Олимпиадаи донишҷӯён ҷамъбаст гардид

25-06-2018
22-23-юми июни соли ҷорӣ дар Донишгоҳи давлатии Кӯрғонтеппа ба номи Носири Хусрав даври хотимавии олимпиадаи донишҷӯёни муассисаҳои таҳсилоти олии касбии Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гардид. Дар он аз 39 муассисаи таҳсилоти олии касбии ҷумҳурӣ донишҷӯёни 35 муассисаи таҳсилоти олии касбӣ аз рӯи 12 фанни таълимӣ (забон ва адабиёти тоҷик, забони англисӣ, забони русӣ, технологияи информатсионӣ, таърихи халқи тоҷик, математика, физика, химия, биология – экология, назарияи иқтисодӣ, фалсафа ва сиёсатшиносӣ) байни ҳам сабқат карданд.
Дар оғози олимпиада муовини вазири маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон Сайфиддин Давлатзода таъкид намуд, ки мақсад аз баргузории озмун таблиғи донишҳои назариявӣ, дарёфти истеъдодҳои ҷавон, инкишоф додани неруи ақлӣ, баланд бардоштани савияи дониш, маърифату ҷаҳонбинӣ ва сатҳи тафаккури донишҷӯёни муассисаҳои таҳсилоти олии касбӣ маҳсуб меёбад. 
Сипас, сардори раёсати таҳсилоти олии касбӣ ва баъдидипломии Вазорати маорифи ва илм Фахриддин Ҳайдаров довталабонро бо шартҳо ва тартиби баргузории озмун шинос намуд.
Баъди анҷоми санҷишҳо донишҷӯён аз марказҳои фарҳангӣ ва таърихии шаҳри Бохтар дидан карданд. Бегоҳии рӯзи аввал бо ташаббуси раёсати ДДҚ ба номи Носири Хусрав дар толори донишгоҳи мазкур барномаи фарҳангию фароғатӣ созмон дода шуд, ки басо хотирмон буд. Сипас, натиҷаи корҳои анҷомдодаи донишҷӯён муайян ва дар тахтаи эълонҳо насб карда шуд. 
Бояд гуфт, ки гузаронидани олимпиадаи донишҷӯён дар минтақаҳои гуногуни кишвар барои ташаккул ва ҷаҳонбинии донишҷӯён мусоидат менамояд. 
Дар ҷамъбасти озмун муовини якуми вазири маориф ва илм Раҳматулло Мирбобоев иброз дошт, ки соҳаи маориф дар меҳвари сиёсати Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор дошта, дар муассисаҳои таълимии кишвар барои донишандӯзи муҳассилин тамоми шароит муҳайё карда шудааст.
Ҳамин тариқ, Донишгоҳи миллии Тоҷикистон (бо гирифтани 6 ҷойи аввал, 3 ҷойи дуюм ва 2 ҷойи сеюм) ҷойи якум, Донишгоҳи давлатии Қӯрғонтеппа ба номи Носири Хусрав (бо 1 ҷойи аввал ва 4 ҷойи дуюм) ҷойи дуюм ва Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон ба номи Садриддин Айнӣ (бо 2 ҷойи якум ва 1 ҷойи сеюм) ва Донишгоҳи давлатии тиббии Тоҷикистон ба номи Абӯалӣ ибни Сино (бо 1 ҷойи якум ва 2 ҷойи дуюм) ҷойҳои сеюму чорумро сазовор шуданд. 
Ба ғолибон муовини якуми вазири маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон Р.Мирбобоев Диплому Ифтихорномаи Вазорати маориф ва илм ва маблағҳои пулӣ супорид. Инчунин, ба раёсати ДДҚ ба номи Носири Хусрав барои ташкил ва дар сатҳи баланд гузаронидани олимпиада Сипосномаи Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон тақдим карда шуд.