«ПРЕЗИДЕНТИ МО – ИФТИХОРИ МО»

14-11-2018
14-уми ноябри соли ҷорӣ дар Донишкадаи ҷумҳуриявии такмили ихтисос ва бозомӯзии кормандони соҳаи маориф конференсияи ҷумҳуриявии илмӣ-назариявӣ дар мавзӯи «Президенти мо- ифтихори мо» баргузор гашт, ки дар кори он ректори муассиса, меҳмонону устодон ва кормандон иштирок намуданд.
Дар ифтитоҳ ректори Донишкадаи ҷумҳуриявии такмили ихтисос ва бозомӯзии кормандони соҳаи маориф Хоналӣ Қурбонзода баромад намуда, меҳмонон ва ҳозиринро ба ин санаҳои муҳим муборакбод намуд. Дар идомаи кори конференсия маърӯзаҳои О. Нурулло – вакили Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, муовини раиси Кумитаи МНМО ҶТ оид ба илм, маориф, фарҳанг ва сиёсати ҷавонон, Т. Валӣ – ёрдамчии судяи Суди Конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар мавзӯи «Заминаҳои ҳуқуқии таъсисёбии мансаби Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон», Т. Наҷмиддин – дотсенти кафедраи таърихи халқи тоҷики ДМТ дар мавзӯи «Пешвои миллат – Ассосгузор ва роҳбари сиёсати хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон», Ш. Абдураҳим – мудири бахши Дастгоҳи КИМ ҲХДТ дар мавзӯи «Нақши Президент ва ҷойгоҳи Тоҷикистон ва арсаи байналмилалӣ: Роҳкориҳо ва дурнамо» шунида шуд. Дар охир байни ҳизирин мубодилаи афкор доир гашт.
Саймуҳаммади ИЗАТУЛЛО-
корманди Маркази матбуоти 
Вазорати маориф ва илм