Озмуни ҷумҳуриявии «Мураббии соли Тоҷикистон-2018» оғоз гардид

10-01-2019
10-уми январи соли 2019 дар толори Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон озмуни ҷумҳуриявии «Мураббии соли Тоҷикистон-2018» оғоз гардид, ки дар маросими ифтитоҳии он Латофат Назирӣ – муовини вазири маориф ва илм, кумитаи тадорукотии озмун, аъзои ҳакамон, иштироккунандагони озмун ва намояндагони соҳаи маориф аз шаҳру ноҳияҳои гуногун иштирок доштанд.
Латофат Назирӣ – муовини вазири маориф ва илм зимни ифтитоҳ иброз намуд, ки озмуни мазкур ҳар сол бо мақсади баланд бардоштани мақоми таҳсилоти томактабӣ дар шароити имрӯза ва нишон додани афзалиятҳои таҳсилоти томактабӣ дар пешрафти ҷомеа, дарёфт ва ошкор сохтани мураббиёни боистеъдод, навовар ва эъҷодкор, қадрдонии меҳнати ӯ ва баланд бардоштани мақому манзалаташ дар ҷомеа, рушди фаъолияти касбии кормандони соҳаи маориф, тарғиб намудани таҷрибаи пешқадами мураббиёни беҳтарини Тоҷикистон гузаронида шуда, дар ин самт аз тарафи Вазорати маориф ва илм барои дар сатҳи баланд ва шаффоф доир намудани он тамоми чораҳои зарурӣ андешида мешаванд.
Дар озмун 5 нафар: Ғуломова Марҷона – мурабии муассисаи тамоктабии №20-и ш. Бохтар, Шогулова Ҳаётбегим – мурабии муассисаи томактабии №5-и ш. Хоруғ, Валиева Ҳанифа – мурабии муассисаи томактабии №27-и ш. Хуҷанд, Алидодова Назарбахш – мурабии муассисаи томактабии №67-и ш. Душанбе (н. Шоҳмансур) ва Рӯзимоҳи Шарифзод – мурабии муассисаи томактабии №3-и ш. Турсунзода иштирок намуда, аз рӯйи шартҳои гуногун ҳунару маҳорати худро месанҷанд.
Озмуни «Мураббии соли Тоҷикистон-2018» 3 рӯз довом намуда, ҷамъбасти он 12-уми январ дар назар дошта шудааст.
 
Аҳмадшоҳи МАСЪУД,
корманди Маркази матбуоти
Вазорати маориф ва илм