ҒОЛИБОНИ ОЗМУНҲОИ «ИХТИРОЪКОРОНИ ҶАВОН» ВА «БЕҲТАРИН ЛОИҲАҲОИ ИННОВАТСИОНИИ ДОНИШҶӮЁН» СОҲИБИ ҶОИЗАҲО ШУДАНД

05-06-2024
Дар Донишгоҳи технологии Тоҷикистон ҳамоиши ҷоизасупорӣ ба ғолибони озмунҳои донишгоҳии “Ихтироъкорони ҷавон” ва “Беҳтарин лоиҳаҳои инноватсионии донишҷӯён” доир гардид, хабар доданд ба АМИТ «Ховар» дар ин донишгоҳ.
Дар замони муосир рушди техника ва технология яке аз омилҳои асосии пешравии иқтисодиёти ҳар давлат буда, инноватсия ва навоварӣ мавқеи ҳалкунанда дорад.
Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба рушди маориф ва илм аҳамияти аввалиндараҷа медиҳанд. Дар асоси супоришҳои Пешвои миллат Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон якчанд барномаи давлатӣ ва стратегияҳоро амалӣ менамояд. Махсусан, ба ихтироъкорию навоварии ҷавонон, ки насли аз технологияҳои нав бохабар мебошанд, диққати ҷиддӣ дода мешавад. Имрӯзҳо ба иқтисодиёти мамлакат техника ва технологияи муосир ворид карда шуда, корхонаҳои саноатӣ дар асоси технологияҳои инноватсионӣ маҳсулоти рақобатпазир истеҳсол намуда, ҳаҷми содиротии ҷумҳуриро зиёд менамоянд.
Ректори донишгоҳ аз дастовардҳои омӯзгорону донишҷӯён ва магистрантони донишгоҳ ёдовар шуда, иброз дошт, ки аз ин пас он ихтироот ва лоиҳаҳои инноватсионие, ки дар озмунҳо ғолиб меоянд, дар маркази махсуси донишгоҳ боз ҳам такмил дода шуда, барои татбиқ ба соҳаҳои гуногуни иқтисодиёти мамлакат равона мегарданд.
Ғолибони озмун бо Диплом, Сипоснома ва мукофотҳои пулӣ сарфароз гардонида шуданд.

АМИТ «Ховар»