ПАЖӮҲИШГАРИ ТОҶИК ҒОЛИБИ ОЗМУНИ УМУМИРОССИЯГИИ "УМНИК-2020" ГАРДИД

14-12-2020
  14-уми декабри соли ҷорӣ Беҳрӯз Табаров-пажӯҳишгари тоҷик, номзади илмҳои техникӣ ва докторанти Донишгоҳи давлатии шаҳри Комсомолск-на-Амуре дар озмуни умумироссиягии “Умник-2020” ширкат варзида, ғолибият ва ҷоизаи озмунро ба маблағи 500 000 рубли русӣ ба даст овард.
   Гуфта мешавад, ки лоиҳаи Беҳрӯз Табаров “Таҳияи модули реактор-тиристор барои зеристгоҳҳои трансформаторӣ” ном дошта, он миёни даҳҳо ҳазор лоиҳаҳои илмию инноватсионӣ аз тамоми Россия яке аз беҳтаринҳо ва сазовори ҷоизаи озмуни мазкур дониста шуд. Ҳамчунин, бо ба даст овардани ҷоизаи мазкур Б. Табаров дар қатори 252 нафар  ғолиби ин озмун имкон ба даст овард, ки лоиҳаи илмияшро дар амал татбиқ намояд. 
   Барнома-озмуни давлатии “Умник” ҳамасола бо ҷалби олимон аз тамоми Россия баргузор мегардад ва ҳадаф аз ин иқдом кӯмак расонидан барои рушди тиҷорати хурди инноватсионии олимон ва ихтироъкорон, махсусан ҷавонон мебошад. 
   Барнома дар тӯли тамоми мавҷудияти худ ба олимони ҷавон имкони воқеӣ фароҳам овардааст, ки лоиҳаҳои инноватсионии худро дар яке аз самтҳои барои давлат мувофиқ ва муфид ҷиҳати амалигардонӣ пешниҳод кунанд.
   Дар озмунҳои барномаи мазкур то имрӯз 70 ҳазор нафар ширкат варзидаанд, ки беш аз 12 ҳазор нафари онҳо ҷоизаи фондро ба даст овардаанд.
   Ёдовар мешавем, ки Беҳрӯз Табаров иштирокчии даҳҳо конфронсу форумҳои илмӣ-пажӯҳишӣ буда, соли 2019 риштаи аспирантураи Донишгоҳи давлатии шаҳри Комсомолск-на-Амуреи Федератсияи Россияро бо баҳои аъло хатм ва рисолаи номзадияшро бомуваффақият ҳимоя намудааст. Ҳамчунин, соли равон  аз ҷониби собиқ Губернатори минтақаи Хабаровск дар қатори олимони ҷавон ҳамчун олими минтақа шинохта шуда, қадрдонӣ гардидааст.

Маркази матбуоти
Вазорати маориф ва илми
Ҷумҳурии Тоҷикистон