Оё фаъолияти китобхонаҳо ба талабот ҷавобгӯянд?

08-02-2019
Бо мақсади аз наздик ошно шудан бо вазъи китобхонаҳои муассисаҳои таълимӣ аз китобхонаҳои муассисаҳои таълимии шаҳри Кӯлоб ва ноҳияи Восеъ дидан намудем.
Дар муассисаи таълимии рақами 1-и шаҳри Кӯлоб китобдори он М. Рустамова моро бо вазъи нигоҳубини китобҳои дарсӣ ва бадеӣ шинос намуд. Мактаб толори китобхонии барҳавои замонавии муҷаҳҳаз бо компютер дорад. Фонди умумии китобҳо 52 624 ададро ташкил мекунад, ки аз ин 6200 нусхааш китоби бадеӣ мебошад. Аз ҳисоби маблағҳои муассиса 410 нусха китоби нави бадеӣ харидорӣ шудааст. Бояд қайд намуд, ки имрӯз сафи аъзои китобхона аз ҳисоби омӯзгорони муассиса хеле кам аст. Аз 149 нафар омӯзгор 64 нафарашон аъзои доимии китобхонаи мактабӣ мебошанду халос. Шумораи аъзои китобхона аз ҳисоби хонандагон 700 нафар буда, дар муқоиса ба шумораи умумии хонандагон хеле кам аст. Китобхонаи мактаб талаботи хонандагони муассисаро қонеъ карда наметавонад. Аъзои фаъоли китобхона Ҷ. Обиднур, А. Байзоев, Ш.Кабиров ва У.Тоиров дар озмуни «Китобхони беҳтарин» дар вилояту ҷумҳурӣ ширкат варзида, сазовори ҷойҳои ифтихорӣ гардиданд. Тибқи нақшаи кории мактаб, ҳамасола дар рӯзҳои таърихӣ ва таътили зимистонаи хонандагон озмунҳои «Рӯдакихонӣ», «Шоҳномахонӣ» ва «Дӯстдорони китоб» баргузор мешаванд. 
Сарвари мактаби №53 Б.Холматова моро бо вазъи китобхона шинос намуд. Дохили бинои китобхона равшану барҳавост. Аз суҳбат бо мудири он М.Усмонова маълум гардид, ки шумораи умумии китобҳои дарсӣ 28 581 ададро ташкил медиҳад, ки аз он 3253 ададаш китоби бадеӣ мебошанд. Соли хониши 2018-2019 аз ҳисоби раёсати маорифи шаҳр 2900 адад китоби дарсӣ ба муассиса ворид шудааст. 550 нафар хонанда ва 30 нафар омӯзгор аъзои доимии китобхона мебошанд. Китобдори муассиса аз нарасидани китобҳои бадеӣ ва набудани варақаи бақайдгирии китобҳо шикоят намуд. 
Ҳолати нигоҳдории китобҳои дарсӣ ва бадеӣ дар китобхонаи муассисаи таълимии №3 (директораш К. Гулмадова) хуб буда, фонди умумии китобҳои дарсию бадеӣ ба 23553 адад мерасад. Китобдори мактаб Қ. Талбов тамоми шароитҳои заруриро барои хонандагон муҳайё намудааст.Дар соли хониши 2018-2019 шумораи аъзои китобхона аз ҳисоби хонандагон 630 нафар ва аз ҳисоби омӯзгорон 50 нафарро ташкил медиҳад. Мутаассифона, дар китобхона варақаи бақайдгирии китобҳо мавҷуд нест. Хонандаи синфи 7 Ш.Бобоева дар озмуни «Китобхони беҳтарин» дар ҷумҳурӣ ширкат варзида, сазовори ҷойи ифтихорӣ гардидааст. 
Фаъолияти китобхонаи муассисаи таълимии №34 (директораш С.Абдулҳақов) назаррас буда, мудири китобхона А.Шарифхон иброз дошт, ки фонди умумии китобҳои дарсӣ ва бадеӣ 3571 ададро ташкил мекунад. Муассиса дорои китобхонаи электронӣ буда, бо 16 адад компютер муҷаҳҳаз гардонида шудааст ва бо шабакаи интернет пайваст аст.
