ОМОДАГӢ БА АТТЕСТАТСИЯИ ХАТМ ДАР ДОНИШГОҲУ ДОНИШКАДАҲОИ КИШВАР

06-05-2024
Имрӯз, 6-уми майи соли 2024 дар Вазорати маориф ва илм ҷиҳати иҷрои дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва омодагӣ ба аттестатсияи хатм дар донишгоҳу донишкадаҳои кишвар ҷаласаи кории вазири маориф ва илм Раҳим Саидзода бо ректорони муассисаҳои таҳсилоти олии касбии кишвар баргузор гардид.
Дар ҷаласа масъалаҳои аттестатсияи хатм дар муассисаҳои таҳсилоти олии касбӣ, пешгирии омилҳои коррупсионӣ, дар сатҳи баланд ташкил намудани имтиҳонҳои давлатии хатм ва имтиҳонҳои ҷорӣ, таъмини иштироки донишҷӯён дар дарсҳо, тақсимоти мутахассисони равияи омӯзгорӣ дар донишгоҳу донишкадаҳо, дар сатҳи хубтар ба роҳ мондани фаъолияти паркҳои технологӣ, иштироки фаъолонаи донишҷӯён дар олимпиадаҳои ҷумҳуриявӣ ва байналмилалӣ, аз аккредитатсияи байналмилалӣ гузаронидани ихтисосҳо, таҳияи санадҳои нави ҳамкорӣ бо муассисаҳои таҳсилоти олии касбии кишварҳои хориҷ, таъсиси шуроҳои диссертатсионии муштарак, баланд бардоштани мавқеи омӯзгор, пешгирии гаравидани донишҷӯён ба ҳизбу ҳаракатҳои гуногун, пешгирии урфу одат ва анъанаҳои барои миллати мо бегона, риояи интизоми меҳнат, иҷрои Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи забони давлатӣ” ва бурдани корҳои ташвиқотӣ ҷиҳати ҷалби довталабон ба муассисаҳои таҳсилоти олии касбӣ мавриди таҳлилу баррасӣ қарор дода шуда, ба масъулин ҷиҳати иҷрои масъалаҳои дар боло зикршуда ва дар сатҳи беҳтар ба роҳ мондани фаъолият дастуру супоришҳои мушаххас дода шуд.

Маркази матбуоти
Вазорати маориф ва илми
Ҷумҳурии Тоҷикистон