ОҒОЗИ КОРҲОИ СОХТМОНӢ ДАР БИНОҲОИ МАЪМУРИИ ШУЪБАҲОИ МАОРИФ ДАР НОҲИЯҲОИ РАШТ, ТОҶИКОБОД ВА ЛАХШ

01-06-2024
1 июни соли ҷорӣ дар доираи дастуру ҳидоятҳо ва сиёсати созандаву бунёдкоронаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон корҳои сохтмонӣ дар биноҳои маъмурии шуъбаҳои маориф дар ноҳияҳои Рашт, Тоҷикобод ва Лахш бо иштироки вазири маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон Раҳим Саидзода, муовини вазири маориф ва илм Дилшод Сафарзода ва раисони ноҳияҳои зикршуда оғоз гардид. 
Биноҳои маъмурии шуъбаҳои маориф тибқи лоиҳаи иншоотҳо аз 3 ошёна иборат буда, дар он ҳуҷраҳои кории мудир, муовин, муҳосибот ва 14 ҳуҷраи кории дигар, толори маҷлисгоҳ ва дигар ҳуҷраҳои техникиву ёрирасон ҷойгир карда шудаанд. 
Ҳамзамон, дар ҳудуди қитъаи замин сохтмони бинову иншооти ёрирасон ва ободонию кабудизоркунии гирду атрофи иншоотҳо пешбинӣ гардидааст.
Зимни оғози корҳои сохтмонӣ дар биноҳои маъмурии шуъбаи маорифи ноҳияҳои Рашт, Тоҷикобод ва Лахш гуфта шуд, ки биноҳои маъмурии шуъбаҳои маорифи ноҳияҳо дар асоси иҷрои дастуру супоришҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, ки дар ҷараёни сафари корӣ ба ноҳияҳои Сангвор, Нуробод, Тоҷикобод, Лахш ва Рашт 24-26 июни соли 2019 баён доштанд, ба нақша гирифта шуда, муҳлати ба истифода супоридани иншоотҳо соли 2026 пешбинӣ гардидааст. 

   Маркази матбуоти
Вазорати маориф ва илми
Ҷумҳурии Тоҷикистон