ОМӮЗИШ, САНҶИШ ВА ТАҲЛИЛИ РАВАНДИ ТАТБИҚИ НИЗОМИ БАҲОГУЗОРИИ 10-ХОЛА ДАР МУАССИСАҲОИ ТАЪЛИМӢ

13-05-2024
Имрӯз, 13-уми майи соли 2024, дар толори Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷаласаи гурӯҳи корӣ таҳти роҳбарии муовини якуми вазири маориф ва илм Ҷамшед Ҷӯразода баргузор гардид. Дар ҷаласа сардорони раёсату шуъбаҳои дахлдори дастгоҳи марказии вазорат, роҳбарони муассисаҳои тобеъ, тренерони соҳавӣ ва дигар кормандони соҳаи маориф иштирок намуданд.
Зимни ифтитоҳи ҷаласа муовини якуми вазири маориф ва илм иброз дошт, ки гузаштан ба низоми нави баҳогузорӣ тақозои замони муосир буда, моро мебояд, ки ҷиҳати амалӣ шудани низоми нави баҳогузорӣ чораҳои таъхирнопазир андешем. 
Гуфта шуд, ки санҷидан ва арзёбӣ кардани дониш ва маҳорату малакаҳои хонандагон дар раванди таълим яке аз муҳимтарин омилҳои рушди зеҳнӣ, бедор кардани шавқу рағбати кӯдакон барои фарогирии дониш ва аз ҷиҳати маънавӣ ҳавасманд гардонидани онҳо буда, яке аз воситаҳои муҳимми назорати падару модарон нисбат ба фаъолияти таълимии фарзандон мебошад. Маҳз тавассути баҳогузорӣ дониши хонанда арзёбӣ мегардад ва падару модарон ба воситаи он раванди донишазхудкунии фарзандонро назорат карда, бо омӯзгорон ва муассисаи таълимӣ ҳамкорӣ менамоянд. Бинобар ин, ҷиҳати идомаи ислоҳот дар ин самт Вазорати маориф ва илм омӯзишу озмоишро ба роҳ монда, барои амалӣ намудани онҳо гурӯҳҳои корӣ таъсис додааст. Гурӯҳҳои корӣ дар 140 муассисаи таълимӣ низоми баҳогузории мазкурро роҳандозӣ менамоянд ва аз ҷониби мутахассисони соҳа ба таври амиқ мавриди таҳқиқ ва таҳлилу омӯзиш қарор мегирад.
Дар охир миёни иштирокчиён мубодилаи афкор сурат гирифт.

Маркази матбуоти
Вазорати маориф ва илми
Ҷумҳурии Тоҷикистон