Омили ташаккули тафаккури хонанда

04-06-2018
Гузаштан ба таълими муносибати босалоҳият тақозои замон аст. Зеро тараққиёту рушду нумӯи соҳаҳои муҳими кишвар аз устувории пойдевори соҳаи маориф ва илм сарчашма мегирад ва вусъати рӯзафзуни ин соҳаи афзалиятнок вобаста аст ба фаъолияти омӯзгорони асил ва заҳмату меҳнати фидокоронаи онҳо. Аз таҷрибаи давлатҳои мутараққӣ дар кори таълиму тарбия бармеояд, ки даҳ хусусияти фарқкунандаи таълими босалоҳият ба омӯзгор имкон медиҳад, ки сатҳи дониши хонандагонро баланд бардошта, барои ташаккули шахси бомаърифат замина гузошта шавад. Хусусиятҳои асосии муайяншудаи раванди таълими босалоҳият инҳоянд:
1. Масъулият - хонандагон дар раванди таълиму тарбия саҳм ва масъулият дошта, худро шахси арзанда ва аъзои коллектив ҳис мекунанд.
2. Имкониятҳо - хонандагон имконият доранд, ки ба таври мушаххас хонанд, нависанд, ҳисоб кунанд ва фаъолиятҳои дигари таълимиро иҷро намоянд.
3. Машғулият - хонандагон барои омӯхтан ҳавасманданд, дар фаъолиятҳои таълимӣ фаъолона иштирок мекунанд.
4. Муаррифӣ (намоиш додан) - намоиш додани намунаи натиҷаи малакаҳои беҳтарин, мушоҳида намудан ва аз худ кардани тарзи дурусти он.
5. Таваккал кардан - хонандагон барои таҳқиқи мавзӯъ ақидаҳои худро пешниҳод намуда, ҳавасманд гардонида мешаванд.
6. Дастурдиҳӣ (супоришдиҳӣ, таълим-диҳӣ) – омӯзгорон малака ва стратегияҳои хондану навиштанро ба хонандагон таълим медиҳанд.
7. Аксуламал - муҳокима ва таҳлили умумии мазмуни матнҳо аз ҷониби хонандагон ва натиҷаи муаррифии корҳояшон ба аҳли синф.
8. Интихоб - хонандагон дар доираи меъёрҳои муайян барои хондану навиштан имконияти интихоби матн (китоб) –ро доранд, ки ин ҳаваси онҳоро ба хондану навиштан ва иҷрои фаъолиятҳои дигари таълим зиёд менамояд.
9. Вақт-ба таври муайян тавсия мешавад.
10. Арзёбӣ - имконият медиҳад, ки хонандагон кори худро назорат баранд ва дар раванди арзёбӣ иштирок кунанд.
Маҳз ҳамин хусусиятҳои фарқкунан-даи таълими салоҳиятнок хонандагонро водор месозад, ки новобаста аз қобилияту истеъдодашон худро шахсияти арзанда дониста, дар ҳалқаи ҳамдигар супоришҳоро иҷро намоянд, бо ҳам омӯзанд ва фаъолият намоянд. 
 
Рухсора Азимова,
Нодира Хоҷаева, 
омӯзгорони синфҳои ибтидоии
мактаби №36, шаҳри Душанбе