Оғози даври сеюми истироҳати мактаббачагон дар истироҳатгоҳи беруназшаҳрии "Зимчуруд"

10-07-2024
Истироҳати тобистонаи кӯдакону наврасони ноҳияи Шоҳмансур дар истироҳатгоҳи беруназшаҳрии "Зимчуруд" дар 4 баст бо давомнокии 12 рӯз дар ҳар баст, тариқи ройгон ба роҳ монда шудааст. Ҳамакнун истироҳати наврасон дар даври сеюм шуруъ шуд.
Дар асоси қарори марбутаи Раиси шаҳри Душанбе барои ба истироҳати тобистона ҷалб кардани кӯдакону наврасони пойтахт дар истироҳатгоҳҳои мавсимии беруназшаҳрӣ, варзишию солимгардонӣ ва наздимактабӣ тадбирҳои зарурӣ андеша шуд. Татбиқи қарори дахлдори Раиси шаҳри Душанбе кӯдакони ятиму бепарастор, кӯдакон аз оилаҳои камбизоат, кӯдакони болаёқат ва кӯдакони кормандони соҳаҳои гуногунро тариқи роҳхат ба истироҳатгоҳҳо овард ва мактаббачагон дар даврҳои як ва дуюм 12 рӯзӣ истироҳату фароғат карданд. Истироҳатгоҳи беруназшаҳрии "Зимчуруд" дар даври сеюми қабули истироҳаткунандагон 250 нафар мактаббачагони МТМУ-и ноҳияи Шоҳмансурро фаро гирифт.
Басти сеюми истироҳат аз 9 то 20-уми июл ҷараён мегирад. Истироҳатгоҳи беруназшаҳрии "Зимчуруд" бо кадрҳои омӯзгорӣ таъмин буда, чорабиниҳои таълимию тарбиявӣ ва варзишҳои пагоҳирӯзӣ ҳамарӯза дар сатҳи баланд ташкил карда мешавад. Ин ҷо ҳолати санитарию гигиенӣ пайваста зери назорати мутахассисон қарор дорад. Наврасон баробари фароғату истироҳат дар ин ҷо бо табиати бою рангини Тоҷикистони азиз шинос шуда, дар сайру гашт ва экскурсияҳо иштирок мекунанд. Мактаббачагон навигариҳои туризмро аз наздик мебинанд ва дар маҳфилҳои гуногун иштирок карда, худхизматрасониро меомӯзанд.
Ҷамъомадҳои пагоҳирӯзӣ, хондани суруд, рақсидан, бозиҳои гуногун, хондани китобҳои бадеӣ ва омӯзиши забонҳои хориҷӣ аз ҷумлаи машғулиятҳои маҷмуӣ дар истироҳатгоҳи беруназшаҳрии “Зимчуруд” мебошад. Фароҳам овардани шароити мусоид барои наврасон имкон медиҳад, ки давраи таътили тобистонаи худро хотирмон сипарӣ кунанд.
Истироҳатгоҳи беруназшаҳрии “Зимчуруд”-и ноҳияи Шоҳмансур дар мавсими имсола фаъолияти худро дар чор баст ба роҳ монда, дар маҷмуъ зиёда 600 нафарро ба фароғату солимгардонӣ фаро мегирад. Ҳамзамон дар ҳар як баст ба 20 нафар аз Мактаб-интернати №1-и шаҳри Душанбе барои истироҳату солимгардонӣ роҳхат дода мешавад.

Умедҷон Сайдиллоев
"ТВ Душанбе"