ОҒОЗ БАХШИДАНИ КОРҲОИ СОХТМОНӢ ДАР МАКТАБИ №93-И ДЕҲАИ ФАЙЗБАХШИ ШАҲРИ ТУРСУНЗОДА

17-12-2021
17-уми декабри соли ҷорӣ бо иштироки вазири маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон Муҳаммадюсуф Имомзода, раиси шаҳри Турсунзода Парвиз Акрамзода, муовини вазири маориф ва илм Нуралӣ Собирзода, роҳбари гурӯҳи татбиқи лоиҳаи “Таҷдид ва идомаи сохтмони мактабҳои миёна” Баҳром Сатторӣ, сардори раёсати сохтмони асосии вазорат Дилшод Сафарзода, сокинони деҳаи Файзбахши шаҳри Турсунзода ба сохтмони нотамоми муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №93 барои 640 ҷойи нишаст оғоз бахшида шуд.
Зимни суҳбат бо сохтмончиёну сокинони деҳа иттилоъ дода шуд, ки корҳои сохтмонӣ дар иншооти мазкур аз ҳисоби марҳилаи навбатии Бонки Исломии Рушд анҷом дода шуда, пудратчии лоиҳа ҶДММ “Содот-сохтмон” мебошад ва ба корҳои сохтмонї пурра устоҳои маҳаллӣ ҷалб гардидаанд.
Раиси шаҳри Турсунзода П. Акрамзода зикр кард, ки сохтмони муассисаи мазкур соли 2007 оғоз гардида, корҳои сохтмонӣ соли 2012 қатъ карда мешавад. Деҳаи Файзбахш ҳамчун деҳаи наздисарҳадии ҳаммарз бо Ҷумҳурии Ӯзбекистон буда, дар он зиёда аз 1000 хоҷагӣ зиндагӣ дорад ва хонандагони деҳа ҳамарӯза барои таҳсил тавассути автобуси ташкилнамудани мақомоти маҳаллӣ ба дигар деҳа бурда мешуданд.
Вазири маориф ва илми кишвар М.Имомзода ба масъулин дастур дод, ки ҷиҳати таъмини ҳарчи зудтари хонандагон бо муассисаи таълимию ҷойи нишаст корҳои сохтмонӣ бо сифати баланд ва дар муҳлати кутоҳ ба анҷом расонида шавад.