ОҒОЗИ ҶАЛАСАИ ШУРОИ ДИРЕКТОРОНИ ШАРИКИ ГЛОБАЛӢ ДАР СОҲАИ МАОРИФ ДАР ШАҲРИ БЕРЛИНИ ҶУМҲУРИИ ФЕДЕРАТИВИИ ОЛМОН

04-06-2024
4-уми июни соли равон дар шаҳри Берлини Ҷумҳурии Федеративии Олмон ҷаласаи Шурои директорони Шарикии глобалӣ дар соҳаи маориф оғоз гардид. Дар кори ҷаласа вазири маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон Раҳим Саидзода дар баробари як қатор вазирони маорифи кишварҳои гуногун иштирок намуд.
Вазири маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон дар қисмати ифтитоҳӣ ҳамчун аъзои Шурои директорон вобаста ба таваҷҷуҳи бештар зоҳир намудан ба соҳаи илму маориф дар замони муосир ва бартарият ба он суханронӣ намуда, қайд дошт, ки соҳаи илму маориф асоси рушди иҷтимоӣ, иқтисодӣ ва фарҳангии ҳар як давлатро ташкил медиҳад. Ҳамаи шаҳрвандон танҳо баъди гузаштан аз зинаҳои гуногуни таҳсилот вориди ҳаёти сиёсию иқтисодӣ, фарҳангу маориф, тиҷорату бозаргонӣ ва низомӣ мегарданд. Аз ин лиҳоз, соҳаи маорифро метавон заминаи рушди ҳамаи соҳаҳои дигар номид.
Интизор меравад, ки ҷаласаи Шурои директорони Шарикии глобалӣ дар соҳаи маориф дар шаҳри Берлини Ҷумҳурии Федеративии Олмон то 6-уми июн давом намояд.

Маркази матбуоти
Вазорати маориф ва илми
Ҷумҳурии Тоҷикистон