Пешвои сулҳофарини миллат

15-11-2018
Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Пре¬зиденти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо заковати фитрӣ ва нури хирад ҳамчун бунёдгузори тафаккури навини давлатсозии миллӣ бо азму ирода ва неруи созанда ба халқу Ватани маҳбубамон хизмати шоиста кард ва эътимоди мардуми кишварро соҳиб гардид. 
Шахсияти Эмомалӣ Раҳмон ҳамеша дар ягонагӣ ва садоқат ба мардум, таваҷҷуҳ ба гузаштаи таърихии халқ ва асолати фарҳангию маънавии миллӣ, ҳувият ва таҳкими давлатдории миллии тоҷикон пойдор гашта, дар моварои ходисаҳои сиёсӣ, иҷтимоӣ ва фарҳангии замон шуҳрат пайдо намуд.
Чеҳраи дурахшони сиёсатмадорӣ ва шахсияти Эмомалӣ Раҳмонро бе арзишҳои миллӣ, аз қабили истиқлолият ва ваҳдати миллӣ тасаввур наметавон кард. Зеро камолоти шахсият ва рисолати сиёсии ӯ парварда ва маҳсули ин арзишҳост. Ин абармард ба оини давлатдорӣ, меҳанпарастӣ, инсондӯстӣ ва покнажодии ниёгонамон меҳру садоқати беандоза дошта, сиёсати хирадмандона ва ҷовидонаи хешро андар тору пуди ин ғоя сириштааст. Таваҷҷуҳ ба шахсият, сарнавишти шахсони бузург ва гузаштаи таърихи халқ як шакли худшиносист, ки аз худшиносии шахс то ба дараҷаи  худшиносии миллӣ омада мерасад. Эмомалӣ Раҳмон зикр намудаанд: «Таърих оинаест, ки мо дар он мавқеи гузаштагонамонро дар масири таърих бо ҳама шаҳомат ва хорию зориаш дида, ба ҳусни фаъолияту корбарии ӯ сарфаҳм рафта, ба ин восита қадаме ба сӯйи хештаншиносӣ ва худогоҳӣ ниҳода, бо дидаи ибрат дурнамои кишвари худро муайян карда метавонем. Танҳо оинаи таърих пайванди моро ба гузаштагонамон қавӣ месозад, барои беҳбудии ояндаи ҷамъият ва ободии кишвар роҳ мекушояд».
Дар ҳама давру замон унсури маънавӣ дар шуури миллии мардум нақши муҳимми созанда ва бунёдгузорӣ дорад. Ин омил барои ба даст овардани истиқлол ва худшиносии миллӣ ва ҳамгироии омилҳои иҷтимоиву сиёсӣ заминаи мусоид фароҳам меорад ва пешрафти давлат ва бақову ҳастии онро таъмин менамояд. Барои ба даст овардан ва устувор гардондани ин ғояҳои олии сарнавиштсоз дар баробари истиқлолияти сиёсӣ, таъмини истиқлоли фарҳангӣ аз вазифаҳои муҳим ва пуршарафи зиёиёни эҷодкор мебошад. Ба қавли акаде¬мик Муҳаммадҷон Шакурӣ, истиқлоли фарҳангӣ ва бунёди маънавӣ шарти аввал дар таъмини бақои умри миллат аст. Истиқлоли фарҳангӣ роҳе ба сӯйи эҳёи миллӣ, расидан ба сатҳи ҷаҳонӣ буда, миллатро аз роҳи маънавият ба арсаи олам мебарорад.
Бузургӣ ва нубуғи сиёсатмадории Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат дар он зоҳир мегардад, ки захму ҷароҳатҳои ҷанги шаҳрвандиро бо тадбирандешию таҳаммулпазирӣ шифо бахшид. Ҳамеша, новобаста аз таъсири шадиди буҳронҳои молиявӣ, иқтисодӣ ва сиёсии ҷаҳон, ба таъмини амният ва шукуфоии кишвари маҳбубамон мусоидат намуд. Маҳсусан, дар ин даврон рушди босуботи соҳаи илму маориф ҳамчун самти афзалиятноки сиёсати иҷтимоӣ ва таъминкунандаи пешрафти ҷомеа ва давлат устувор гашт.
Мавзуна ҲУСЕЙНОВА,
муовини декан оид ба корҳои таълими факултаи молия ва иқтисодиёти бозор,
Донишгоҳи давлатии Хуҷанд  ба номи  академик Бобоҷон Ғафуров, 
Маратҷон ҶАББОРОВ,
донишҷӯи факултаи молия ва иқтисодиёти бозори донишгоҳи мазкур