Олимпиадаи ҷумҳуриявии муассисаҳои таҳсилоти олии касбӣ

06-05-2019
3-4-уми майи соли 2019 дар Донишгоҳи давлатии молия ва иқтисоди Тоҷикистон олимпиадаи ҷумҳуриявӣ таҳти унвони “Фиристода бояд ки доно бувад...” миёни донишҷӯёни муассисаҳои таҳсилоти олии касбии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 13 фанни таълимӣ баргузор гардид. Дар маросими ифтитоҳии олимпиада Лутфия Абдухолиқзода – сардори раёсати илму маърифати Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Нуриддин Саид – вазири маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон, Сайфиддин Давлатзода – муовини вазири маориф ва илм ва устодону донишҷӯёни  муассисаҳои таҳсилоти олии касбии ҷумҳурӣ иштирок намуданд.
Лутфия Абдухолиқзода – сардори раёсати илму маърифати Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон иброз намуд, ки иштироккунандагони олимпиадаро мебояд, барои нишон додани маҳорату маллака ва дониши худ дар ин озмун сайъу кӯшиш намоянд.
Ҳамчунин, пешниҳод кард, ки донишҷӯёне, ки сазовори ҷойҳои ифтихорӣ мегарданд, дар баробари медал ва ифтихорномаи Вазорати маориф ва илм инчунин, вобаста ба имконият аз ҷониби вазорат бо туҳфаҳои хотиравӣ қадрдонӣ карда шаванд.
Нуриддин Саид – вазири маориф ва илм қайд намуд, ки мақсади асосии олимпиада сабқат байни донишмандон мебошад. Вазорати маориф ва илм тавассути ин сабқат ҷавонони болаёқат, иззатманду донишмандро дарёфт ва онҳоро барои тарбияи минбаъда ва пажӯҳиш дар роҳи илму инноватсия ва технологияҳои муосир роҳнамоӣ менамояд.
–Агар холи ду донишҷӯ баробар шуд, сабқати иловагӣ эълон накарда ба ҳарду иштирокчӣ медал дода шавад. Инчунин, омӯзгороне, ки шогирдонашон дар ин озмун соҳиби ҷойҳои ифтихорӣ мегарданд, бо нишони “Аълочии маориф ва илми Тоҷикистон” қадрдонӣ карда шаванд – иброз дошт Нуриддин Саид.
Сипас, Сайфиддин Давлатзода – муовини вазир ҳозиринро ба барномаи олимпиада ва тартиби кори он шинос намуд. Зикр гардид, ки дар олимпиадаи мазкур аз 37 муассисаи таҳсилоти олии касбӣ 330 донишҷӯ иштирок мекунанд. Дар давоми рӯз донишҷӯён дар ду марҳилаи озмун, саволномаҳои тестӣ ва навиштани эссе иштирок намуданд.
Рӯзи дуюм аз ҷониби кумитаи тадорукоти олимпиада ва мутаххасисон апелатсияи корҳои донишҷӯён гузанида шуд.
Маросими ҷамъбастии олимпиада бо иштироки Нуриддин Саид – вазири маориф ва илм сурат гирифт, ки дар он ғолибон бо медал, ифтихорнома ва туҳфаҳои хотиравӣ  сарфароз гардонида шуданд.
Натиҷаи ҷамъбаст нишон дод, ки дастаи донишҷӯёни Донишгоҳи миллии Тоҷикистон сазовори ҷои аввал, дастаи донишҷӯёни Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон ба номи Садриддин Айнӣ сазовори ҷои дуюм ва дастаи донишҷӯёни Донишгоҳи давлатии молия ва иқтисоди Тоҷикистон сазовори ҷои сеюм гардиданд.


Аҳмадшоҳи МАСЪУД