Ҷоми вазир - насиби варзишгарони маорифи пойтахт

25-04-2018
Соли дуюм аст, ки ба муносибати Наврӯзи байналмилалӣ Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон байни сохторҳои вазорат ва муассисаҳои таълимии кишвар мусобиқаи футболи хурдро барои дарёфти Ҷоми вазири маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳти шиори «Варзиш- гарави солимии ҷомеа» доир менамояд. Дар мусобиқаи имсола 28 даста аз сохторҳои тобеъ ва муассисаҳои таҳсилоти миёна ва олии касбии пойтахт иштирок карданд. Рӯзи 25 апрел дар майдончаи варзишии навсохти назди муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии рақами 35-и пойтахт даври ниҳоии мусобиқа барои ба даст овардани ҷойҳои аввал доир гардид. Дар қувваозмоии пуршиддат байни дастаҳои сарраёсати маорифи шаҳри Душанбе ва Донишгоҳи техникии Тоҷикистон ба номи М. Осимӣ футболбозони дастаи сарраёсати маорифи шаҳри Душанбе бо ҳисоби 3:1 ғолиб баромада, соҳиби ҷойи аввал шуданд. 
Дар маросими ҷамъбасти мусобиқа вазири маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон Нуриддин Саид баромад карда, таъкид дошт, ки таваҷҷуҳ ба варзиш бо ҳидояти Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бештар гардида, тавассути андешидани тадбирҳои мушаххас аз тарафи мутасаддиёни соҳаи маориф шумораи торафт бештари хонандагону донишҷӯён ва омӯзгорону кормандон дар чорабиниҳои варзишӣ иштирок мекунанд. Сипас, ба ташкилкунандагону иштирокчиёни мусобиқа, аз ҷумла мутасаддиёни Федератсияи футболи Тоҷикистон, кумитаи иттифоқи касабаи кормандони маориф ва илми кишвар, масъулони майдончаи варзишӣ, шуъбаи маорифи ноҳияи Сино, муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии рақами 35, саркотиб, сардовар, довар, омӯзгори тарбияи ҷисмонӣ, дарвозабон, нишонзан, бозингари беҳтарин сипосномаю ифтихорномаҳои Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон, туҳфаҳои хотиравӣ ва мукофоти пулӣ тақдим гардид. Ба дастаи ғолиб - сарраёсати маорифи шаҳри Душанбе Ҷоми вазири маориф ва илми кишвар, ифтихорнома, медалҳо, мукофоти пулӣ дар ҳаҷми 15 ҳазор сомонӣ, ҷойи дуюм - дастаи ДТТ ба номи М. Осимӣ ҷом, ифтихорномаи Вазорати маориф ва илм, медалҳо, мукофоти пулӣ дар ҳаҷми 10 ҳазор сомонӣ, ҷойи сеюм - дастаи Донишгоҳи миллии Тоҷикистон ҷом, ифтихорномаи Вазорати маориф ва илм, медалҳо, мукофоти пулӣ дар ҳаҷми 5 ҳазор сомонӣ супорида шуд. 
Мусобиқаи ниҳоии футболи хурд ва ҷамъбасти он бо иштироки  вазири маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон Нуриддин Саид, муовинони вазир, муовини Федератсияи футболи Тоҷикистон Алишер Урунов, раиси Иттифоқи касабаи кормандони маориф ва илм Рамазон Одиназода, роҳбарони зерсохторҳои вазорат, мутасаддиёни чорабинӣ ва тамошобинони зиёд хеле хотирмон гузашт.
             
 
Маркази матбуоти Вазорати маориф 
ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон