«ҶОН ШАВУ АЗ РОҲИ ҶОН ҶОНРО ШИНОС». Тоҷикистон 815-солагии Мавлоно Ҷалолуддини Балхиро дар қароргоҳи ЮНЕСКО таҷлил менамояд

07-06-2024
Тавре қаблан иттилоъ додем, аз 5 то 8 июн дар қароргоҳи ЮНЕСКО-шаҳри Париж бо ташаббуси Ҷумҳурии Тоҷикистон ба бузургдошти 815-солагии Мавлоно Ҷалолуддини Балхӣ намоиши мусаввараву либосҳои миллии тоҷикӣ, конфронси байналмилалии илмӣ ва барномаи фарҳангӣ доир мегардад.
Мавлоно Ҷалолуддини Балхӣ ҷаҳонро бо андешаҳову афкори созандаи худ тасхир кардааст. Имрӯз ҳам бо гузашти асрҳо ӯ яке аз симоҳои маҳбуб ва пазируфташудаи илму адаби дунё аст, ки асарҳояш серхонандатарин дар олам буда, аз ҷиҳати теъдоди чоп дар сафи нахустин қарор доранд.
Тавре номзади илми филологӣ, мудири шуъбаи адабиёти муосири Институти забон ва адабиёти ба номи Рӯдакии Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон Беҳрӯзи Забеҳулло дар суҳбат баён намуд, «бо гузашти 800 сол ҳанӯз ҳам осори Мавлоно таваҷҷуҳи аҳли башарро ба худ ҷалб менамояд. Мавлоно нахустин ҳакимест, ки масъалаи инсонро дар меҳвари мавзуоти ҳастишиносӣ қарор дод ва таъкид намуд, ки бе шинохти вуҷуди ӯ шинохти олами зоҳир ғайримумкин аст.
То кунун ҳеч андешаманде дар ин замина ба ҳадди Мавлоно дар бораи олами ботинии инсон маълумот ва шинохт пайдо ва пешниҳод накардааст. Мавлоно инсонро ба оина ташбеҳ мекунад, ки дар сурати он тамоми ҷаҳон ҷой мегирад. Аммо ин оина ба далели фаромӯшӣ зангор бастааст ва дигар қодир ба намоиши тасвири ҳақиқати ҷаҳон нест. Ҳақиқат амрест, ки нураш дар зулмот мунъкис намешавад. Барои дарку шинохти ҳақиқат нахуст бояд, ки оинаро аз зангор покиза кард».
Аз дидгоҳи Мавлоно қудрати руҳонию ҷисмонии инсон аз андешаи ӯ маншаъ мегирад. Андешаи солим хоси инсонҳои комил аст ва парешонӣ насиби одамони заъифу нохудогоҳ. Мавлоно одамро ҳақиқати мутлақи олами ҳастӣ медонад, ки заъфу бечорагиаш аз сари ноогоҳӣ сар задааст.
Ҷолиб аст, ки Мавлоно барои шинохти олами таҷарруд методологияи хоси худро дорад. Ӯ муътақид аст, ки ба воситаи усулҳои улуми ақлӣ дарки қавонину мавозини олами боло ғайриимкон аст. То кунун ҳеч кас натавониста ин назарияи Мавлоноро аз назари илмӣ рад намояд:
Ҷон шаву аз роҳи ҷон ҷонро шинос,
Ёри биниш шав, на фарзанди қиёс.
Мавлоно марду тезҳуш ва қолабшикан будааст. Ӯ барои расидан ба ҳақиқат қолабҳои фикрию мантиқӣ ва ҳатто забониро пора-пора мекунад. Гоҳе дар ҷомаи ваҳдати вуҷудӣ зоҳир мешавад ва гоҳе дар пироҳани ваҳдати шуҳудӣ. Гоҳе ба файласуфон метозад ва гоҳе худ баландтарин андешаи фалсафиро баён мекунад. Ӯ худро пойбанди ягон мактаби фикрӣ, қолабҳо ва меъёрҳои роиҷ дар фалсафаву ҳикмат намедонад, балки муътақид буд, ки тамоми қолабу меъёрҳои таърифшуда худ монеи расидан ба ҳақиқат ҳастанд.
Мавлоно нафс ва ҳавову ҳаваси одамиро бузургтарин монеаи рушду такомули ӯ дар роҳи ҳақиқат медонад. Ислоҳи феълу атвори берунӣ барои наҷоти инсон кофӣ нест, балки ӯ бояд аҳволи ботинии хешро дигаргун намояд.
Воқеан, осори гаронбаҳо, бешабеҳ ва арзишманди Мавлонои Балх баъд аз сипарӣ шудани беш аз ҳаштсад сол ҳанӯз аҳамият ва қадру қимати худро гум накардааст, балки, баръакс, имрӯз беш аз ҳар вақт дар олам нуфузу обрӯ дорад ва пешгоми ҷомеа мебошад, ки мояи сарфарозӣ ва ифтихори мо, ворисони ӯ аст.

АМИТ «Ховар»