Осорхонаи НБО-и «Роғун» дар ДҶТИБКСМ

05-03-2019
Дар Донишкадаи ҷумҳуриявии такмили ихтисос ва бозомӯзии кормандони соҳаи маориф бо иштироки масъулини Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон, роҳбарияти донишкада, устодону як қатор шунавандагони фаъол осорхонаи «Неругоҳҳои барқи обии Ҷумҳурии Тоҷикистон» мавриди баҳрабардорӣ қарор гирифт. Осорхона бо ташаббус ва дастгирии ректори донишкада, доктори илмҳои таърих Хоналӣ Курбонзода ташкил шудааст. Дар осорхона оид ба таърих, ташаккул ва рушди гидроэнергетика, чӣ дар миқёси олам ва чӣ дар миқёси Ҷумҳурии Тоҷикистон маводи ҷолиби диққат гирд оварда шудааст, инчунин, макети НБО-и «Роғун» ба маърази тамошо гузошта шудааст. Дар таҳияи маводи  осорхона омӯзгорони кафедраи методикаи таълими фанҳои табиӣ-риёзӣ ва озмоишгари коллеҷи энергетикии ноҳияи Ҷалолиддини Балхӣ  Алишер Холов саҳм гузоштанд.

Маҳмараҷаб Бӯронов,
омӯзгори калони МД ДҶТИКСМ