ОЛИМПИАДАИ ДОНИШҶӮЁНИ МАКОТИБИ ОЛӢ ҶАМЪБАСТ ГАРДИД

18-06-2022
18 июни соли ҷорӣ олимпиадаи ҷумҳуриявӣ миёни донишҷӯёни муассисаҳои таҳсилоти олии касбии кишвар таҳти унвони «Аниси кунҷи танҳоӣ китоб аст» ҷамъбаст гардид. Дар он вазири маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон Раҳим Саидзода, муовини вазири маориф ва илм Лутфия Абдулхолиқзода, ректорони макотиби олӣ, устодону омӯзгорон ва донишҷӯён ширкат варзиданд. 
Нахуст вазири маориф ва илм Р. Саидзода аз дастгириҳои пайвастаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар самти ҷавонон ёдовар шуда, нақши онҳоро ҳамчун неруи созандаву ташаббускор дар рушду пешрафти кишвар муҳим арзёбӣ намуд. Таъкид кард, ки олимпиадаи мазкур ба дарёфти донишҷӯёни соҳибистеъдод, дастгириву ҷалб намудани онҳо ба пажуҳишҳои илмӣ ва ба ин васила, баланд бардоштани сатҳу сифати таълим мусоидат мекунад.
Дар ҷамъбаст 14 нафар донишҷӯ ҷойи якум, 13 нафар ҷойи дуюм, 10 нафар ҷойи сеюм ва 18 нафар бо ифтихорнома сазовор дониста шуданд. 
Ҳамин тавр, аз рӯйи равияи фанҳои гуманитарӣ, иқтисодию иҷтимоӣ бо гирифтани бештари ҷойҳои ифтихорӣ дастаи донишҷӯёни Донишгоҳи миллии Тоҷикистон, ҷойи якум, дастаи донишҷӯёни Донишкадаи давлатии забонҳои Тоҷикистон ба номи Сотим Улуғзода ҷойи дуюм ва дастаи донишҷӯёни Донишгоҳи давлатии Бохтар ба номи Носири Хусрав ҷойи сеюмро мушарраф гаштанд.
Дар равияи табиатшиносию риёзӣ низ дастаи донишҷӯёни Донишгоҳи миллии Тоҷикистон ҷойи якум, дастаи донишҷӯёни Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон ба номи Садриддин Айнӣ ҷойи дуюм ва дастаи донишҷӯёни Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон ҷойи сеюмро соҳиб шуданд.
Дар фазои тантанавӣ вазири маориф ва илм ба ғолибон ва як гурӯҳ иштирокдорони фаъол диплом, ифтихорнома, медал ва туҳфаҳои хотиравӣ тақдим намуд. Инчунин, барои фаъолияти пурсамар ба аъзои комиссияи экспертӣ ва ҷиҳати мусоидат дар ташкил ва баргузории олимпиадаи мазкур ба роҳбарияти Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон Сипосномаи Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон супорида шуд. 
Дар баробари ин, ба он устодоне, ки шогирдонашон дар ин озмун мақоми аввалро ба даст оварданд, аз ҷониби раёсати Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон бо роҳхат ба осоишгоҳи «Хоҷа Обигарм» ҳавасманд гардиданд. 
Дар охир вазири маориф ва илм Р. Саидзода ғолибон ва устодони онҳоро табрик намуда, дар ҷодаи омӯзиш ва фаро гирифтани донишҳои замонавӣ комёбиҳои бештар таманно кард.