ОМОДАГИИ ФИЗИКОНИ ҶАВОНИ ТОҶИК БА ОЛИМПИАДАИ УМУМИҶАҲОНИИ «IPHO» ДАР ДОНИШКАДАИ ФИЗИКА ВА ТЕХНОЛОГИЯ ДАР ШАҲРИ МАСКАВ

14-07-2024
Баъд аз анҷоми Олимпиадаи байналмилалии илмӣ аз фанни физика «ISPhO», ки рӯзҳои 3-11 июли соли 2024 дар вилояти Мухтори Ханти-Мансийски Донишкадаи физика ва технологияи Маскав (МФТИ) баргузор гардида буд, дастаи мунтахаби Ҷумҳурии Тоҷикистон, Арманистон, Ҳиндустон, Қазоқистон, Қирғизистон, Перу, Туркманистон ва Ӯзбекистон ба шаҳри Маскав барои омодагӣ ба Олимпиадаи умумиҷаҳонии «IPhO» аз фанни физика, ки аз 21-30 июли соли 2024 дар вилояти Исфаҳони Ҷумҳурии Исломии Эрон баргузор мегардад, сафарбар карда шуд. Дарсҳои лагери омӯзишӣ 12 июл оғоз ёфта, то 19 июл идома меёбад.
Ҳадаф аз баргузории курсҳои омӯзишӣ дар он аст, ки хонандагони мо дар ҷараёни омӯзиши имтиҳони таҷрибавии худ бештар ба қисматҳои амалӣ машғул мешаванд.
Бояд тазаккур дод, ки хонандагон дар рафти омодагӣ аз таҷрибаи беназири олимони Россия барои омодагӣ ба Олимпиадаи умумиҷаҳонии IPhO аз фанни физика дарс мегиранд.
Хонандагон бештар ба омӯзиши малакаҳои асосии таҷрибавӣ дар оптика ва параметрҳои муайяншудаи унсурҳои оптикии гуногун, ба монанди линзаҳо ва оинаҳои барҷаста ва конкавӣ омодагӣ мебинанд. Хонандагон дар бораи монтаж кардани дастгоҳҳои оптикӣ, дуруст ҳамоҳанг кардани онҳо ва ба даст овардани нурҳои якхелаи параллелӣ ва тасвирҳои якбора нигаронидашуда фаҳмиш гирифтанд. Мақсади дигари ин вазифа дар он аст, ки онҳо ба таври таҷрибавӣ қонунҳои назариявии оптикаи геометрӣ барои унсурҳои ғайриидеалии ҳаёти воқеиро татбиқ мекунанд.
Қайд кардан зарур аст, ки таҷрибаҳо бо асбобҳои оптикӣ ба конкурсҳои байналхалқии физика аксар вақт дохил карда мешаванд.