ОИЛА АСОСИ ҶАМЪИЯТ АСТ

15-05-2019
Қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон оиларо ҳамчун асоси ҷамъият эътироф карда, таҳти муҳофизати давлат қарор доштани онро махсус таъкид намудааст. Ин маънӣ дар моддаи 33-юми Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон бараъло эҳсос мегардад: «Давлат оиларо ҳамчун асоси ҷамъият ҳимоя мекунад».
Бо мақсади дастгирӣ ва пойдории оила, устувории ақди никоҳ, ҳамдигарфаҳмӣ ва афзалияти ҳуқуқу озодиҳои узви оила аз ҷониби Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон тадбирҳои мушаххас андешида шуданд. Муҳимтар аз ҳама Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи рӯзҳои ид» 15-уми майро ҳамчун Рӯзи байналмилалии оила муқаррар намудааст. Бо назардошти муқаррароти Қонуни мазкур ҳамасола 15-уми май ҳамчун санаи муҳим аз ҷониби мақомоти давлатӣ, ташкилотҳо ва коллективҳои меҳнатӣ дар шакли чорабиниҳои ҷамъиятию сиёсӣ ташкил ва гузаронида мешаванд.
Бо мақсади ҳимояи ҳуқуқҳои оила ҳамчун асоси ҷамъият, танзими ҳуқуқии муносибатҳои вобаста ба пешгирии зӯроварӣ дар оила, ҷонибдории сиёсати давлатӣ дар масъалаи пешгирии зӯроварӣ дар оила, ташаккул додани вазъи тоқатнопазирии ҷомеа нисбат ба чунин ҳолатҳо, ошкор, пешгирӣ кардан ва бартарафсозии сабаб ва шароитҳои ба зӯроварӣ дар оила мусоидаткунанда ва андешидани чораҳои дахлдор, ҳамчунин, мусоидат кардан ба баланд бардоштани масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд, Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи пешгирии зӯроварӣ дар оила» аз 19 марти соли 2013, №954 қабул карда шуд. Қонуни мазкур муносибатҳои ҷамъиятиро вобаста ба ҳолатҳои пешгирии зӯроварӣ дар оила танзим карда, вазифаҳои субъектҳои пешгирикунандаи зӯроварӣ дар оиларо дар масъалаҳои ошкор, пешгирӣ ва бартарафсозии сабаб ва шароитҳои ба он мусоидаткунандаро муайян менамояд.
Тавре дар шарҳи мафҳуми “зӯроварӣ дар оила” зикр гардидааст- “Зӯроварӣ дар оила кирдори зиддиҳуқуқии қасдонаи дорои хусусияти ҷисмонӣ, рӯҳӣ, шаҳвонӣ ё иқтисодӣ, ки дар доираи муносибатҳои оилавӣ аз ҷониби як узви оила нисбат ба дигар узви оила содир мешавад ва боиси поймол шудани ҳуқуқ ва озодиҳои узви дигари оила мегардад” мебошад.
Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи пешгирии зӯроварӣ дар оила» як қатор мақомоти давлатиро ҳамчун субъектҳои пешгирикунандаи зӯроварӣ дар оила муваззаф гардонидааст. Аз ҷумла, боназардошти мусоидат ба баланд бардоштани масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд, моддаи 12 (Ваколатҳои мақомоти соҳаи маориф оид ба пешгирии зӯроварӣ дар оила)-и Қонуни мазкур мақомоти соҳаи маорифро ваколатдор намудааст, ки маорифчиён дар якҷоягӣ бо мақомоти дахлдор дар таҳия ва татбиқи барномаҳо вобаста ба ҳолатҳои пешгирии зӯроварӣ дар оила фаъолона иштирок карда, бо дигар субъектҳои пешгирикунандаи зӯроварӣ дар оила ҳамкории судманд дошта бошанд. Бо падару модар ё дигар намояндаи қонунии ноболиғ оид ба масъалаҳои таълиму тарбияи фарзанд ҳамкории доимиро ба роҳ монда, дар сурати ошкор шудани ҳолатҳои ба таълимгирандагон ва тарбиягирандагони дар оилаҳои носолими таҳти фишору зӯроварӣ қарор дошта, дар якҷоягӣ бо мақомоти дахлдор чораҳои таъхирнопазир андешанд. Вобаста ба масъалаи пешгирии зӯроварӣ дар оила миёни ҷомеа ва коллективҳои меҳнатӣ тадбирҳои иттилоотию таблиғотӣ андешанд.
