ПАЁМ – РУШДБАХШИ ҶОМЕА

20-01-2022
 Имрӯзҳо  бо мақсади тавзеҳи  нуктаҳои асосии Паёми  Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ  Раҳмон ба Маҷлиси Олӣ  дар як қатор шаҳру навоҳӣ ҳамоишусуҳбатҳо баргузор гардида истодааст.
Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон низ дар ин самт пешсаф буда, ин амали  маърифатбахшро  идома медиҳад. Дар қатори чунин  чорабиниҳо бо ташаббус ва ибтикори раёсати илм ва инноватсия дар маҷлисгоҳи вазорат вобаста ба омӯзиши Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамоиш барпо гардид. Зимни  сухани ифтитоҳӣ  муовини аввали вазири маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон, доктори илми таърих Ҷамшед Ҷӯразода оид ба паҳлуҳои мухталиф ва муҳими ин санади таърихӣ  изҳори андеша намуд. Гуфта шуд, ин Паёми навин чун паёмҳои  пешини Роҳбари давлат басо муҳим ва саривақтӣ буда, ҳамчун ҳуҷҷати сарнавиштсоз барои рушду такомули давлатдорӣ ва ояндаи шукуфони миллат нигаронида шудааст. Мавсуф қайд намуд, ки ин ҳуҷҷати муҳим ҳамчун замина барои рушди устувори мамлакат, махсусан соҳаи маориф мусоидат менамояд.
Муовини вазири маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон Шукрулло Хайрзода низ атрофи мавзуи матраҳгардида суханронӣ карда, афзуд, ки муҳтаво ва нишондодҳои Паём, воқеан ҳам, оид ба рушди соҳаи маорифи кишвар заминагузор аст.
Декани факултети фалсафаи ДМТ, доктори илми фалсафа, профессор Нозим Маҳмадизода Паёми навбатии Пешвои миллатро ҳамчун раҳнамои ҷомеа маънидод намуд. Номбурда таъкид кард, ки ҳар як сокини мамлакат новобаста ба синну сол, касбу кор ва мавқеи ҷамъиятиаш вазифадор аст, ки нуктаҳои Паёмро амиқ омӯхта, мувофиқан ба дастуру нишондодҳои Сарвари кишвар амал намояд. Он гоҳ ҷомеа метавонад рушд карда, ба ҳадафҳои наҷиби минбаъдаи худ ноил гардад.
Доир ба масъалаҳои матраҳгардида дигар иштирокчиёни ҳамоиш низ ба музокира баромада, ҳамовозии хешро ба нуктаҳову ҳидоятҳои Паём иброз намуданд.