Пирӯзии ноширони тоҷик дар намоиши 3-юми байналмилалии китоби Авру-Осиё -“Eurazian book fair–2018”

30-04-2018
25-28-уми апрели соли равон дар шаҳри Остонаи Ҷумҳурии Қазоқистон Намоиши 3-юми китоби Евро-Осиё “Eurazian Book Fair–2018” баргузор гардид. Барои се нафар намояндаи Ҷумҳурии Тоҷикистон –устод Ато Ҳамдам (нависанда, ба намояндагӣ аз Иттифоқи нависандагон), Муҳсинҷон Исобоев (роҳбари ҶДММ “Ношир”, шаҳри Хуҷанд) ва банда Сироҷиддин Икромӣ (роҳбари КДТС “Китоб”-и Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон), ки ба ин маъракаи фарҳанги сатҳи байналмилалӣ даъват шуда будем, муяссар гардид, ки маҳсули дасти ноширони тоҷик (Сарредаксияи илмии энсиклопедияи миллии тоҷик, Муассисаи нашриявии “Ирфон”, ҶДММ “Ношир” ва ҶДММ “Эр-граф”)-ро ба маърази тамошои ҷаҳониён гузорем. Дар ин чорабинӣ ба намояндагӣ аз 20 давлат наз-дик ба 150 нашриёт ширкат варзид. Мо субҳи рӯзи 25-уми апрел  қабл аз маросими ифтитоҳи расмии Намоиши 3-юми китоби Евро-Осиё “Eurazian Book Fair–2018”  ғурфаи худро, ки дар қатори D, таҳти рақами 30 қарор дошт, бо китобҳои ноширони тоҷик, армуғонҳои муаррифи фарҳангу санъати миллатамон ва дирафши зебои давлати азизамон оройиш додем. Ҷиҳати тавсеаи ҳамкории фарҳангию адабӣ ва нашри китобҳои муштарак бо намояндагони Ҷумҳурии Белорус, Ҷумҳурии Арманис-тон, Ҷумҳурии Ӯзбекистон, Ҷумҳурии Қирғизистон, Ҷумҳурии Албаниё ва ғайра табодули афкор сурат гирифт.  
Дар шоми дӯстие, ки дар доираи Намоиши 3-юми китоби Евро-Осиё “Eurazian Book Fair–2018” сурат гирифт, нависандаи тоҷик, устод Ато Ҳамдам суханронӣ намуда, дар баробари сатҳи баланди намоиши китоб, муносиботи фарҳангии миёни тоҷикону қазоқҳо, ҳамчунин аз нахустширкати намояндагони Ҷумҳурии Ӯзбекистон ба ҳайси меҳмони ифтихорӣ дар ин намоиш ва аз хидмати мондагори сарвари ду давлат– Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва Президенти Ҷумҳурии Ӯбекистон, муҳтарам Шавкат Мирзиёев ҳарф зада, оғози муносиботи навини Тоҷикистону Ӯзбекистонро падидаи тозаи таърихӣ маънидод кард.
Ҳамчунин, дар чаҳорчӯби ин намоиш нишастҳои илмӣ ва муаррифии китобҳои тозанашр сурат гирифт, ки намояндагони кишвари мо ширкати фаъолона доштанд. Афзун бар ин, дар намоиш  барои 5 номинатсия ва Шоҳҷоиза баргузории озмун дар назар дошта шуда буд. Ба озмун наз-дик ба 100 китоб пешниҳод гардид. Маҳсули ноширони тоҷик мавриди таваҷҷуҳи хоса қарор гирифт ва дар номинатисия “Беҳтарин китоби дарсӣ” китоби  пешниҳоднамудаи ҶДММ “Ношир” (Осимова Б. ва Сангинова С. “Дастури таълими забони русӣ барои синфҳои 6-и мактабҳои тоҷикӣ”) ба Дипломи дараҷаи III, дар Номинатсияи  “Беҳтарин китоби кишваршиносӣ”  албоми Муассисаи нашриявии “Ирфон” бо номи “Тоҷикистон” ба Дипломи дараҷаи II, Дар номинатсияи “Фарҳанг ва санъат” маҳсули заҳмати Сарредаксияии илмии Энсиклопедияи миллии тоҷик барои “Донишномаи фарҳанги мардуми тоҷик дар 2 ҷилд” ба Дипломи дараҷаи I сазовор дониста шуданд. 
Бори аввал ноширони тоҷик – Сарредаксияии илмии Энсиклопедияи миллии тоҷик барои омодасозӣ ва ҶДММ “Эр-Граф” барои чопи “Донишномаи кӯдакон ва нав-расон” соҳиби 2 Шоҳҷоиза гардиданд. Нависандаи тоҷик  устод Ато Ҳамдам аз аҳли адаби ширкаткунанда дар намоиш ягона нафаре буданд, ки барои китоби “Спитамен” сазовори Дипломи махсуси чорабинӣ гардиданд. Ҳамчунин барои мусоидат ҷиҳати ширкати намояндагони Ҷумҳурии Тоҷикистон ва иштироки фаъолона Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон, Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон,  Корхонаи давлатии таъминот ва савдои “Китоб”, Сарредаксияии илмии Энсиклопедияи миллии тоҷик, Муассисаи нашриявии “Ирфон”, ҶДММ “Ношир” ва ҶДММ “Эр-граф” бо диплом қадрдонӣ гардиданд. 
Ноширони тоҷик дар маҷмӯъ бо 10 диплом ва 2 Шоҳҷоиза ба ватан баргаштанд, ки ин беҳтарин дастоварди онҳо дар даврони соҳибистиқлолиамон дониста мешавад. 
Сироҷиддин Икромӣ