Президенти Бонки исломии рушд бо унвони «Профессори фахрӣ»-и Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон сарфароз гардид

14-06-2024
Президенти Бонки исломии рушд доктор Муҳаммад Сулаймон Ал-Ҷассер ба Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон рафта, бо ҳайати профессорону омӯзгорони Донишгоҳ ва иқтисодшиносони мамлакат мулоқот намуд, хабар медиҳад АМИТ «Ховар» бо истинод ба Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон.
Меҳмони олиқадрро ректори Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон, профессор Убайдулло Асрорзода хайрамақдам гуфта, ба Президенти Бонки исломии рушд барои дастгирии сармоягузории бунёди Маркази рушди касбият ва хизматрасонии филиали Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон дар ноҳияи Данғара ба маблағи 5,3 миллион доллари амрикоӣ ва ворид намудани лоиҳаҳои нави донишгоҳ ба барномаи сармоягузории бонк миннатдории самимӣ баён намуд.
Дар идомаи мулоқот раёсати Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон барои ҳамкории пайваста ва саҳми арзанда дар рушди иқтисоди Ҷумҳурии Тоҷикистон ва дастгирии лоиҳаҳо дар самти таҳкими инфрасохтори Донишгоҳ Президенти Бонки исломии рушд доктор Муҳаммад Сулаймон Ал-Ҷассерро бо қарори Шурои олимони муассиса бо унвони ифтихории «Профессори фахрӣ»-и Донишгоҳ сарфароз гардонид.

АМИТ «Ховар»