Омилҳои ба ҷиноят даст задани ноболиғон

20-05-2019
Ба ҷиноят даст задани ноболиғон ба яке аз мушкилиҳои ташвишовари ҷомеа табдил ёфтааст. 
Сабрина Рустамзода, коршиноси соҳаи маориф, равоншинос, бар ин андеша аст, ки дар оила тарбияи дуруст надидан, рӯҳан солим набудани наврас, таъсири муҳити носолим онҳоро ба чунин амалҳои зишт мебарад.
Масалан, агар наврас дар оила тарбияи дуруст дида бошад, вале бо кӯдакону наврасони аз тарбия дурмонда рафиқ гардад, ҳатман ӯ ба рафиқони худ тақлид мекунад ва ё дар амалҳои онҳо ҳамроҳ мешавад. Бинобар ин, бояд наврасро дар ҳама ҷо таҳти назорат қарор дод. Ба масъалаи дар куҷо будан, бо кӣ нишастан ва суҳбату бозӣ кардани ӯ аҳамияти аввалиндараҷа додан лозим аст. 
- Ростӣ, бештар ақидаеро дастгирӣ мекунам, ки барои пешгирии ҷинояткории ноболиғон бо калонсолон корҳои омӯзишӣ, фаҳмондадиҳӣ-иттилоотӣ ба роҳ монда шавад, - афзуд С. Рустамзода. - Дар ҳамин маврид метавонем хубтар муваффақ гардем. Мушоҳида мегардад, ки тарбиятдиҳандагон баъзан худ аз усулҳои таъсирбахш бехабаранд ва ё ба моҳияти ин раванд дуруст сарфаҳм намераванд. Кӯдак ба мактаб рафт, мо гуфта наметавонем, ки ҳамаи омӯзгорон муваффақона дарс мегӯянд. Зеро имрӯз бо сабаби норасоии омӯзгорони касбӣ, бахусус, дар ноҳияҳои дурдаст, омӯзгорони ғайриихтисос ҷалб гардидаанд, ки аз педагогикаву психология бохабар нестанд, раванди тарбияро намедонанд. Волидон низ ҳамин гуна мушкилӣ доранд. Барои ҳамин, пешниҳод доштам, ки роҷеъ ба тарбияи кӯдаку наврас барои омӯзгорон ва барои волидон дар мактабҳо дарсҳои кӯтоҳмуддат ба роҳ монда шаванд. 
Сардори шуъбаи Вазорати корҳои дохилӣ дар шаҳри Бохтар Н. Исозода изҳор дошт, ки тибқи таҳлилҳо, омилҳои асосии ба амалҳои номатлуб даст задани ноболиғон дар он аст, ки омӯзгорони муассисаҳои таълимӣ рафтори ношоистаи хонандагонро пинҳон мекунанд. Бештари ҷиноятҳои авбошии ноболиғон дар асоси ба муассисаи таълимӣ овардани телефонҳои мобилӣ мебошад. 
- Баъзе волидон тарбияро танҳо дар хӯронидану пӯшонидани фарзанд медонанд ва дигар паҳлуҳои тарбияро ба инобат намегиранд. Дар тарбия бештар таъсиррасонии калонсолон ҳатмист ва он бояд мақсаднок бошад. Он чизеро, ки дар раванди шахсиятшавӣ таъмин насозем, ба муносибату ақида ва инкишофи онҳо, ҷаҳонбинию эътиқод, ахлоқ, ҳиссиёти онҳо таъсир нарасонем, кӯдак тарбияи дуруст намегирад. 
И. Нусратзода, прокурори шаҳри Бохтар, гуфт, ки дар шароити мураккаби ҷаҳонишавӣ ва ҷангҳои иттилоотӣ моро зарур аст, ки ба тарбияи ҳарбӣ-ватандӯстии насли наврас диққати ҷиддӣ диҳем. Дар мағзшӯию муқовимат бо ҳар гуна иттилооти ифротӣ бояд аз зиракии сиёсӣ ва ҳуқуқӣ истифода карданро ба онҳо омӯзем ва пайваста барои баланд бардоштани донишашон кӯшиш намоем. Дар ин роҳ аҳли ҷомеа, волидайн ва кормандони соҳаи маориф дар тарбияи инсони созанда ва вафодор барои ҷомеа саҳмгузорӣ карда метавонанд.
