ПЕШГИРИИ ИФРОТГАРОӢ ДАР БАЙНИ НАВРАСОНУ ҶАВОНОН

07-06-2023
Дар ҳоли ҳозир хатари ифротгароӣ ва паҳн гардидани ақидаҳои зараровари ифротӣ миёни наврасону ҷавонон яке аз мушкилоти мубрами ҷомеаи мост. Ин падида ба рушди ҷомеа таъсири манфӣ расонида, ба амнияти шаҳрвандон, ҷомеа ва давлат таҳдид мекунад. Барои муборизаи босамар бо ин мушкилот бояд маҷмӯи тадбирҳо андешида шаванд, ки ба пешгирии паҳншавии ақидаҳои ифротгароӣ дар байни наврасону ҷавонон нигаронида шудаанд.
Пеш аз ҳама, бояд ба низоми таълиму тарбия, ки яке аз унсурҳои асосии ташаккули ҷаҳонбинӣ ва арзишҳои наврасону ҷавонон аст, таваҷҷӯҳ кард. Мактабҳо ва донишгоҳҳо бояд арзишҳои башариву миллӣ, ғояҳои ватандӯстиву созандагиро омӯзонанд, ки ба ташаккули шаҳрванди комилҳуқуқ ва эҳтиром ба ҳуқуқ ва озодиҳои дигарон мусоидат мекунанд.
Илова бар ин, ташаккул додани фарҳанги муколама ва эҳтиром ба ақидаҳои одамони дигар муҳим аст, ки барои пешгирӣ кардани низоъҳо вобаста ба нажод, миллат ва дин кӯмак менамояд. Барои ин, ба мақсад мувофиқ аст, ки чорабиниҳои гуногуни омӯзишиву тарғиботӣ аз қабили дарсҳои кушод, тренингу семинарҳо ва дигар тадбирҳои фарҳангиву оммавӣ гузаронида шаванд, ки ба ташаккули малакаҳои муошират, ҳамзистӣва фаҳмиши одамони дигар созгор мебошад.
Дар байни наврасону ҷавонон тарғиби тарзи ҳаёти солим ва тарбияи ҷисмонӣ низ муҳим аст. Ин на танҳо ба нигоҳ доштани саломатӣ, балки таҳкими вазъи маънавию ахлоқии инсон мусоидат мекунад, ки дар навбати худ ба пешгирӣ аз таъсири манфии созмонҳои ифротӣ мусоидат мекунад.
Барои он ки наврасону ҷавонон вақти худро самаранок гузаронида, аз таъсири омилҳои беруна ва зарарноки шабакаҳои иҷтимоӣ эмин бошанд, чорабиниҳои фароғатию маърифатии гуногунро амалӣ намудан манифатнок мебошад. Инҳо метавонанд мусобиқаҳои варзишӣ, фестивалҳо, консертҳо, намоиши филмҳои тарбиявӣ ва дигар чорабиниҳо бошанд, ки таваҷҷуҳи наврасону ҷавононро ҷалб намуда, имкони истироҳату фароғати онҳоро фароҳам меоранд.
Ҳазамон дар пешгирии ифротгароӣ дар байни наврасону ҷавонон фаъолияти мақомоти ҳифзи ҳуқуқ оид ба ошкор ва рафъи зуҳуроти ифротгароӣ нақши муҳим мебозад. Дар ин радиф аз ҷониби мақомоти ҳифзи ҳуқуқ баргузор намудани чорабиниҳои пешгирикунанда, вохӯриву мулоқотҳо ва бурдани корҳои тарғиботӣ бо ҷалби шумораи ҳарчӣ бештари наврасону ҷавонон метавонад таъсирбахш бошад.
Ниҳоят, ҷалби наврасону ҷавонон ба фаъолияти волонтёрӣ ва фароҳам овардани шароит барои худшиносии онҳо муҳим аст. Волентёрӣ ба наврасону ҷавонон ёрӣ мерасонад, ки маҳорату кобилияти худро барои нафъи шаҳрвандон ва ҷомеа зоҳир намоянд, донишу малакаи нав пайдо кунанд, мавқеи худро дар ҷамъият мустаҳкам намуда, потенсиали зеҳниву ҷисмонии худро ба корҳои ободониву созандагӣ равона созанд.
Ҳамин тариқ, пешгирии ифротгароӣ дар байни наврасону ҷавонон як раванди гуногунҷанба ва мураккаб буда, талошҳои муштараки тамоми ҷонибҳои манфиатдорро тақозо мекунад. Аммо дар сурати амалӣ намудани тамоми чораҳои зарурӣ дар мубориза ба муқобили ифротгароӣ ва ақидаҳои харобиовари ифротӣ натиҷаҳои дилхоҳ ба даст овардан мумкин аст.


Шавкат Каримзода – номзади илмҳои педагогӣ, директори Филиали Муассисаи давлатии “Донишкадаи ҷумҳуриявии такмили ихтисос ва бозомӯзии кормандони соҳаи маориф" дар шаҳри Душанбе
"Омӯзгор"