ҒОЛИБИЯТИ НАВРАСОНИ ТОҶИК ДАР ОЛИМПИАДАИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ АЛ-ХОРАЗМӢ

30-05-2024
Аз 27 то 30 майи соли ҷорӣ дар шаҳри Тошкенти Ҷумҳурии Ӯзбекистон 2-юмин Олимпиадаи байналмилалии Ал-Хоразмӣ аз фанни математика миёни наврасон бо фарогирии зиёда 140 иштирокчӣ аз 6 давлати ИДМ бо ҳам сабқати илмӣ намуданд.
Дар ин Олимпиадаи сатҳи баланд мунтахаби Ҷумҳурии Тоҷикистонро 12 нафар наврас аз муассисаҳои таълимии кишвар муаррифӣ намуда, сазовори 9 ҷойи ифтихорӣ, 1 ҷойи I, 2 ҷойи II ва 6 ҷойи III гардиданд.