Озмуни “Ҳомии Ватан будан шараф аст” ҷамъбаст гардид

23-02-2022
23-юми феврали соли ҷорӣ дар маҷлисгоҳи Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон бо иштироки муовини вазири маориф ва илм Лутфия Абдулхолиқзода, сардорони раёсату шуъбаҳо, кормандони дастгоҳи марказии вазорат ва омӯзгорону хонандагон озмуни беҳтарин мақолаву гузориш ва шеъру ҳикоя таҳти унвони “Ҳомии Ватан будан шараф аст” ҷамъбаст гардид. 
Нахуст Л. Абдулхолиқзода-муовини вазири маориф ва илм зимни суханронии худ иброз дошт, ки бо мақсади баланд бардоштани рӯҳияи ватандӯстии хизматчиёни ҳарбӣ, такмили тарбияи ватандӯстӣ, ифтихорӣ миллӣ ва хештаншиносии насли наврас тибқи дастури вазорат дар нашрияи соҳавӣ-нашрияи “Омӯзгор” ва нашрия барои кӯдакон ва наврасон “Пайрав” таҳти унвони “Ҳомии Ватан будан шараф аст” барои беҳтарин мақолаву гузориш ва шеъру ҳикоя озмун эълон гардида буд, ки дар арафаи таҷлили Рӯзи Артиши миллӣ ҷамъбаст гардид. 
Зикр гардид, ки озмуни мазкур аз оғози моҳи июни соли 2021 то аввали моҳи феврали соли 2022 идома ёфт ва ба унвонии нашрияи “Омӯзгор” беш аз 20 мақола пешниҳод карда шуд. Беҳтарин мақолаҳо дар саҳифаҳои ҳафтанома ба чоп расиданд, ки аз миёни онҳо Матлуба Тоҷибоева, омӯзгори гимназияи №5-и шаҳри Истаравшан сазовори ҷойи якум, Исматулло Абдуллоев, директори муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №25-и шаҳри Исфара сазовори ҷойи дуюм ва Камолиддин Каримов, омӯзгори муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №10-и шаҳри Душанбе сазовори ҷойи сеюм гардиданд. 
Инчунин, ба идораи нашрия барои кӯдакон ва наврасон “Пайрав” аз ҷониби хонандагон шеъру ҳикояҳои зиёд ворид гардиданд, ки аз он 15 шеър ва 14 ҳикояи беҳтарин ба чоп тавсия шуданд. Баъд аз ҷамъбаст ва баҳогузории аъзои ҳакамон дар бахши шеър ба Санавбар Ибодова, хонандаи синфи 10-и муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №33, шаҳри Душанбе ҷойи якум, Мадина Каримзода, хонандаи синфи 7-и Литсейи №2, шаҳри Душанбе ҷойи дуюм, Анӯшервони Алишер, хонандаи синфи 7-и муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №98, шаҳри Душанбе ҷойи сеюм ва дар бахши ҳикоя ба Мунаввара Саъдуллоева, хонандаи синфи 10-и муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №54, ноҳияи Рӯдакӣ ҷойи якум, Зулҳия Каримова, хонандаи синфи 7-и муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №56, шаҳри Душанбе ҷойи дуюм ва Нозияи Сафархон, хонандаи синфи 8-и муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №44, шаҳри Душанбе ҷойи сеюм насиб гардид. 
Дар фарҷом, ғолибон бо Ифтихорномаю Сипосномаи Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон ва туҳфаҳои молии Кумитаи тадорукоти озмун мукофотонида шуданд. 
Бахтовар Сафаров