Озмуни ҷумҳуриявии “Мураббии соли Тоҷикистон - 2021” оғоз гардид

11-01-2022
11-уми январи соли ҷорӣ дар маҷлисгоҳи Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон Озмуни ҷумҳуриявии “Мураббии соли Тоҷикистон - 2021” оғоз гардид, ки дар маросими ифтитоҳии он вазири маориф ва илм Муҳаммадюсуф Имомзода, муовини вазир, сардорони раёсату шуъба ва роҳбарони муассисаҳои тобеи вазорат, намояндагони раёсат ва шуъбаҳои маорифи вилоят ва шаҳру ноҳияҳо ва довталабони озмун иштирок намуданд.
Зимни сухани ифтитоҳӣ вазири маориф ва илм М. Имомзода зикр кард, ки мақсади асосии озмун, пеш аз ҳама, баланд бардоштани мақоми таҳсилоти томактабӣ дар шароити имрӯза ва нишон додани афзалияти таҳсилоти томактабӣ дар пешрафти ҷомеа, таъмин ва такмили мазмуни тахсилоти томактабӣ тибқи талаботи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи таълиму тарбияи томактабӣ”, ҳамзамон, дарёфт ва ошкор сохтани мураббиёни боистеъдод, навовар ва эҷодкор, дастгирӣ ва ҳавасмандгардонии онҳо, ташаккули қобилияти мураббиён ва фаъолияти эҷодӣ дар шароити муосир, такмили донишу маҳорати касбӣ ва паҳн кардани таҷрибаи пешқадами педагогӣ, қадрдонии меҳнати пурсамари мураббӣ ва баланд бардоштани мақому манзалати ӯ дар ҷомеа мебошад.
Дар идома, таъкид гардид, ки Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамасола дар такя ба Низомномаи «Озмуни мураббии соли Тоҷикистон» даври ниҳоии озмуни мазкурро доир менамояд. Дар озмуни имсола низ 5 довталаб аз Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон, вилоятҳои Суғду Хатлон, ноҳияҳои тобеи ҷумҳур ва шаҳри Душанбе ширкат варзида, маҳорату малакаи корбарӣ ва дониши педагогии худро нишон медиҳанд.
Озмуни имсола дар доираи ҷашни 30-солагии Истиқлоли давлатӣ дар шаҳру ноҳияҳо ва вилоятҳо ҷамъбаст гардида, беҳтарин довталабон ба даври ниҳоӣ роҳ ёфтанд.
Дар даври ниҳоӣ Гулру Гулбекова-мураббияи Маркази инкишофи барвақтии кӯдаки Хазинаи Оғохони шаҳри Хоруғ, Мунира Ризоева-мураббияи муассисаи томактабии №24-и шаҳри Бохтар, Тахмина Абдуалиева – мураббияи муассисаи томактабии №23-и шаҳри Хуҷанд, Фирӯза Ғаниева-мураббияи муассисаи томактабии №64-и шаҳри Душанбе, Маҳбуба Пулодова-мураббияи муассисаи томактабии №1-и шаҳри Турсунзода иштирок намуда, тибқи шартҳои пешбининамудаи Низомномаи озмун ҳунару маҳорати худро нишон медиҳанд.
Озмун рӯзҳои 11-13-уми январ дар муассисаи таҳсилоти томактабии №149-и ноҳияи Исмоили Сомонӣ идома ёфта, маросими ҷамъбастии он дар Вазорати маориф ва илм сурат мегирад.