таҳсилоти ибтидоии касбӣ, миёнаи касбӣ ва олии касбии Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки бо қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон қабул шудааст; 
-ятимон тибқи пешниҳоди ҳуҷҷатҳои зарурӣ.
Ҳуҷҷатҳои дахлдор (дар бораи маъюбӣ ва ятимӣ) то имтиҳони қабул ба комиссияи қабул пешниҳод карда мешаванд.
60. Қабули фарзандони ишти-рокчиёни бартарафкунии оқибатҳои фоҷеаи Чернобил тибқи Қоидаҳои қабул ба муассисаҳои таҳсилоти миёна ва олии касбии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои фарзандони шаҳрвандоне, ки бар асари фалокати неругоҳи барқи атомии Чернобил зарар дидаанд (қарори мушовараи Вазорати маорифи Ҷумҳурии Тоҷикистон аз якуми феврали соли 2010, №2/18), ба роҳ монда мешавад.
61. Муассисаи таҳсилоти миёнаи касбӣ бо довталабоне, ки дар гурӯҳҳои буҷавӣ ба сафи донишҷӯён қабул шудаанд, созишномаи сеҷониба ба имзо мерасонанд. Дар созишномаи ихтисосҳои омӯзгорӣ имзои волидайн (шахсоне, ки онҳоро иваз мекунанд) ҳатмӣ мебошад. Тибқи ин созишнома донишҷӯ баъди хатми муассисаи таҳсилоти миёнаи касбӣ бо роҳхат ба кор фиристода мешавад. Дар мавриди иҷро нагардидани бандҳои ин созишнома маблағи таҳсил аз тарафи хатмкарда (мутахассиси ҷавон) ба буҷаи давлат баргардонида мешавад. 
62. Ба муассисаҳои таҳсилоти миёнаи касбӣ қабули шахсоне, ки хоҳиши гирифтани маълумоти дуюми касбӣ доранд, тибқи Қоидаҳои қабули донишҷӯён барои гирифтани таҳсилоти дуюми миёнаи касбӣ дар муассисаи таҳсилоти миёнаи касбии Ҷумҳурии Тоҷикистон иҷозат дода мешавад.
63. Қабули донишҷӯён ба муас-сисаҳои таҳсилоти миёнаи касбии Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки тариқи имтиҳонҳои марказонидашудаи Маркази миллии тестии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба роҳ монда шудааст, берун аз Маркази миллии тестӣ қатъиян манъ аст.
64. Назорат аз болои фаъолияти комиссия ва имтиҳони қабули муассисаҳои таҳсилоти миёнаи касбӣ, новобаста аз шакли ташкилию ҳуқуқӣ ва моликият, аз тарафи мақоми ваколатдори давлатӣ дар соҳаи маориф ва илм ба амал бароварда мешавад.
65. Довталабоне, ки ба муассисаҳои таҳсилоти миёнаи касбӣ қабул шудаанд ва дар давоми 20 рӯз бесабаб ба таҳсил шурӯъ накардаанд, аз муассисаи таълимӣ хориҷ карда мешаванд.  
66. Муассисаҳои таҳсилоти миёнаи касбии Ҷумҳурии Тоҷикистон то 20 сентябри соли таҳсил аз натиҷаи қабул ба Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон маълумотномаи хаттӣ пешниҳод менамоянд.
67. Қоидаҳои қабул дар заминаи қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи «Низомномаи намунавии муассисаи таълимии таҳсилоти миёнаи касбии Ҷумҳурии Тоҷикистон» аз 01.03.2018, №94 таҳия карда шуда, таъмин, риоя ва иҷрои он барои муассисаҳои таҳсилоти миёнаи касбии Ҷумҳурии Тоҷикистон новобаста аз шакли ташкилию ҳуқуқӣ ва моликият ҳатмӣ мебошад.