ОЛИМПИДАИ ДАСТАВИИ ХОНАНДАГОНИ МАКТАБҲОИ ПРЕЗИДЕНТӢ ВА ЛИТСЕЙҲО БАРОИ ХОНАНДАГОНИ БОЛАЁҚАТ ҶАМЪБАСТ ГАРДИД

29-04-2019
Рӯзҳои 27-28-уми апрели соли ҷорӣ дар Мактаби байналмилалии Президентӣ дар шаҳри Душанбе даври ҷумҳуриявии Олимпиадаи даставии хонандагони мактабҳои Президентӣ ва литсейҳо барои хонандагони болаёқат баргузор гашт, ки дар он 500 нафар хонанда аз 16 муассисаи таълимӣ иштирок намуданд. 
Дар маросими кушодашавии олимпиада Нуриддин Саид – вазири маориф ва илми Ҷумхурии Тоҷикистон, Х. Икромӣ директори Маркази миллии тестии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва омӯзгорону хонандагони мактабҳои Президентӣ ва литсейҳо барои хонандагони болаёқат иштирок намуданд.
Зимни сухани ифтитоҳии худ Нуриддин Саид аз дастовардҳои хонандагони тоҷик дар олимпидаҳои дохилию байналмилалӣ ёдовар шуда, қайд намуд, ки айни ҳол дар ҷумҳурӣ 10 намуд олимпиада миёни хонандагон ва донишҷӯёни муассисаҳои таълимӣ гузаронида мешаванд.
Сипас, Х. Икромӣ шартҳои баргузории озмунро ба хонандагон шарҳ дод.
Дар олмипиадаи мазкур хонандагон аз 11 фанни таълимӣ савияи дониши худро санҷиданд.
Дар натиҷаи ҷамъбасти озмун муайян гардид, ки Муассисаи Литсей барои хонандагони болаёқат дар шаҳри Душанбе бо гирифтани 20 – ҷойи ифтихорӣ дар ҷойи аввал, Литсей-интернати Президентӣ барои кӯдакони лаёқатманди Тоҷикистон бо гарифтани 15 ҷойи ифтихорӣ дар ҷойи дуюм ва Мактаби Президентӣ барои кӯдакони болаёқат дар ноҳияи Данғара» бо гирифтани 11 ҷойи ифтихорӣ сазовори ҷойи сеюм, гардид.
 Ғолибони олимпиада бо туҳфа, медал ва «Ифтихорнома» - и Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон сарфароз гардонида шуданд. 
Маврид ба ёдоварист, ки мақсади асосии баргузор намудани олимпиада-дарёфт ва рушди истеъдоди хонандагоне мебошад, ки инкишофи зеҳнии онҳо ба самти фаъолияти илмӣ-таҳқиқотӣ нигаронида шудааст.


Саймуҳаммади ИЗЗАТУЛЛО