Дар муассисаи таълимии №42 (директораш Р. Исматова) ба фаъолияти китобхона аҳамият дода намешавад, аз ин рӯ, китобҳо дар ҳолати ногувор қарор доранд. Фонди умумии китобҳои дарсӣ ва бадеӣ 13536 ададро ташкил мекунад, ки аз ин 500 ададаш китобҳои бадеӣ мебошад. Соли равон 13 адад китоби нави бадеӣ ба китобхона ворид гардидаасту халос. Шумораи аъзои доимии китобхона аз ҳисоби омӯзгорон 32 нафар ва хонандагон 140 нафарро ташкил медиҳад. Дар бораи шумораи аъзои доимии китобхона китобдор иттилои кофӣ надорад ва аъзои китобхона дар дафтар ба қайд гирифта намешаванд.
Дар муассисаҳои таълимии ноҳияи Восеъ 68 китобхона ва 31 толори китобхонӣ фаъолият доранд. Мушовири фонди китоби шуъбаи маориф Шариф Иноятов иброз намуд, ки ба шуъбаи маорифи ноҳия 13560 адад китоби бадеӣ тайи ду соли охир ворид гардидааст, ки пурра ба муассисаҳои таълимӣ интиқол дода шудааст. 
Дар муассисаҳои таълимии № 49, 34, 54 ва мактаб-интернати №1-и ноҳияи Восеъ бо вазъи китобхонаҳо аз наздик шинос шудем. Мутаассифона, мактаби №49 аз сабаби нарасидани бинои таълимӣ китобхона надорад. Китобҳои дарсӣ ва бадеӣ қисман барои мутолиа дар дасти омӯзгорону хонандагон буда, қисми дигарашон дар утоқи кории директори мактаб ҷойгир кунонида шудааст. 
Дар муассисаи таълимии №34-и деҳаи Селбур китобдори муассиса С. Салимов даҳ сол боз мудири китобхона мебошад. Фонди умумии китобҳои дарсӣ 5000 ва бадеӣ 4500 ададро ташкил мекунад. Шумораи аъзои доимии китобхона аз ҳисоби хонандагон ба 500 нафар ва омӯзгорон 33 нафар мерасад. Бо ташаббуси мудири китобхона мунтазам чорабиниҳои фарҳангию илмӣ дар байни хонандагону омӯзгорон гузаронида мешавад. Камбудии асосӣ дар муассиса нарасидани китобҳои нави бадеӣ мебошад. Хонандагони муассиса дар озмунҳои фаннии вилоятӣ ва ҷумҳуриявӣ фаъолона иштирок намекунанд. 
Дар муассисаи таълимии №54 (директораш Д.Пиров) кори китобдори мактаб С.Шералиева ба талаботи рӯз ҷавоб намедиҳад. Утоқи китобхона ниҳоят хурд буда, рафи китобмонӣ надорад ва китобҳо паҳну парешон хобидаанд. Аъзои доимии китобхона варақаи қайди китобхонӣ надоранд. Хонандагон китобҳои бадеиро кам мутолиа мекунанд, аз ин рӯ, аъзои доимии китобхона аз ҳисоби омӯзгорон ҳамагӣ 4 нафарро ташкил мекунад. Китобҳои бадеӣ вобаста ба синну соли хонандагон намерасанд. Муассисаи таълимии №2 (директораш Олимзода Зарнигор) яке аз калонтарин муассисаҳои таълимӣ дар Ҷамоати деҳоти ба номи М. Маҳмадалиев мебошад. Дар муассиса 77 нафар омӯзгор ба таълиму тарбияи 1615 нафар хонанда машғул мебошанд. Фонди умумии китобҳои дарсӣ ва бадеӣ 12087 ададро ташкил мекунад. Китобдори муассиса С. Ҳайдарова маълумоти миёнаи умумӣ дошта, таҷрибаи кофии китобдорӣ надорад. Соли гузашта аз тарафи Вазорати молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон 785 нусха китоби бадеӣ ба китобхонаи мактаб бо тариқи ройгон туҳфа карда шудааст.
Бояд қайд намуд, ки таҷрибаи хуби китобдории мактаб-интернати №1 (директораш Наимов С.) лоиқи таҳсину офарин аст. Мудири китобхона А.Тошпӯлодов тавонистааст, ки як китобхонаи намунавиро бо толори китобхонӣ барои хонандагони мактаб-интернат муҳайё созад. Ба китобхона 1000 адад китоби бадеии тозанашр ворид шудааст, ки хонандагон аз онҳо истифода мебаранд. Ҳар як хонанда варақаи алоҳидаи баҳисобгирӣ дорад Айни замон шумораи аъзои китобхона аз ҳисоби омӯзгорон ба 31 ва хонандагон 156 нафар мерасад. 
Шариф АБДУЛҲАМИД