Пешвои миллат ва рушди ВАО

10-03-2018
Дар таърихи инсоният шахсиятҳое арзи ҳастӣ мекунанд, ки бо кору пайкори хеш дар таҳаввулот ва дигаргунии ҳаёти сиёсию иҷтимоии кишвари хеш саҳми босазо мегузоранд. Номи ин гуна шахсиятҳо дар таърихи давлату миллати хеш ва ҷаҳон бо хатти заррин сабт мегардад.
Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар заминаи хиради воло ва ҳисси баланди ватандӯстӣ дар як муддати кӯтоҳи таърихӣ тавонистанд сулҳу оромии сартосарӣ ва шароити созгорро барои ҳамаи соҳаҳо таъмин намоянд. Пешвои миллат дар вазъияти бисёр ҳассос ба сари қудрат омаданд ва нақшаву барномаҳои созандаи хешро дар ҳама соҳаҳои кишвар амалӣ карданд.
Аз кадом пуҳлуе ба кору пайкори  Пешвои миллатамон назар андозем, дармеёбем, ки аз рӯзҳои нахустин то имрӯз дурандешона, пайгирона, созандаву бунёдкоронаанд. Фаъолияти созандаи Сарвари давлат миллату давлати моро ба давраи шукуфою саодатбор расонд. Ин маврид асосан вобаста ба як самт – рушди васоити ахбори омма дар пасманзари сиёсати Пешвои миллат ибрози андеша менамоем. Ҳама дастовардҳои кишвар дар ин ҷода ба иродаи устувори сиёсии Пешвои миллат иртиботманд мебошанд.
Нашрияи «Бухорои шариф» нахустин нашрияе мебошад, ки дар ҳудуди Осиёи Марказӣ бо забони тоҷикӣ таъсис дода шуд. Пайдоиши нашрияи мазкур заминаи воқеӣ барои рушди матбуоти тоҷик буда, орзуву омоле, ки чандин даҳсола муассисони он дар дил мепарвариданд, дар охири асри XX ҷомаи амал пӯшид. Дар ин давра халқи тоҷик истиқлолияти комил ба даст овард. Дар ҷумҳурӣ ҳамасола 11 март ҳамчун Рӯзи матбуоти тоҷик бошукӯҳ таҷлил карда мешавад. Истиқлолияти кишварро наметавон бидуни фаъолияти ВАО тасаввур намуд. Дар замони ҷаҳонишавӣ, ки дар ҷаҳон  муборизаҳои геополитикию иттилоотӣ идома доранд, нақш ва вазифаҳои ВАО боз ҳам қавитар гашта, барои баланд бардоштани дараҷаи худшиносиву худогоҳии насли наврас нақши бориз мебозад. Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар суханронӣ дар маросими ифтитоҳи муассисаҳои давлатии телевизиони «Варзиш», «Синамо» ва Академияи воситаҳои ахбори омма дар  ин самт бамаврид таъкид кардаанд: «Махсусан, дар шароити мураккаби ҷаҳонишавӣ вазифаи шабакаҳои иттилотӣ зиёд гардида, масъалаи тарғиби фарҳанги миллӣ, расму оинҳои мардумӣ, ташвиқи андеша ва тафаккури миллӣ, тарбияи насли ояндасоз, риояи меъёрҳои  забони давлатӣ  ва ҳифзу асолату тозагии он рисолати муҳимми васоити ахбори омма ба шумор меравад».
Дарвоқеъ, Сарвари давлат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз рӯзҳои аввали фаъолият дар арсаи сиёсат таваҷҷуҳи махсус ба ВАО дошта, дар ин боб корҳои зиёдеро ба сомон расондаанд. Омили асосие, ки барои рушди ВАО мусоидат мекунад, озодии баён маҳсуб меёбад. Ин нукта дар моддаи 30-юми Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон таъкид шудааст: «Ба ҳар кас озодии сухан, нашр, ҳуқуқи истифодаи воситаҳои ахбор кафолат дода мешавад… Сензураи давлатӣ ва таъқиб барои танқид манъ аст». Маълум мегардад, ки моддаи мазкури конститутсия ба ҳар як шаҳрванд ҳуқуқи ба даст овардани иттилоъ, интишор ва паҳн намудани онро ба таври қонунӣ кафолат медиҳад. Дар асоси Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон даҳҳо қонуну санад ба тасвиб расидаанд, ки фаъолияти озодонаи ВАО дар кишварро таъмин менамоянд. Қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон  «Дар бораи матбуоти даврӣ ва дигар воситаҳои ахбори омма», «Дар бораи телевизион ва радиошунавонӣ», «Дар бораи табъу нашр», «Дар бораи иттилоотонӣ», «Дар бораи ҳуқуқи дастрасӣ ба иттилоот», «Дар бораи ҳифзи иттилоот», «Дар бораи реклама»  ва ғайра аз ҷумлаи онҳо мебошанд.
