Олимпиадаи ҷумҳуриявии муассисаҳои таҳсилоти миёнаи касбӣ

29-04-2019
26-27-уми апрели соли 2019 дар Коллеҷи техникию омӯзгории ноҳияи Рӯдакӣ бахшида ба «Соли рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ» олимпиадаи ҷумҳуриявӣ миёни донишҷӯёни муассисаҳои таҳсилоти миёнаи касбии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз фанҳои таълимӣ баргузор гардид. Дар маросими ифтитоҳии олимпиада Нуриддин Саид – вазири маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон, Рустам Акрамзода – раиси ноҳияи Рӯдакӣ, Сайфиддин Давлатзода – муовини вазири маориф ва илм ва устодону донишҷӯёни  муассисаҳои таҳсилоти миёнаи касбии ҷумҳурӣ иштирок намуданд.
Нуриддин Саид – вазири маориф ва илм қайд намуд, ки ҳаракати олимпӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон собиқаи тӯлони дорад. Инчунин, зикр кард, ки дар замони истиқлолият ҳаракати олимпӣ дар ҷумҳурӣ дар сатҳи хеле хуб рушд ёфт. Ҳоло хонандагони тоҷик дар олимпиадаҳои сатҳи байналмилалӣ ширкат варзида, ҳар сол даҳҳо медал ба даст меоранд ва дар баробари беҳтар намудани сатҳи дониш ва ҷаҳонбиниашон Парчами ватани азизамонро баланд мебардоранд.
 Рустам Акрамзода – раиси ноҳия иброз дошт, ки барои мардуми шарифи ноҳия ва махсусан, аҳли маорифи ноҳияи Рӯдакӣ боиси итихор ва шарафмандист, ки чунин олимпидаи сатҳи ҷумҳуриявӣ дар инҷо гузаронида мешавад. Барои гузаронидани олимпиада тамоми шароит муҳайё карда шудааст
Сипас, Сайфиддин Давлатзода – муовини вазир ҳозиринро ба барномаи олимпиада ва тартиби кори он шинос намуд.
Дар олимпиадаи мазкур аз 61 муассисаи таҳсилоти миёнаи касбӣ 373 донишҷӯ иштирок намуда, аз рӯи 8 фанни талимӣ дониши худро санҷиданд.
Маросими ҷамъбастии олимпиада бо иштироки муовини вазири маориф ва илм Сайфиддин Давлатзода сурат гирифт, ки дар он ғолибон бо медал ва тӯҳфаҳои хотиравӣ аз ҷониби Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷӣкистон сарфароз гардонида шуданд.
Натиҷаи ҷамъбаст нишон дод, ки дастаи донишҷӯёни Коллеҷи омӯзгории ба номи Хосият Махсумоваи шаҳри Душанбе сазовори ҷои аввал, дастаи донишҷӯёни Коллеҷи информатика ва техникаи компютерии шаҳри Душанбе сазовори ҷои дуюм ва дастаи донишҷӯёни Коллеҷи тиббии ноҳияи Данғар а сазовори ҷои сеюм гардиданд.
Аҳмадшоҳи МАСЪУД