ОҒОЗИ БАРГУЗОРИИ ДАВРИ ҶУМҲУРИЯВИИ ОЛИМПИАДАИ ФАНҲОИ ТАБИӢ-РИЁЗӢ МИЁНИ ХОНАНДАГОНИ СИНФҲОИ 5-6

13-05-2023
13 майи соли равон аз ҷониби Муассисаи давлатии “Маркази ҷумҳуриявии дарёфт ва рушди истеъдодҳо”-и назди Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Муассисаи таълимии давлатии «Мактаби Президентӣ барои хонандагони болаёқат» дар шаҳри Ҳисор даври ҷумҳуриявии олимпиадаҳои фаннӣ барои хонандагони синфҳои 5-6 аз фанҳои табиӣ-риёзӣ оғоз гардид. Дар он   директори Маркази ҷумҳуриявии дарёфт ва рушди истеъдодҳо Нусратулло Саломиён, намояндагони раёсату шуъбаҳои маориф, омӯзгорону волидон ва хонандагон иштирок намуданд.
Дар озмун вобаста ба суолҳои иштирокчиён муовини директори Маркази ҷумҳуриявии дарёфт ва рушди истеъдодҳо Сафарзода Умед суханронӣ намуда, хонандагонро бо шартҳо ва тартиби баргузории олимпиада шинос намуд.
Баъди маросими ифтитоҳӣ хонандагон вобаста ба фанҳо ба гурӯҳҳо ҷудо шуда, донишу маҳорати худро нишон дода истодаанд.
Дар олимпиадаи мазкур 600 нафар хонандагони синфҳои 5-6 аз муассисаҳои таҳсилоти умумӣ аз фанҳои табиӣ-риёзӣ (математика, биология, география ва технологияи иттилоотӣ ) иштирок намуда истодаанд.

Маркази матбуоти
Вазорати маориф ва илми
Ҷумҳурии Тоҷикистон