Олимпидаҳои номию даставӣ ҷамъбаст гардид

08-04-2019
6-7–уми апрели соли 2019 дар Мактаби байналмилалии Президентӣ дар шаҳри Душанбе даври ҷумҳуриявии Олимпиадаи даставии хонандагони муассисаҳои таҳсилоти умумӣ аз 11 фанни таълимӣ (забон ва адабиёти тоҷик, забони русӣ, забони англисӣ, таърих, ҳуқуқ, география, математика, физика, химия, биология, технологияи иттилоотӣ) ва даври ҷумҳуриявии Олимпиадаи номии хонандагони муассисаҳои таҳсилоти умумӣ аз фанҳои табиӣ-риёзӣ (география, математика, физика, биология, химия, технологияи иттилоотӣ) баргузор гардид. Дар маросими ифтитоҳии олимпиада Р. Мирбобоев – муовини якуми вазири маориф ва илм, Л. Назирӣ – муовини вазири маориф ва илм, Х. Икромӣ – директори Маркази миллии тестии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Т. Маҳмадова – директори Маркази ҷумҳуриявии дарёфт ва рушди истеъдодоҳо ва омӯзгорону хонандагони муассисаҳои таълимӣ иштирок намуданд.
Р. Мирбобоев иброз намуд, ки хонандагони кишвар баробари муваффақиятҳо дар олимпиадаҳои ҷумҳуриявӣ соли 2018 дар 22 олимпиадаи байналми лалӣ ширкат варзида, 260 медал, аз ҷумла 56 медали тилло, 92 медали нуқра ва 112 медали биринҷӣ ба даст оварданд, ки нисбат соли 2017 95 медал зиёд мебошад. Аз аввали соли 2019 бошад, ханандагони кишвар дар 5 олимпиадаи байналмилалӣ иштирок намуда, соҳиби 50 медал, аз ҷумла 8 медали тилло, 6 медали нуқра ва 36 медали биринҷӣ гардиданд, ки ин нишондод нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 31 медал зиёд мебошад.
 Дар даври ҷумҳуриявии Олимпиадаи даставии хонандагони муассисаҳои таҳсилоти умумӣ 450 нафар хонанда аз тамоми минтақаҳои ҷумҳурӣ иштирок намуда, 83 нафар хонанда сазовори ҷойи ифтихорӣ (18 медали тилло, 28 медали нуқра ва 37 медали биринҷӣ) гардиданд.
Дар олимпиадаи мазкур дастаи хонандагони шаҳри Душанбе бо 38 ҷойи ифтихорӣ (10 медали тилло, 10 медали нуқра, 18 медали биринҷӣ) сазовори ҷойи аввал ва Шоҳҷоиза, дастаи вилояти Суғд бо 24 ҷойи ифтихорӣ (3 медали тилло, 11 медали нуқра, 10 медали биринҷӣ) сазовори ҷойи дуюм, дастаи вилояти Хатлон бо 17 ҷойи ифтихорӣ (4 медали тилло, 5 медали нуқра, 8 медали биринҷӣ) сазовори ҷойи сеюм гардиданд. Дастаи шаҳру ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ сазовори 3 ҷойи ифтихорӣ (1 ҷойи якум, 1 ҷойи дуюм, 1 ҷойи сеюм) ва дастаи Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон сазовори 1 ҷойи дуюм гардиданд.
Дар даври ҷумҳуриявии Олимпиадаи номии хонандагони муассисаҳои  таҳсилоти умумӣ 190 нафар хонанда иштирок намуд. Аз ин шумора 40 нафар хонанда сазовори ҷойи ифтихорӣ (9 медали тилло, 15 медали нуқра, 16 медали биринҷӣ) гардиданд. Дар олимпиадаи мазкур хонандагони вилояти Суғд сазовори 19 ҷойи ифтихорӣ (7 медали тилло, 7 медали нуқра, 8 медали биринҷӣ), вилояти Хатлон сазовори 9 ҷойи ифтихорӣ (2 медали тилло, 2 медали нуқра, 5 медали биринҷӣ), шаҳри Душанбе сазовори 8 ҷойи ифтихорӣ (2 медали тилло, 5 медали нуқра, 1 медали биринҷӣ), хонандагони шаҳру ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ сазовори 4 ҷойи ифтихорӣ (1 медали тилло, 1 медали нуқа, 2 медали биринҷӣ) гардиданд.
Маросими ҷамъбастии олимпиадаҳо бо иштироки Нуриддин Саид-вазири маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон доир гардид. Зимни суханронӣ вазири маориф ва илм қайд кард, ки рӯз то рӯз сафи хонандагон-иштирокчиён дар олимпидаҳо зиёд гардида, сатҳи дониши онҳо низ нисбат ба солҳои қаблӣ боло рафтаааст. Бо назардошти болоравии сифати таҳсилот кумитаи тадорукотии олимпиада шартҳои озмунро низ пайваста мураккаб менамояд. 
-Имрӯзҳо зарур аст, кумитаи тадорукотии олимпиада таҷрибаи кишварҳои хориҷиро омӯхта, тартибу низоми баргузории олимпиадаро тағйир диҳад. Яъне, муҳим нест, ки барои ширкат дар олимпиада ба синну соли хонанда таваҷҷуҳ шавад, балки мутаносибан ба фанҳо бештар ба сатҳи дониши иштирокчӣ баҳогузорӣ карда шавад,-қайд кард Нуриддин Саид. 
Ғолибони даври ҷумҳуриявии Олимпиадаҳои даставӣ ва номии хонандагони муассисаҳои таҳсилоти умумӣ бо ҷом, медали рамзӣ, Ифтихорнома ва туҳфаҳои хотиравии Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон сарфароз гардонида шуданд.
Хонандагоне, ки сазовори ҷойҳои 1, 2 ва 3 гардидаанд, ҳангоми супоридани имтиҳонҳои Маркази миллии тестии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон таносубан ба 100, 75 ва 50 холи (бонус) иловагӣ сарфароз гардонида мешаванд.


Аҳмадшоҳи МАСЪУД