Воситаҳои ахбори омма дар ҳаёти ҷомеаи муосир нақши бузург дошта, ба ташаккули афкори ҷомеа таъсири амиқу муассир мерасонад. Дар ин самт дар суханронӣ дар маҷлиси тантанавӣ бахшида ба 100-солагии матбуоти тоҷик Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон таъкид намуданд, ки ВАО, хусусан, дар замони таҳаввулот ва тағйирёбии самтҳои рушди ҷомеа, бадалшавии идеологияҳо ва ташаккули диди нави иҷтимоӣ аҳамияти хоса пайдо мекунанд. Ҳама гуна ҷомеаи демократӣ, алалхусус, ҷомеаи кишварҳое, ки нав ба ин ҷода қадам гузоштаанд, ба воситаҳои ахбори омма ва фаъ-олияти пурсамари онҳо ниёзманд мебошанд. 
Сарвари давлат дар суханронӣ бахшида ба 100- солагии матуботи тоҷик (10 марти соли 2012) бори дигар таъкид намуданд, ки танқид ҳамчун падидаи созанда яке аз омилҳои асосии рушди ҷомеа мебошад, зеро озодии андеша, назари интиқодӣ ва таҳлилӣ ба далелу рӯйдодҳои ҷомеа боиси ошкор шудани нуқсу камбудиҳо ва ислоҳу пешрафти фаъолияти ин ё он соҳа мегардад. Гузашта аз ин, танқид ҳатто худи инсонҳоро дигар мекунад ва ба рушду камоли онҳо сабаб мешавад. Ин андешаи Пешвои миллат бори дигар собит месозад, ки Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз матолибу навиштаҳои журналистон дар ошкор намудани камбудиҳо истиқбол менамояд ва аз он ҳама мавод баҳри рафъи камбудиҳо истифода менамояд. Ин бори дигар далолат бар он дорад, ки Пешвои миллат ба сухани рӯзноманигорон арҷ мегузоранд. Фармони Президенти мамлакат «Дар бораи вокуниши шахсони мансабдор ба маводи танқидию таҳлилии воситаҳои ахбори омма»  шаҳодати гуфтаҳои болост. 
Маҳз бо сиёсати хирамандонаву дурандешонаи Пешвои миллат дар даврони истиқлолият журналистикаи тоҷик ҳам аз нигоҳи сифат ва ҳам миқдор рушд намуд. Агар дар солҳои аввали истиқлолият дар ҷумҳурӣ (соли 1991)  ҳамагӣ 139 адад рӯзномаву маҷалла (чор рӯзномаи хусусӣ ва як агентии иттилоотии давлатӣ) вуҷуд дошта бошад, имрӯз бино ба маълумоти Вазорати фарҳанги ҷумҳурӣ беш аз 500 расона ба қайд гирифта шудаанд, ки 75 фоизи онҳо ба бахши хусусӣ рост меояд. Аз 11 оҷонсии иттилоотии дар ҷумҳурӣ фаъолиятдошта 10 оҷонсӣ ғайриҳукуматӣ мебошанд. Соли 1991 як шабакаи умумии телевизионӣ амал мекард, имрӯз бошад, 8 шабакаи ҷумҳуриявии телевизионӣ – Шабакаи аввал, «Сафина», «Ҷаҳоннамо», «Баҳористон», «Синамо», «Варзиш», «Футбол», «Шаҳнавоз»  бо мазмуну муҳтавои гуногун, вобаста ба шавқи тамошобинон фаъолияти пурсамар доранд. Дар шабакаҳои мазкур барномаҳои рангин ба намоиш гузошта мешаванд, ки фазои иттилотии кишварро пурра менамоянд. Аз тамошои барномаҳои телевизион ба хулосае омадан мумкин аст, ки сол аз сол барномаҳо моҳиятан ва сифатан тағйир ёфта, журналистони касбӣ ба фаъолият фаро гирифта мешаванд ва метавонанд дар бархӯрдҳои иттилоотӣ кишвари азизамонро ҳимоят намоянд.
Имрӯз телевизионҳои давлатӣ бо системаи моҳвораӣ ва пахши рақамӣ гузашта, дар тарғиби ташвиқи фарҳанг ва зиндагии шоистаи мардуми тоҷик ба ҷаҳониён барномаву намоишҳои муҳим ва ҷолиб пешниҳод менамоянд. Дастрасӣ ба иттилоот бо истифодаи технологияи замонавӣ ҷузъи фарҳанги мардум ба ҳисоб меравад. Имрӯз қисми зиёди мардуми кишвар аз интернет самаранок истифода менамоянд. Дастрасӣ ба иттилоот ва истифода аз технологияи замонавӣ дар ҷумҳурӣ рушд намуда, имкониятҳое, ки мардуми ҷумҳурӣ доранд, дар дигар ҷумҳуриҳои Осиёи Марказӣ ба нудрат дида мешавад. Таваҷҷуҳи рӯзафзун ба техлогияи иттилоотию иртиботӣ низ аз сиёсати дурандешонаи  Пешвои миллат сарчашма мегирад. Мардуми кишвар бо истифода аз шабакаҳои интернетӣ метавонанд маълумоти ба худ заруриро дарёб намоянд. 
