ОҒОЗИ ДАВРИ ҶУМҲУРИЯВИИ ОЛИМПИАДАИ ФАННӢ БАРОИ ХОНАНДАГОНИ СИНФҲОИ 9-10-И МУАССИСАҲОИ ТАҲСИЛОТИ УМУМИИ КИШВАР

05-04-2024
5-уми апрели соли ҷорӣ дар Муассисаи давлатии таълимии «Мактаби байналмилалии президентӣ» дар шаҳри Душанбе олимпиадаи фаннӣ аз фанҳои ҷамъиятӣ-гуманитарӣ ва табиӣ-риёзӣ барои хонандагони синфҳои 9-10-и муассисаҳои таълимии кишвар оғоз гардид. Дар он вазири маориф ва илм Раҳим Саидзода, директори Маркази ҷумҳуриявии дарёфт ва рушди истеъдодҳо Муҳаммад Ғафорзода, намояндагони раёсату шуъбаҳои маориф, омӯзгорону волидон ва хонандагон иштирок намуданд.
Вазири маориф ва илм иброз дошт, ки имрӯз соҳаи маориф зери таваҷҷуҳи бевосита Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор дошта, маблағгузорӣ ба соҳаи маориф сол то сол афзоиш меёбад. Дар ин росто барои амалӣ намудани сиёсати давлатии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президентии Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон яке аз ҳадафҳое, ки Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон пеш гирифтааст, вусъати ҳаракати олимпӣ дар ҷумҳурӣ мебошад.
Дар идома, намояндагони Маркази ҷумҳуриявии дарёфт ва рушди истеъдодҳо хонандагонро бо шартҳо ва тартиби баргузории олимпиада шинос карданд. Баъди маросими ифтитоҳӣ хонандагон вобаста ба фанҳо ба гурӯҳҳо ҷудо шуда, давоми рӯз донишу маҳорати худро нишон медиҳанд.
Дар олимпиадаҳои мазкур 1303 нафар хонанда аз фанҳои ҷамъиятӣ - гуманитарӣ ва табиӣ-риёзӣ иштирок намуда, олимпиада аз 5-ум то 7-уми апрели соли ҷорӣ баргузор мегардад.

Маркази матбуоти
Вазорати маориф ва илми
Ҷумҳурии Тоҷикистон