ҒОЛИБОНИ МУСОБИҚАИ ҶУМҲУРИЯВИИ ҲАРБӢ – ВАРЗИШИИ “ВАТАНПАРВАР” МУАЙЯН ГАРДИДАНД

14-05-2024
14 майи соли 2024 бо ташаббуси Маркази ҷумҳуриявии муассисаҳои таҳсилоти иловагии Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон дар қисми ҳарбии №15018 - баталиёни ҳифзи радиатсионӣ, химиявӣ ва биологии Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон даври ҷумҳуриявии муосибқаи  ҷумҳуриявии ҳарбӣ  -варзишии “Ватанпарвар” миёни хонандагони синфҳои 10-11-и муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумӣ баргузор гардид.
Дар чорабинии мазкур муовини якуми вазири маориф ва илм Ҷамшед Ҷӯразода, муовини раиси ноҳияи Рӯдакӣ, директорони муассисаҳои таҳсилоти иловагии шаҳру ноҳияҳо ва кормандони раёсати маорифи ноҳияи Рӯдакӣ иштирок намуданд.
Муовини якуми вазири маориф ва илм зимни суханронии худ иброз дошт, ки мусобиқаи мазкур ба мақсади баланд бардоштани ҳисси миллӣ ва ватандӯстии ҷавонону наврасон ва омода намудани онҳо ба мактаби шуҷоату мардонагӣ, миёни хонандагони муассисаҳои таҳсилоти умумӣ ва аъзоёни маҳфилҳои муассисаҳои таҳсилоти иловагӣ ташкил ва гузаронида шуд.
Бояд гуфт, дар мусобиқаи мазкур аз вилоят ва шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ 8 даста иштирок намуда, тибқи натиҷаи даври ниҳоӣ Ҷом ва Диплом барои ишғоли ҷойи якуми даври ҷумҳуриявии мусобиқаи ҳарбӣ – варзишии “Ватанпарвар” ба дастаи ноҳияи Рӯдакӣ, Диплом барои ишғоли ҷойи дуюм ба дастаи шаҳри Конибодом ва Диплом барои ишғоли ҷойи сеюм ба дастаи Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон тақдим гардид.