Олимпиадаи ҷумҳуриявӣ ва озмуни шавқовар

14-05-2018
Дар муассисаи давлатии таълимии «Литсей барои хонандагони болаёқат дар шаҳри Душанбе» ҷамъбасти даври ҷумҳуриявии олимпиадаи хонандагони муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумӣ аз фанҳои табиӣ-риёзӣ байни хонандагони синфҳои 5-8 ва озмуни даставии «Spelling-Bee-2018» баргузор гардид. Дар он хонандагон аз муассисаҳои таълимии вилоятҳои Суғду Хатлон ва ВМКБ, шаҳру навоҳии тобеи ҷумҳурӣ ширкат варзиданд. Довталабони  олимпиадаи фаннӣ, ки барои хонандагони синфҳои 5-8 бори аввал дар сатҳи  ҷумҳурӣ гузаронида шуд, аз фанҳои физика, химия, математика, география, технологияи иттилоотӣ маҳорату дониши худро нишон доданд.  
Махсусияти озмуни шавқовари «Spelling-Bee» аз он иборат буд, ки калимаҳо аз тарафи ҳакамон пешниҳод мегардид ва дар ҳолати нофаҳмо будани калима хонанда метавонист талаффузи дурусти онро такроран талаб намояд. Барои талаффузи ҳар калима як дақиқа вақт ҷудо мегардид. Дар ҳолати нодуруст талаффуз кардани калима довталаб аз ҳаққи идомаи озмун маҳрум мегардид. 
Дар ҷамъбасти озмуни даставии «Spelling-Bee-2018» мактаби байналмилалии Президентӣ дар шаҳри Душанбе бо 415 хол ҷойи аввал, мактаби Президентӣ барои хонандагони болаёқат дар шаҳри Бӯстони вилояти Суғд бо 320 хол ҷойи дуюм ва мактаби Президентӣ барои кӯдакони болаёқати ноҳияи Данғараи вилояти Хатлон бо 130 хол ҷойи сеюмро ба даст оварданд. 
Ҳамзамон, дар даври ҷумҳуриявии олимпиадаи хонандагони муассисаҳои таҳсилоти умумӣ аз фанҳои табиӣ-риёзӣ барои синфҳои 5-8 довталабон аз вилояти Суғд бо 38 медал ҷойи аввал, шаҳри Душанбе бо 24 медал ҷойи дуюм (9 медали тилло) ва вилояти Хатлон бо 24 медал (3 медали тилло) ҷойи сеюмро  соҳиб гардиданд.
Дар маросими ҷамъбастии озмун вазири маориф ва илми кишвар Нуриддин Саид ба ғолибон Ифтихорнома ва китоби «Пешво-ифтихори миллат»-ро тақдим намуд. 
Маркази матбуоти Вазорати маориф 
ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон