ОЗМУНИ ҶУМҲУРИЯВИИ «ОМӮЗГОРИ СОЛИ ТОҶИКИСТОН - 2023» ОҒОЗ ГАРДИД

27-09-2023 27 сентябри соли 2023 дар толори китобхонаи Донишкадаи ҷумҳуриявии такмили ихтисос ва бозомӯзии кормандони соҳаи маориф озмуни ҷумҳуриявии «Омӯзгори соли Тоҷикистон - 2023» оғоз гардид, ки дар маросими ифтитоҳии он Раҳим Саидзода – вазири маориф ва илм, Зиёдулло Абдулзода – муовини вазири маориф ва илм, кумитаи тадорукотии озмун, аъзои ҳакамон, иштироккунандагони озмун ва намояндагони соҳаи маориф аз шаҳру ноҳияҳои гуногун иштирок доштанд.
Раҳим Саидзода – вазири маориф ва илм зимни ифтитоҳ иброз намуд, ки озмуни мазкур бо мақсади дарёфти омӯзгорони боистеъдод, навовар, эҷодкор, қадрдонии меҳнати омӯзгор ва баланд бардоштани мақому манзалати ӯ дар ҷомеа, рушди фаъолияти касбии кормандони соҳаи маориф, тарғиб намудани таҷрибаи пешқадами омӯзгорони беҳтарини Тоҷикистон гузаронида шуда, дар ин самт аз тарафи Вазорати маориф ва илм барои дар сатҳи баланд ва шаффоф доир намудани он тамоми чораҳои зарурӣ андешида мешаванд.
Дар озмун 5 нафар: Суҳробов Дилдор - омӯзгори фанни математикаи муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №26-и ноҳияи Роштқалъа, Ҳидоева Раҳима - омӯзгори фанни забон ва адабиёти тоҷики муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №29-и ноҳияи Мастчоҳ, Зоиров Сиратулло - омӯзгори фанни забон ва адабиёти тоҷики Литсейи №3 барои хонандагони болаёқати шаҳри Душанбе, Абдуқаҳҳор Сулаймон - омӯзгори фанни физика ва астрономияи мактаби президентӣ барои хонандагони болаёқат дар шаҳри Кӯлоб ва Абдуллозода Санавбар - омӯзгори фанни химияи Гимназия - парваришгоҳи ба номи Бобоҷон Ғафурови ноҳияи Рӯдакӣ ширкат варзида, аз рӯйи ҳафт шарт ҳунару маҳорати худро месанҷанд.
Озмуни «Омӯзгори соли Тоҷикистон-2023» 3 рӯз довом намуда, ҷамъбасти он 29 сентябр дар назар дошта шудааст.

Маркази матбуоти
Вазорати маориф ва илми
Ҷумҳурии Тоҷикистон