ОҒОЗИ МАРОСИМИ ҶОИЗАСУПОРӢ БА ҒОЛИБОНИ ДАВРИ ҶУМҲУРИЯВИИ ОЛИМПИАДАИ ФАННӢ МИЁНИ ДОНИШҶӮЁНИ МУАССИСАҲОИ ТАҲСИЛОТИ ОЛИИ КАСБИИ КИШВАР ТАҲТИ УНВОНИ "ПОЯИ ДАВЛАТ НАБОШАД БЕ МАОРИФ УСТУВОР"

17-05-2023
Имрӯз, 17 майи соли 2023 дар толори Донишгоҳи давлатии молия ва иқтисоди Тоҷикистон маросими ҷоизасупорӣ ба ғолибони даври ҷумҳуриявии олимпиадаи фаннӣ миёни донишҷӯёни муассисаҳои таҳсилоти олии касбии кишвар оғоз гардид, ки дар он вазири маориф ва илм Раҳим Саидзода, кормандони дастгоҳи марказии Вазорати маориф ва илм, ректорон ва муовинони ректорони муассисаҳои таҳсилоти олии касбӣ, устодону донишҷӯён иштирок намуданд.
Дар олимпиада 36 нафар сазовори ҷойҳои ифтихорӣ гардида, аз ҷониби Вазорати маориф ва илм қадрдонӣ гардиданд. 
Гузориши муфассал баъд аз анҷоми маросими ҷоизасупорӣ пешниҳод мегардад.



Маркази матбуоти 
Вазорати маориф ва илми 
Ҷумҳурии Тоҷикистон