Саидҷаъфар Сафарзода, коршиноси соҳа, омили асосии ба ҷнояткорӣ даст задани ноболиғонро дар ҷудо шудани оилаҳо мебинад. Ба ақидаи ӯ, аксари ноболиғоне, ки ба амалҳои номатлуб даст мезананд, аз оилаҳои нокомил мебошанд. Дар натиҷаи пароканда гардидани оилаҳо фарзандон осебпазиру дастнигар мешаванд ва ин боис мегардад, ки онҳо ба дуздӣ, қаллобӣ даст мезананд. Омили дигар, таъсири кам доштани дарсҳои тарбиявӣ дар мактаб ва истифодаи бемақсади интернет мебошад. 
Фотима Рустамзода, ҷомеашинос, дар ин робита изҳор медорад:
- Бояд мо донем, ки фарзандамон бо кӣ ва чӣ гуна шахс ҳамнишин аст. Зеро агар дар хонавода ҳарчанд кӯдакро назорат барем, дар кӯчаву мактаб беназорат бошад, рафиқони ҳамнишини ӯ ба осонӣ фарзандамонро аз роҳ бароварда метавонанд. Зеро аксаран мушоҳида мегардад, ки ноболиғон зиёда аз ду-се нафар ба ҷиноят даст мезананд. Ками дар кам ба назар мерасад, ки як нафар ноболиғ дар танҳоӣ ҷиноят содир кунад.
Пешниҳоди Ф. Рустамзода чунин аст, ки бояд дар ҳар як муассисаи таълимӣ психологи тахассусманд фаъолият намояд. 
Аз машварати психолог мардуми деҳа, волидони хонандагон метавонанд бархӯдор бошанд. Яъне психологи соҳибтахассус дар баробари ба омӯзгорону хонандагон кумак кардан, ба падару модарон ва дигар калонсолон низ ёрии амалӣ мерасонанд. 
Комил Насруллоев (номи шартӣ), хонандаи муассисаи таълимӣ, дар суҳбат  иқрор кард, ки як маротиба бо рафиқонаш дуздӣ карда, се-чор маротиба бо хонандагони синфҳои болоӣ ҷанг кардааст. Сабаби дуздӣ карданашро дар эҳтиёҷ ба пул шарҳ дод. Нақл мекунад, ки падарам дар муҳоҷират ва модарам дар ошхона кор мекунад. Барои таъмини оила мушкилӣ мекашем. Чанд маротиба бо сабаби супоридани пули китоб аз дарс берунам кардаанд, ё муаллима ҷангу ҷанҷол кардааст. Ба ман як телефони мобилӣ маъқул шуд. Ҷӯраҳоям доранд, вале ман надорам. Бо се рафиқам маслиҳат кардем ва ҷузвдонҳои хонандагони синфҳои болоиро дар дарси таълими меҳнат ва варзиш кофтем. 8 адад телефон гирифтем. Ҳеҷ кас нафаҳмид ва дар дарси забон бо телефон бозӣ доштам, ки муаллим диду сумкаамро кофта, 5 телефонро ёфт. Дар танҳоӣ пурсид ва маро тарсонид. Ба ӯ гуфтам, ки телефонҳои синфҳои 11-ро гирифтем. Рафиқонамро низ даъват карду телефонҳоро гирифт ва гуфт, ки дигар ин амалро такрор накунем, ки аз мактаб пеш мекунанд. Дар масъалаи ҷангу ҷанҷол бошад, синфҳои болоӣ худро «Шеф» гирифта, моро ғам медиҳанду кор мефармоянд. Агар гапашонро нагирем, мезананду мазоҳ мекунанд. Як рӯз 4 хонандаи синфи 9-ро ҳамроҳи ҳамсинфон задем. Ҳамаамонро директору муаллимамон заданду баёнот гирифтанд. Онҳо гуфтанд, ки агар як бори дигар ин корро такрор кунем, аз мактаб пеш мекунанд ё ба милиса хабар медиҳанду паси панҷара меравем.
Дар умум, гуфтан мумкин аст, ки дар даст задани ноболиғон ба амалҳои номатлуб омилҳои зиёде ҷой доранд, ки ба ислоҳи онҳо маҳз дар натиҷаи муборизаи ҳамаи кишварҳои ҷомеа ва тарбияи насли навро дар зинаи аввал гузоштан, метавонем муваффақ гардем.
 
С.АЗИЗӢ