ОЗМУН БАРОИ ДАРЁФТИ СТИПЕНДИЯИ РАИСИ ШАҲРИ ДУШАНБЕ ОҒОЗ ГАРДИД

08-04-2024
8-уми апрели соли равон дар Муассисаи давлатии “Маркази таҳлилӣ-иттилоотии назди Сарраёсати маорифи шаҳри Душанбе” даври ниҳоии озмун барои дарёфти стипендияҳои Раиси шаҳри Душанбе барои соли таҳсили 2023-2024 барои хонандагони муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумӣ ва донишҷӯёни муассисаҳои таҳсилоти касбӣ ва олии шаҳри Душанбе оғоз гардид.
Дар оғози чорабинӣ Раиси Комиссияи озмуни стипендияҳои Раиси шаҳри Душанбе, муовини Раиси шаҳри Душанбе Одилзода Дилбар бо аъзои комиссия ва мутасаддиён мулоқоти судманд анҷом дода, ҷиҳати дар сатҳи баланд ва шаффоф гузаронидани Озмун ва фароҳам овардани шароити мусоид барои иштирокчиён дарстуру супоришҳои мушаххас дод. Дар идома Одилзода Дилбар бо довталабони озмун суҳбати мухтасар анҷом дод.
Даври ноҳиявии озмун аз 28 март то 2 апрели соли равон дар сатҳи ноҳияҳои шаҳр бо иштироки беш аз 2 ҳазор довталаб доир гардида, 500 нафар хонандагони муассисаҳои таълимӣ, 193 нафар донишҷӯёни муассисаҳои таҳсилоти ибтидоӣ, миёна ва олии касбии ҳудуди шаҳри Душанб ба даври шаҳрии озмун роҳхат гирифтанд. Даври ниҳоии Озмун аз 8 то 13 апрели соли равон идома меёбад. Довталабоне, ки холҳои баландро соҳиб мешаванд, сазовори номи гирандаи стипендияи Раиси шаҳри Душанбе мегарданд.
Ғолибон дар чорабинии бошукуҳи тантанавӣ бахшида ба Рӯзи пойтахти Ҷумҳурии Тоҷикистон - шаҳри Душанбе қадрдонӣ карда мешаванд.
Қайд кардан ба маврид аст, ки Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе ҳамасола барои дарёфти Стипендияи Раиси шаҳри Душанбе озмун эълон менамояд. Ин иқдом бо мақсади дастгирӣ ва ҳавасманд намудани хонандагону донишҷӯёни фаъолу аълохон ва соҳибистеъдоди муассисаҳои таълимии таҳсилоти умумӣ, ибтидоӣ ва миёнаи касбии шаҳри Душанбе бо дастгирии бевоситаи Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ нисбат ба насли наврас ва ҷавон аз соли 2017 инҷониб роҳандозӣ мегардад. Сол то сол сафи довталабони стипендияи мазкур зиёд гардида, ба хотири ҷалби бештари хонандагону донишҷӯён тадбирҳои мушаххас андешида мешаванд.