ОЗМУНИ БЕҲТАРИН МУАССИСАИ ТАҲСИЛОТИ УМУМӢ ЗЕРИ УНВОНИ «ТАШАККУЛИ ТАРЗИ ҲАЁТИ СОЛИМ» ҶАМЪБАСТ ГАРДИД

25-12-2020
   25-уми декабри соли ҷорӣ дар Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон бо  иштироки Латофат Назирӣ-муовини вазири маориф ва илм, намояндагони Хазинаи нуфуси аҳолии Созмони Милали Муттаҳид (ЮНФПА) ва ташкилоти ҷамъиятии “Ҳамсол ба ҳамсол” маросими туҳфасупорӣ ба ғолибони озмуни беҳтарин муассисаи таҳсилоти умумӣ зери унвони «Ташаккули тарзи ҳаёти солим» баргузор гардид.
   Иттилоъ дода шуд, ки озмуни мазкур бо мақсади амалӣ намудани Барномаи миллии ташаккули тарзи ҳаёти солим дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2011-2020 дар ҳамкорӣ бо Хазинаи нуфуси аҳолии Созмони Милали Муттаҳид (ЮНФПА) ва ташкилоти ҷамъиятии “Ҳамсол ба ҳамсол” гузаронида шуд. 
  Бояд қайд кард, ки моҳи ноябри соли равон дар 390 муассисаи таҳсилоти умумии шаҳрҳои Турсунзодаю Ваҳдат ва ноҳияи Рашт даври якуми озмуни беҳтарин муассисаи таҳсилоти умумӣ зери унвони «Ташаккули тарзи ҳаёти солим» гузаронида шуда, аз ноҳия ва шаҳрҳои зикршуда 9 муассисаи беҳтарин (шаҳрҳои Турсунзода – 3 муассиса, Ваҳдат – 3 муассиса, ноҳияи Рашт – 3 муассиса) ба даври ниҳоии озмун пешниҳод гардиданд. 
   Дар асоси фармоиши вазири маориф ва илм ҳайати ҳакамони озмун барои ҷамъбасти даври дуюм (ниҳоӣ) аз муассисаҳои таълимии №№7, 75 98-и шаҳри Турсунзода, №№58, 30 ва 71-и шаҳри Ваҳдат, №№2, 12, ва 25-и ноҳияи Рашт дидан карда, ба корҳои дар ин самт анҷомдодашуда баҳогузорӣ намуданд. 
   Дар натиҷаи баҳогузории ҳайати ҳакамон беҳтарин муассисаи таҳсилоти умумӣ дар соли 2020 муайян карда шуд, ки муассисаи таҳсилоти умумии №58 шаҳри Ваҳдат бо гирифтани 234 хол сазовори ҷойи аввал, муассисаи таҳсилоти умумии №12 ноҳияи Рашт бо гирифтани 228 хол сазовори ҷойи дуюм ва муассисаи таҳсилоти умумии №7 шаҳри Турсунзода бо гирифтани 224 хол сазовори ҷойи сеюм гардида, соҳиби ҷоизаҳои таъсисдодаи Кумитаи тадорукоти озмун шуданд.
   Ҳамчунин, муассисаҳои таълимӣ ва шарикони рушд, ки дар озмун фаъолона ширкат доштанд, бо “Ифтихорнома” ва “Сипоснома”-и Вазорати маориф ва илм сарфароз гардонида шуданд.
   Ёдовар мешавем, ки озмуни мазкур бори аввал ба таври таҷрибавӣ танҳо дар се шаҳру ноҳия доир гардид. 


Суннатуллоҳи Мирзо