ОЗМУНИ «ФУРӮҒИ СУБҲИ ДОНОӢ…» ОҒОЗ ГАРДИД

11-12-2019
11-уми декабри соли 2019 дар толори Муассисаи давлатии «Китобхонаи миллӣ» даври чоруми озмуни ҷумҳуриявии «Фурӯғи субҳи доноӣ…» оғоз гардид.
Дар оғози чорабинӣ А. Раҳмонзода-Ёрдамчии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба масъалаҳои рушди иҷтимоӣ ва робита бо ҷомеа, Н. Саид-вазири маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон, Ш. Орумбекзода-вазири фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон, А. Мирализода-директори Муассисаи давлатии «Китобхонаи миллӣ» ва Н. Қосим-раиси Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон иштирок намуданд.
Зимни сухани ифтитоҳӣ А. Раҳмонзода-Ёрдамчии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба масъалаҳои рушди иҷтимоӣ ва робита бо ҷомеа ба иштирокчиёни даври чоруми озмун бурдбориҳо таманно намуда, қайд кард, ки гузаштан ба даври чорум ин худ муввафақият аст.Сипас, ҳайати доварон ва талаботи Низомномаи озмун барои номинатсияҳо муаррифӣ шуда, иштирокчиён барои оғози сабқат ба толорҳои махсусе, ки барои ҳар як номинатсия омода карда шудаанд, сафарбар гардиданд.
Қайд гардид, ки озмун тибқи Низомномаи қабулгардида гузаронида шуда, иштирокчиён дар давоми рӯзҳои баргузории чорабинӣ, инчунин, аз мавзеъҳои фарҳангию фароғатии шаҳри Душанбе дидан мекунанд.








Саймуҳаммади ИЗЗАТУЛЛО