ОҒОЗИ ОЗМУНИ “МУРАББИИ СОЛИ ТОҶИКИСТОН-2022”

23-01-2023
23-юми январи соли ҷорӣ дар маҷлисгоҳи Донишкадаи ҷумҳуриявии такмили ихтисос ва бозомӯзии кормандони соҳаи маориф Озмуни ҷумҳуриявии “Мураббии соли Тоҷикистон-2022” оғоз гардид, ки дар маросими ифтитоҳи он Раҳим Саидзода - вазири маориф ва илм, Зиёдулло Абдулзода - муовини вазири маориф ва илм, сардорони раёсату шуъба ва роҳбарони муассисаҳои тобеи вазорат, намояндагони раёсат ва шуъбаҳои маорифи вилоят ва шаҳру ноҳияҳо ва довталабони озмун иштирок намуданд.
Зимни ифтитоҳи озмун вазири маориф ва илм зикр намуд, ки мақсади асосии озмуни мазкур баланд бардоштани мақом ва сатҳу сифати таҳсилоти томактабӣ, нишон додани мавқеи таҳсилоти томактабӣ дар пешрафти ҷомеаи кунунӣ ва табодули таҷриба ва маҳорати мураббиён, инчунин ҳавасмандгардонии онҳо барои боз ҳам дар сатҳи хубтару беҳтар ба роҳ мондани фаъолияташон ба шумор меравад.
Дар идома таъкид гардид, ки озмуни мазкур дар асоси Низомномаи озмуни “Мураббии соли Тоҷикистон”, ки 28-уми феврали соли 2022 аз ҷониби ҳайати мушовараи Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳти №3/6 тасдиқ карда шудааст, баргузор мегардад. Даври ҷумҳуриявии озмун 3 рӯз давом намуда, дар он Қодирзода Озодамо Ҳикматулло - мураббияи муассисаи таҳсилоти  томактабии хусусии “Оиша”-и ноҳияи Восеъ, Мамадодиева Маҳина Мамадодиевна - мураббияи муассисаи таҳсилоти томактабии №2-и шаҳри Хоруғ, Набизода Муҳаррам Сироҷидин - мураббияи муассисаи таҳсилоти томактабии №5-и шаҳри Гулистон, Саидова Малика Раҳимовна - мураббияи  муассисаи таҳсилоти томактабии №72-и шаҳри Душанбе ва Шарипова Ҳамида Пулотовна - мураббияи муассисаи таҳсилоти томактабии №1-и шаҳри Ваҳдат аз рӯйи 6 шарт: муаррифии фаъолияти педагогӣ, дониш ва маҳорати касбии мураббия, мизи мудаввар, машғулияти таълимӣ, тасвир намудан ва сохтани манзара бо дархости ҳайати доварон ва таҳлили ҳолатҳои равонӣ ҳунару маҳорати худро нишон медиҳанд.
Идомаи озмун дар муассисаи таҳсилоти томактабии №30-и шаҳри Душанбе ҷараён дорад. 
Маркази матбуоти
Вазорати маориф ва илми
Ҷумҳурии Тоҷикистон