ОҒОЗИ ДАВРИ ҶУМҲУРИЯВИИ ОЛИМПИАДАҲОИ ФАНҲОИ ҶАМЪИЯТӢ – ГУМАНИТАРӢ МИЁНИ ХОНАНДАГОНИ СИНФИ 11

27-04-2023
27 апрели соли ҷорӣ дар Муассисаи таълимии давлатии “Литсей-интернати Президентӣ барои кӯдакони болаёқати Ҷумҳурии Тоҷикистон” дар шаҳри Душанбе даври ҷумҳуриявии олимпиадаҳои фанҳои ҷамъиятӣ-гуманитарӣ миёни хонандагони синфи 11-и муассисаҳои таҳсилоти умумии кишвар оғоз гардид. Дар он муовини вазири маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон Зиёдулло Абдулзода, директори Маркази миллии тестии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Сабзалӣ Ҷаъфарзода, сардори Сарраёсати маорифи шаҳри Душанбе Баҳром Исмоилзода, директори Маркази ҷумҳуриявии дарёфт ва рушди истеъдодҳо Нусратулло Саломиён, намояндагони раёсату шуъбаҳои маориф, омӯзгорону волидон ва хонандагон иштирок намуданд.
Нахуст Зиёдулло Абдулзода иброз дошт, ки соҳаи маориф дар сиёсати Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон афзалиятнок пазируфта шудааст. Яке, аз ҳадафҳое, ки Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон пеш гирифтааст, баланд бардоштани сифати таҳсилот, рушди ҳаракати олимпӣ ва дар ин замина омода намудани кадрҳои боистеъдод барои бозори меҳнати дохилӣ ва байналмилалӣ мебошад. Имрӯз дар олимпиадаи мазкур хонандагоне роҳхат гирифтаанд, ки миёни ҳамсолони худ дар фанҳои алоҳида беҳтаринҳо ба шумор мераванд.
Сипас, вобаста ба суолҳои иштирокчиён директори Маркази ҷумҳуриявии дарёфт ва рушди истеъдодҳо Нусратулло Саломиён баромад карда, хонандагонро бо шартҳо ва тартиби баргузории олимпиада шинос намуд.
Баъди маросими ифтитоҳӣ хонандагон вобаста ба фанҳо ба гурӯҳҳо ҷудо шуда, донишу маҳорати худро нишон дода истодаанд.
Маврид ба зикр аст, ки дар олимпиадаи мазкур 1006 нафар хонандагони синфи 11 аз муассисаҳои таҳсилоти умумӣ аз фанҳои ҷамъиятӣ-гуманитарӣ (забон ва адабиёти тоҷик, забони русӣ, забони давлатӣ, забони англисӣ, ҳуқуқ, таърих) иштирок намуда, олимпиадаҳо бо ҷалби мутахассисони Маркази миллии тестии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гардида истодааст.
Натиҷаи олимпиада санаи 30-уми апрел эълон мегардад.
Маркази матбуоти
Вазорати маориф ва илми
Ҷумҳурии Тоҷикистон