ОҒОЗИ ОЗМУНИ ШАҲРИИ «ДОНОЯКОН» БАЙНИ ТАРБИЯГИРАНДАГОНИ МУАССИСАҲОИ ТАҲСИЛОТИ ТОМАКТАБИИ ШАҲРИ ДУШАНБЕ

08-04-2024
8-уми апрели соли 2024 дар муассисаи таҳсилоти томактабии №30-и ноҳияи Шоҳмансур бо мақсади иҷрои  боби 4 банди 10 - и нақшаи чорабинии Сарраёсати маорифи шаҳри Душанбе оид ба омодагӣ ва таҷлили 35 - солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон, баҳри ташаккули инкишофи ҷисмонӣ, зеҳнӣ, ахлоқӣ ва фарҳангии кўдакони синни томактабӣ бо назардошти қобилият, шавқу рағбат ва хусусиятҳои фардии кўдакон Озмуни шаҳрии «Доноякон» байни тарбиягирандагони муассисаҳои таҳсилоти томактабии ноҳияҳои пойтахт оғоз гардид. Озмуни мазкур вазифаҳои зеринро амалӣ менамояд:
- татбиқи амалии талаботи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи маориф»;
- Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи таълиму тарбияи томактабӣ»;
- Стандарти давлатии таҳсилоти томактабӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон;
- Низомномаи намунавии муассисаи таълимии томактабӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон;
- Стандарти инкишоф ва омўзиши барвақтии кўдак (аз таваллуд то 7 (6) солагӣ) ва барномаи тарбия, таълим ва инкишофи кўдакони синни томактабӣ «Рангинкамон».
Ҳамзамон, зикр намуд, ки озмуни мазкур аз рўи шартҳои зерин сурат мегирад:
- донистани афсонаҳои гуногун;
- муайян намудани мазмуни расми пешниҳодгардида;
- қироати шеърҳо дар васфи Ватан, оила, фаслҳои сол ва ғайра;
- номбар намудани калимаҳо ба овозҳои садоноку ҳамсадо;
- аз 3 то 6 калима сохтани ҷумлаҳо;
- ба тартиб шуморидан аз адади 1 то адади 20 ва баръакс;
- тасаввуроти кўдакон дар бораи ҳалли муаммоҳои арифметикӣ;
- кашидани расм тибқи супориш, гузаронида мешавад.
Тибқи Низомнома озмуни мазкур дар 3 давр: муассисавӣ, ноҳиявӣ ва шаҳрӣ гузаронида мешавад.
 Дар умум, ба даври шаҳрии озмуни мазкур 68 нафар тарбиятгиранда роҳхат гирифтанд.
Тартиби баҳогузорӣ ва муайян намудани ғолибон аз рӯи саволномаи дар варақаи баҳогузории озмуни «Доноякон» ба роҳ мондашуда, ғолибон муаян мегарданд.
Аз ҷумла, барои нақли афсона, азёд намудани шеърҳо ва нақл аз рӯи расм то 10 хол ва барои шартҳои дигари озмун – номбар намудани калимаҳо бо овозҳои садоноку ҳамсадо, бо истифодаи 3 то 6 калима сохтани ҷумлаҳо, бо тартиб ҳисоб кардан аз 1 то 20 ва баръакс, тасаввуроти кӯдакон дар бораи ҳалли муаммоҳои математикӣ, расмкашӣ аз рӯи супориш то 5 хол гузошта мешавад.