Олимпиадаи ҷумҳуриявӣ аз фанҳои ҷамъиятӣ – гуманитарӣ барои синфҳои 11 баргузор гардид

05-04-2021
3-4-уми апрели соли ҷорӣ дар Муассисаи таълимии давлатии “Мактаби байналмилалии Президентӣ” дар шаҳри Душанбе даври ҷумҳуриявии олимпиада аз фанҳои ҷамъиятӣ – гуманитарӣ барои хонандагони  синфҳои 11 баргузор гардид.
Нахуст, сухани ифтитоҳиро Л. Назирӣ - муовини вазири маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон оғоз намуда, ба хонандагон муваффақиятҳо таманно намуд.  Инчунин,  директори Маркази миллии тестии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Х.Икромӣ ва директори Маркази ҷумҳуриявии дарёфт ва рушди истеъдодҳо Т.Маҳмадова дар ифтитоҳи олимпиада суханронӣ намуда, иштирокдоронро бо мақсад ва тартиби баргузории олимпиада шинос намуданд.
Дар  олимпиадаи мазкур 579 нафар хонанда аз 318 муассисаи таълимии 61 шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ аз фанҳои ҷамъиятӣ – гуманитарӣ (забони давлатӣ, забон ва адабиёти тоҷик, забони русӣ, забони англисӣ, таърих, ҳуқуқи инсон ) ширкат варзиданд.
Бояд қайд намуд, ки аз 579 нафар иштироккунандагони олимпиадаи ҷумҳуриявӣ 236 нафар соҳиби ҷойҳои якум, дуюм ва сеюм, 38 нафар соҳиби медали тилло, 56 нафар соҳиби медали нуқра,142 нафар соҳиби медали биринҷӣ гардиданд.
Мавриди зикр аст, ки олимпиадаи ҷумҳуриявӣ барои хонандагони синфи 11 –и муассисаҳои таҳсилоти умумии ҷумҳурӣ аз фанҳои табиӣ – риёзӣ рӯзҳои 27-28-уми марти соли 2021 дар Муассисаи давлатии таълимии “Мактаби Президентӣ барои хонандагони болаёқат” дар шаҳри Ҳисор баргузор ва ҷамъбаст шуд. 
Ҷамъбасти даври ҷумҳуриявии олимпиадаҳои фаннӣ барои хонандагони синфи 11-и муассисаҳои таҳсилоти умумии ҷумҳурӣ дар соли 2020-2021 нишон дод, ки аз шаҳри Душанбе 217 нафар иштирок намуда, 33 нафар соҳиби медали тилло, 51 нафар соҳиби медали нуқра, 52 нафар соҳиби медали биринҷӣ шуданд. Аз вилояти Суғд 249 нафар хонанда иштирок намуда, 12 нафар соҳиби медали тилло, 32 нафар соҳиби медали нуқра, 85 нафар соҳиби медали биринҷӣ шуданд. Аз вилояти Хатлон 329 нафар хонанда иштирок намуда, 11 нафар соҳиби медали тилло, 11 нафар соҳиби медали нуқра, 61 нафар соҳиби медали биринҷӣ гариданд. Аз ШНТҶ 212 нафар иштирок намуда, 6 нафар соҳиби медали тилло, 9 нафар соҳиби медали нуқра, 34 нафар соҳиби медали биринҷӣ гардиданд. Аз ВМКБ 77 нафар хонанда иштирок намуда, 5 нафар соҳиби медали тилло, 2 нафар соҳиби медали нуқра, 7 нафар соҳиби медали биринҷӣ шуданд. Дар умум аз тамоми муассисаҳои таълимии кишвар 1084 нафар хонанда ширкат варзида, 411 нафар соҳиби ҷойҳои якум, дуюм ва сеюм гардиданд.
                 
 
                                                                                                                                                                          М.Убайдуллоева
                                                                                                                                                                                  А.Бодурова