Дар самти радиошунавонӣ пешравиҳои ҷумҳурии мо бо ибтикори Пешвои миллат  ба сатҳи сифатан нав расидааст. Имрӯз Радиои «Тоҷикистон» 4 шабакаи радиоии ҷумҳуриявиро муттаҳид мекунад. Ба таъкиди муҳаққиқ Сангин Гулов, агар  то истиқлолият Радиои Тоҷикистон дар якҷоягӣ  бо Саридораи барномаҳои бурунмарзӣ дар як шабонарӯз 26 соат гуфтор дошт, пас, имрӯз аз тариқи шабакаҳои радиоӣ (ҳам ҳукуматӣ ва ҳам ғайриҳукуматӣ) дар як шабонарӯз  400 соат гуфтор пешниҳоди шунавандагон мекунад. Дар маҷмӯъ, дар Тоҷикистон беш аз 72 муассисаи телевизиониву радиоӣ фаъол буда, аз ин ҳисоб 11 телевизион ва 10 радио давлатӣ, 31 телевизион ва 20 радио ғайриҳукуматӣ мебошанд. Расонаҳои мазкур барои пурра кардани фазои иттилотии кишвар хидмат намуда, барои дар рӯҳияи худшиносиву худогоҳӣ, зебоипарастӣ ва фарҳангдӯстӣ  тарбияи кардани насли наврас ҳиссаи босазо мегузоранд. Ин нишондиҳандаҳо далолат аз он мекунанд, ки дар ҷумҳурии мо озодии баён таъмин гардидаву шароиту имкониятҳои мусоид ба таъсис додани шабакаҳои нави телевизиониву радиоӣ мавҷуд аст. Бар асоси таҳлилҳои созмонҳои байналмилалии журналистӣ собит гардидааст, ки Тоҷикистон дар масъалаи озодии баён дар радифи давлатҳои пешрафта қарор дошта, дар байни кишварҳои минтақа мақоми аввалро ишғол менамояд.
Ҳамчунин, дар замони Истиқлолияти давлатӣ Академияи воситаҳои ахбори омма ба фаъолият оғоз намуд, ки идомаи  мантиқии сиёсати хирадмандонаи Пешвои миллат мебошад. Академияи мазкур баҳри  баланд бардоштани сатҳи маҳорати касбии кормандони воситаҳои ахбори омма ва тарғибу ташвиқи фарҳангӣ миллӣ хизмати босазо дорад.
Бо ибтикори Пешвои миллат моддаҳои 135 ва 136-и Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки тибқи онҳо рӯзноманигорон барои таҳқиру туҳмат ба ҷавобгарии ҷиноятӣ кашида мешуданд, аз қонунгузории ҷиноятӣ ба қонунгузории гражданӣ гузаронида шуданд. 
Мувофиқи Амри Президент дар вазорату идораҳо, ташкилоту муассисаҳо ва мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ соле ду маротиба (оғоз аз соли 2009) нишастҳои матбуотӣ бо иштироки васеи журналистону коршиносон баргузор мегарданд. 
Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар замони ҷаҳонишавӣ вазифаҳои ВАО – ро равшану возеҳ нишон додаанд: «Манфиатҳои миллӣ тақозо мекунанд, ки воситаҳои ахбори омма ба сифати дастгоҳи тавонои иттилоотӣ дар муборизаи таҳмилии иттилоотӣ чун сипари боэътимоди халқу давлат хизмат намоянд, ба ҳифзи оромиву суботи ҷомеа фаъолона мусоидат кунанд ва эътимоди мардумро ба фардои нек таҳким бахшанд».
Бале, имрӯз вазифаи ВАО, пеш аз ҳама, ҳимояи манфиатҳои миллӣ, тарғиби фарҳанги миллӣ, густариш бахшидани худшиносиву худогоҳии наврасон ва муаррифи кишвари азизамон – Тоҷикистон ба ҷаҳониён маҳсуб меёбад. Президенти ҷумҳурӣ, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар суханронӣ дар маҷлиси тантанавӣ бахшида ба 100-солагии матбуоти тоҷик дар ин маврид бамавқеъ таъкид намудаанд: «Манфиатҳои миллӣ ва суботу оромии ҷомеа тақозо менамоянд, ки воситаҳои ахбори оммаи ватанӣ на танҳо дастгоҳи тавонои хабарӣ бошанд, балки дар муборизаи иттилоотӣ барои ҳифзи манфиатҳои миллӣ, алалхусус, амнияти давлат ва ҷомеа хизмат кунанд».
Пешравию комёбиҳои мазкур ва густариши журналистикаи тоҷик аз сиёсати хирадмандони Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон  шаҳодат медиҳанд.
Рӯзи матбуот ба кулли журналистони тоҷик фархунда бод!
Насриддин Охунзода