Боиси тазаккур аст, ки аз ҷониби Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон вобаста ба ҳолатҳои пешгирии зӯроварӣ дар оила дар якҷоягӣ бо дигар мақомоти дахлдор иқдомҳои муайяне амалӣ гардида истодаанд. Аз ҷумла, бо дастгирии Дафтари Швейтсария оид ба ҳамкорӣ дар чаҳорчубаи Лоиҳаи “Пешгирии зӯроварӣ дар оила” (PDV), ки аз ҷониби филиали ширкати консалтингии GOPA дар Ҷумҳурии Тоҷикистон татбиқ мешавад, дастури методии “Ҷанбаҳои тарбиявию таълимии баробарии гендерӣ ва пешгирии зӯроварии оилавӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон” таҳия гардида, барои омӯзгорони муассисаҳои таҳсилоти умумӣ дар масъалаи омӯзиши мавзӯъҳои баробарии гендерӣ ва пешгиргии зӯроварӣ дар оила дар чаҳорчубаи фанҳои таълимии “Одоби муошират ва рӯзгордорӣ (дар синфи 9), “Маърифати оиладорӣ” (синфи 10), “Асосҳои давлат ва ҳуқуқ” (дар синфҳои 8-9) ва “Ҳуқуқи инсон” (синфҳои 10-11) ҳамчун манбаи иттилоотӣ ҳангоми ташкил ва баргузории маҷлисҳои падару модарон дар мавзӯи “Пешгирии зӯроварӣ дар оила нисбати кӯдакон” ҳамчун манбаи ёрирасон тавсия карда шудаанд.
Ҳадаф аз чунин иқдом, ин пеш аз ҳама таъмин намудани баробарии гендерӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон, татбиқи амалии Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи кафолатҳои давлатии баробарҳуқуқии мардону занон ва имкониятҳои баробари амалигардонии онҳо”, Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи баланд бардоштани мақоми зан дар ҷомеа” ва албатта муқаррароти Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи пешгирии зӯроварӣ дар оила” мебошад. Яъне, татбиқи амалии санадҳои болозикр имконият фароҳам меоварад, ки барои бартараф намудани ҳамаи намуди табъиз нисбати занон, пешгирӣ намудани ҳамагуна зӯроварӣ дар оила, роҳҳои пешгирии он ва ҳифзи ҷабрдидагон пайваста тадбирҳои гуногуни ҳуқуқӣ ва маъмурӣ андешида шаванд.
Мусаллам аст, ки муайян ва бартараф кардани ҳолатҳои номатлуби зӯроварӣ дар оила, ки монеаи таъмини баробарҳуқуқии воқеӣ мегарданд, танҳо вазифаи давлат нест. Он вазифаи ҳамаи аъзои ҷомеа мебошад. Барои таъмини баробарии гендерӣ дар ҷомеа зарур аст, ки як қатор омилҳо амалӣ гардонида шаванд. Пеш аз ҳама баланд бардоштани сатҳ ва сифати дониши таълимгирандагони ҳамаи зинаҳои таълимӣ, ташаккул додани маърифату фарҳанги ҳуқуқии онҳо, аз байн бурдани асосҳои ҳуқуқии маҳдудкунии гендерӣ, интихоб ва ҷобаҷогузории кадрҳои роҳбарикунанда аз ҳисоби занон ва духтарони лаёқатманд – махсусан дар маркази таълимии “Сарвар”-и назди Вазорати маориф ва илм иқдомҳое мебошанд, ки метавонанд омили баробарҳуқуқии воқеӣ гарданд.
Вобаста ба таъмини уҳдадориҳои байналмилалӣ дар самти ҳуқуқи инсон аз ҷониби Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Нақшаи миллии амалҳо ҷиҳати иҷрои тавсияҳои Кумитаи Созмони Милали Муттаҳид оид ба барҳам додани табъиз нисбати занон таҳия ва ба тасдиқ расонида шудааст. Мувофиқи тавсияҳои он дар муассисаҳои таълимӣ бо мақсади муайян намудани баробарии гендерӣ гузаронидани таҳлили гендерии барномаҳо, маводи таълимӣ ва омӯзишӣ, дар барномаҳои таълимӣ пешбинӣ намудани мавзӯъ доир ба масъалаҳои ҳуқуқи занон ва баробарии гендерӣ ва ба ин хотир ташкил кардани тайёрии касбии омӯзгорон, ҳамчунин, баргузории чорабиниҳо бо мақсади омода намудани ҷавонон ба ҳаёти оилавӣ ва иҷрои уҳдадориҳои оилавӣ бо роҳи ташкили курс ва семинарҳои омӯзишӣ дар ҳамаи зинаҳои таҳсилот чорабиниҳои дахлдор амалӣ карда шуданд.
Масъалаи пурра ба таҳсил фаро гирифтани духтарон, ҷалб намудани занону духтарон барои фаъолияти меҳнатӣ дар муассисаҳои мақомоти идории соҳаи маориф, таҳсилоти олии касбӣ, илмӣ ва дастгоҳи Вазорати маориф ва илм, ҳамчунин бунёди объектҳои дахлдори варзишӣ ва ҷалби бештари занон ба чорабиниҳои варзишӣ масъалаҳое мебошанд, ки зина ба зина амалӣ гардида истодаанд.  
Ҷашни рӯзи байналмилалии оила ин пеш аз ҳама эҳтиром ва арҷгузорӣ ба оила ҳамчун асоси ҷомеа, афзалияти ҳуқуқу озодиҳои узви оила, пешгирии ҳамагуна зуҳуроти номатлуб нисбат ба оила ва узви он ва ташаккули тоқатнопазирии ҷомеа нисбат ба чунин ҳолатҳо мебошад.
 
Раҷабалӣ Сангов – сардори шуъбаи
таъминоти ҳуқуқӣ ва котиботи Вазорати
маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон