ПЕШВОЗИ ҒОЛИБОНИ ОЛИМПИАДАИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ «TEENEAGLE»

07-07-2024
Дар Фурӯдгоҳи байналмилалии шаҳри Душанбе пешвози ғолибони Олимпиадаи байналмилалии «TEENEAGLE» аз фанни забони англисӣ сурат гирифт.
Хонандагони тоҷикро, ки дар ин Олимпиадаи байналмилалӣ сазовори 41 ҷойи ифтихорӣ гардиданд, роҳбарияти Маркази ҷумҳуриявии дарёфт ва рушди истехдодҳо, роҳбарон ва омӯзгорони муассисаҳои таълимӣ, волидайн ва намояндагони ВАО истиқбол намуданд.
Маврид ба зикр аст, ки рӯзҳои 23-30 июни соли 2024 дар шаҳри Лондони Шоҳигарии Британияи Кабир, Олимпиадаи байналмилалии «TeenEagle» аз фанни забони англисӣ баргузор гардид. Олимпиадаи мазкур аз рўйи 3 категорияи синнусолӣ ва 2 номинатсия доир гардида, байни хонандагони синфҳои 3-11 баргузор карда шуд. Дастаи мунтахаби Ҷумуҳурии Тоҷикистонро 46 нафар хонандагон аз муассисаҳои гуногуни таҳсилоти умумии ҷумҳурӣ муаррифӣ намуданд.
Аз рӯи номинатсияи «Малакаҳои қабулкунӣ» (шунавоӣ ва хониш) ҷойи якум 1 нафар, ҷойи дуюм 12 нафар ва ҷойи сеюм 12 нафар, дар номинатсияи «Малакаҳои истеҳсолӣ» (гуфтугӯӣ ва маҳорати навиштан) бошад, ба гирифтани ҷойи якум 2 нафар ҷойи дуюм 5 нафар ва ҷойи сеюм 9 нафар сазовор гаштанд, ки дар маҷмӯъ 41 ҷойи ифтихориро сазовор шуданд.
Олимпиадаи мазкур сатҳи миёна буда, ҳамасола дар кишварҳои гуногун аз ҷумла Шоҳигарии Британияи Кабир, Иёлоти Муттаҳидаи Амрико ва Малайзия барои дӯстдорони фанни забони англисӣ баргузор мегардад. Соли 2024 дар ин Олимпиада зиёда аз 2140 нафар хонандагон аз 846 муассисаҳои таълимии дунё ва 66 кишвари олам иштирок намуданд.