ОҒОЗИ ФЕСТИВАЛИ "ИСТЕЪДОДҲОИ НАВРАС"

26-06-2023
ш. Душанбе. 26.06.2023. Субҳи имрӯз як гурӯҳ наврасони соҳибистеъдод аз Федератсияи Россия, Ҷумҳуриҳои Ӯзбекистон ва Туркманистон барои иштирок дар Фестивали  III байналмилалии эҷодиёти бадеии кӯдакон ва наврасон "Истеъдодҳои наврас" ба шаҳри Душанбе ташриф оварданд. Дар назар аст, ки имрӯз дигар ширкаткунандагони Фестивал аз дигар кишварҳо ва минтақаҳои Тоҷикистон озими пойтахт мешаванд. Ёдовар мешавем, ки ифтитоҳи расмии Фестивал шоми имрӯз, 26 июни соли 2023, соати 18:30 бо баргузории барномаи фарҳангии идона дар саҳни Муассисаи давлатии "Маркази кӯдакон ва наврасони шаҳри Душанбе" доир мегардад.

Хадамоти матбуоти Сарраёсати маорифи шаҳри Душанбе